3 пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ба Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, ки дар авҷи пандемия бо эҳтимоли зиёд афзоиш ёфтааст, ёрӣ мекунад.

Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ бо номи "Тоҷикистон: Эҷоди муқовимат бо ифротгароӣ дар авҷи пандемияи COVID-19" рӯзи 14-уми декабр нашр шуд. Муаллифон гуфтаанд, баста шудани марзҳо ва бекор мондани ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар Русия ба иқтисоди кишвар зарба задааст ва он эҳтимоли афзоиши ифротгароиро ба вуҷуд овардааст.

Ба қавли муаллифон, бекорӣ эҳтимол рӯҳафтодагӣ, шаклҳои ифротгароии хушунатомез, табъизи ҷинсиро дар миёни гуруҳҳои, ба қавли Бонки Ҷаҳонӣ, осбепазир бештар кунад. Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, барномаҳоеро дар вилояти Хатлон ва Бадахшон, наздик ба марзи Афғонистон, амалӣ мекунад, ки ба коҳиши хушунат мусоидат мекунанд.

Дар ин замина се роҳро пешниҳод кардааст:

  • Барномаи пешгирии ибтидоӣ барои мардону занони ҷавоне тарҳрезӣ шудааст, ки ҳанӯз ифротгаро нашудаанд, вале ба мағзшӯӣ шудан осебпазир мебошанд. Ин барнома аз маҷмӯи тарҳҳои вижаи омӯзишӣ, ёриҳои равониву иҷтимоӣ, фароҳамсозии имкониятҳо барои фаъолияти кориву тиҷоратӣ иборат аст;
  • Барномаи марҳилаи дуюм барои ҷавононе тарҳрезӣ шудааст, ки алакай ифротгаро шудаанд. Ин барнома ба тағйири дубораи зеҳн ва мафкураи онҳо тамаркуз мекунад, то ба онҳо кумак кунад, ба оянда ва имконоти мусбате, ки метавонанд дар зиндагӣ дошта бошанд, эътимод пайдо кунанд. Дар ин барнома ёрии ҷомеа, мактаб ва ниҳодҳои маҳаллӣ муҳим аст;
  • Барномаи пешгирӣ дар марҳилаи сеюм аз ҳамкорӣ ва эҷоди бовари бештар миёни мақомоти расмӣ, полис ва шахсони бонуфузи ҷомеа иборат аст ва ҳадафи он таҳкими имкониятҳои ҷомеа дар ростои хатарҳои эҳтимолии хушунат дар оянда аст.

"ВАҚТЕ ОДАМ БЕКОР ВА ДАР ХОНА АСТ..."

Рустам Азизӣ

Рустам Азизӣ, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон пайваста хатари ифротгароиро ҷиддӣ мегирад ва дар ин самт бо ниҳодҳои байналмилалӣ омодаи ҳамкорӣ аст. Ӯ рӯзи 15-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "воқеан, хатари ифротгароӣ дар замони пандемия бештар шудааст, чун мубаллиғони тундрав аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода карданд."

"Вақте одам бекор аст ва дар хона менишинад, зуд ба ин ақидаҳо дода мешавад. Таҳқиқҳои охир нишон дод, ки фаъолияти интернетии мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ дар ин давра ба маротиб зиёд шудааст", -- шарҳ дод ӯ.

Рустам Азизӣ мегӯяд, аксар пешниҳодҳое, ки Бонки Ҷаҳонӣ кардааст, дар барномаҳои ҳукуматӣ низ ҷой доранд. Таҳлилгари тоҷик, Қосими Бекмуҳаммад, ба ин назар аст, ки танҳо омилҳои иқтисодӣ, ки ба фақру бекорӣ мебаранд, боиси рӯ ба ифротгароии динӣ овардани ҷавонон намешавад.

"БАРНОМАҲОИ МУБАЛЛИҒОНРО БОЯД БА НАЗАР ГИРИФТ"

Ӯ аз ҳодисаҳои кишварҳои Ховари Миёна ва Афғонистон мисол овард, ки ба қавлаш, нишон медиҳад, дар миёни гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ бахши бештари он касоне ҳастанд, ки собиқаи таҳсилоти олӣ ва ҳам кор доштаанд: "Роҳкорҳои пешниҳодии Бонки Ҷаҳонӣ ниёзҳое ҳастанд, ки метавонанд, барои коҳиши мизони фақр кумак кунанд. Ба сурати табиӣ ба коҳиши сатҳи ифротгароӣ то андозае кумак хоҳад кард, аммо ба сурати умум бояд ҳамеша барномаҳои мубаллиғонро дар назар гирифт, ки аз чӣ роҳе ҷалб мекунанд", -- гуфт Қосими Бекмуҳаммад.

Қосими Бекмуҳаммад

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, ҳукумат ҳамеша бо зӯр ба зидди ифротгароӣ мубориза кардааст ва ин роҳро барои саркӯби дигарандешон низ истифода бурдааст.

Ба назари Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, "бузургтарин омиле, ки тоҷикистониёнро ба ифротгароӣ мерасонад, набудани шароиту фазои озод барои зиндагии худкифо мебошад."

ЧИРО БОЯД ИСЛОҲ КУНАНД?

Ӯ мегӯяд, бештар дар Тоҷикистон аз ифротгароии динӣ нигаронӣ мекунанд, ки намунааш дар пайвастани гуруҳе аз ҷавонон ба сафи Толибон дар Афғонистон дида шуд: "Ҳанӯз ҷое нашунидам ё нахондам, ки ҳукумат барои тағйир ва беҳбуди вазъ дар замони пандемия кори баманфиат анҷом дода бошад. Баръакс, набуди барқ дар оғози фасли сармо, болоравии нархи маҳсулоти хӯрокӣ ва ҳамчунин эҷоду тундшавии баҳсҳо дар масоили динӣ боиси эҷоди сабабҳои рӯ овардан ба ифротгароӣ ва ҳарҷу марҷ дар ҷомеа шудааст", -- гуфт Зеварбону Рауфӣ.

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, дар сурати фароҳам наовардани озодиҳои динӣ ва беҳтар накардани шароити зист ин вазъ метавонад "ба таркиши иҷтимоӣ ва хушунат расонад". Вай мегӯяд, "бо зӯргӯӣ ва фишор наметавон ба зидди ифротгароӣ коре кард. Ҳукумат ва масъулин бояд ҳар чи зудтар роҳҳои сабук кардани зиндагии аҳолӣ, чӣ аз лиҳозӣ молӣ ва чӣ маънавиро фароҳам оваранд."

Зеварбону Рауфӣ

Тоҷикистон солҳо боз эълон кардааст, ки бо ифротгароӣ мубориза мебарад. Мунтақидон мегӯянд, дар аксар маврид мақомоти тоҷик бо баҳонаи ифротгароӣ мухолифонро саркӯб мекунанд. Далелашро дар он мебинанд, ки аксар аъзои ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва созмони “Гурӯҳи 24” бо иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм ҷустуҷӯ мешаванд. Иттиҳоме, ки мухолифон қабул надоранд.

Мунтақидон мегӯянд, ҳукумат бо ифротгароии воқеӣ муборизаи ҷиддӣ набурд ва ин боис шуд, ки беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои пайвастан ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.