Маргу зиндагӣ. Пайомадҳои заминларза дар Туркия ва Сурия

Рӯзи 7-уми феврали 2023. Месут Ҳансер дасти духтари 15-солаашро доштааст. Ирмак дар ҷараёни зилзилаи пуршиддат дар Қаҳрамонмараши Туркия ҷон дод 

Як зан дар миёни вайронаҳо дар Ғозиёнтеп. Мақомот дар Туркия тахмин мезананд, ки бар асари заминларза 13,5 миллион нафар зарар дидаанд

Оҷонси ҳолатҳои фавқулодаи Туркия гуфт, дар заминларза ҳазорҳо кас ҷон бохт. Қисми дигаре дар зери вайронаҳо мондаанд. Нигарониҳо аз эҳтимоли афзоиши қурбониён зиёд аст. 

Ҳалаб, Сурия. Рӯзи 7-уми феврали 2023. Марде дар паҳлӯи ҷасади аъзои хонаводааш нишастааст

Африн, Сурия. Тифле, ки зери харобаҳои як бинои панҷошёна ба дунё омад, дар бемористон аст

Маъмурони наҷот дар Идлиби Сурия осебдидаҳо ва ҷасадҳоро аз зери харобаҳо берун меоранд


 

Сурия. Наҷотбахшон дар назди оташ гарм мешаванд. Онҳо ҳушдор додаанд, ки шумораи ҷонбохтагони заминларза афзоиш хоҳад ёфт. Ба сабаби вайронии роҳ ва сармо ҳанӯз кумакҳо нарасидаанд

Маъмурони наҷот дар Аданаи Туркия шабонарӯзӣ одамонро дар зери харобаҳо ҷустуҷӯ доранд

Наҷотбахшони Ҳолланд рӯзи 8-уми феврал тавонистаанд, ин зани туркро аз зери харобаҳо берун биоваранд 

Ихтиёриён (ризокорон, волонтёрон) ҳангоми ҷустуҷӯ ва наҷоти одамон дар Ҳатайи Туркия

Зане пас аз наҷот аз зери харобаҳо даргузашт 


 

Диёрбоқир, Сурия. Бо вайрон шудани хонаҳои зиёд, мардум маҷбур шудаанд, дар кӯчаҳо бихобанд

Мардум барои муайян кардани қурбониёни заминларза ба толори варзишии Қаҳрамонмараш рафтаанд 

Зане дар беруни толори варзишӣ гиря мекунад


 

Ихтиёриён (ризокорон, волонтёрон) дар Антакя, ҷануби Туркия, кумак тақсим мекунанд

Заминларзаи сахте, ки рӯзи 6-уми феврали имсол Туркия ва Сурияро такон дод, ҷони ҳазорҳо нафарро рабуд. Ҳазорҳо каси дигар дар зери харобаҳо мондаанд. Амалиёти наҷот ва ҷустуҷӯйи одамон дар ду кишвар идома дорад. Аксҳо баёнгари ҳоланд.