СҲШ: Ситезаҷӯён ба марзҳои мо роҳ нахоҳанд ёфт

Муқовимат бо густариши фаъолияти “Давлати исломӣ”, таҳдиди ин ва дигар гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар меҳвари нишасти сарони ин созмон дар шаҳри Уфаи Русия хоҳад буд.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз доман кашидани нооромиҳои Ховари Миёна то ба қаламраваш бо ҳар роҳу васила ҷилавгирӣ хоҳад кард. Сергей Караганов, раиси Шӯрои сиёсати хориҷиву мудофиаи Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 июл гуфт, гурӯҳи “Давлати исломӣ”, барангезандаи аслии нооромиҳо дар Сурияву Ироқ ва Либия, барои Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Чин аз “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” дида хатари бештар дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар толору долонҳои нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Уфа шурӯъ мешавад, сухан бештар аз ин гурӯҳи терррористӣ ва бӯҳрони амниятии Афғонистон равад.

Чинг Гио Пинг, муовини вазири умури хориҷаи Чин ҳам рӯзе пеш дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки баъд аз зуҳури “Давлати исломӣ” Афғонистон бо сарнавишти мубҳами амниятӣ дучор шудааст ва дар саммити Уфа посухи суолеро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ки бо бӯҳрони феълии Афғонистон бояд чӣ бархӯрд сурат бигирад.

Сергей Караганов

Кремл дар бораи мавзӯъҳое, ки дар саммити СҲШ баррасӣ мешаванд, ҷузъиёт надодааст. Дар як хабари расмӣ фақат омадааст, ки дар нишасти Уфа баррасии масоили марбут ба рушди созмон, таҳкими нақшаш дар саҳнаи байнулмилалӣ, жарфтар шудани ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳои узв дар мавзӯъҳои ҷаҳониву минтақаӣ ва имзои санадҳои зиёде, аз ҷумла, Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025 пешбинӣ шудааст.

АШРАФ ҒАНӢ: БА МО ҲАВОПАЙМОҲОИ ҶАНГӢ ДИҲЕД

“Давлати исломӣ” барои Афғонистон дарди сари ҷиддӣ эҷод кардааст ва Кобул илоҷи рафъи ин дардро меҷӯяд. Саидаҳмад Наҷиб, сиёсатшиноси афғон мегӯяд, дар маҳофили Афғонистон имрӯзҳо сӯҳбат сари дархости раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ барои кӯмаки низомӣ аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз тақвияти ҳузури гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар кишвар аст. Бино ба хабарҳо, Афғонистон аз ин кишварҳо хостори дар ихтиёраш гузоштани дасти кам 50 ҳавопаймои ҷангиву боркаш, тонку зиреҳпӯшҳо, силоҳи сабук ва дигар таҷҳизоту лавозимоти низомӣ шудааст. Ниҳодҳои давлатии Афғонистон то ҳол ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд. Аммо, ба гуфтаи сиёсатшиноси афғон, яқинан раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ дар нишасти Уфа фақат нозир нахоҳад буд - қарор аст, ки ӯ дар пойтахти Бошқирдистон бо раисиҷумҳури Русия дидору гуфтугӯ кунад ва шояд ба ҷуз аз тарҳи CASA-1000 мавзӯи кӯмаки низомиро ҳам матраҳ намояд.

Таркиш дар Кобул, ки масъулияташро "Давлати исломӣ" бар ӯҳда гирифт

Аммо Сергей Караганов аз сӯи Маскав билофосила ва бидуни тасмими сиёсӣ ба Кобул фурӯхтани ҳавопаймоҳову тонку зиреҳпӯшҳоро зери суол мебарад. Дар сурати дастрас шудани дархости Кобул мутахассисон, албатта, онро баррасӣ хоҳанд кард, аммо, аз нигоҳи сиёсатшинос, он нукта ба инобат гирифта мешавад, ки мабодо ин ҳама силоҳу техника фардо ба дасти ситезаҷӯён бирасад. "Аз ин пештар мо шоҳиди он будем, ки ҳамкорони амрикоии мо афғонҳоро бо техникаи низомӣ таъмин карданд ва билохира ин техника ба дасти душманони ҳукумат уфтод". Ин барои Русия сабақ шудааст ва аз ин рӯ, мо мебинем, ки техникаву силоҳи ҳарбиро ба киҳо ва бо кадом шарту шароит фурӯшем... Мо як чизро ҳам бояд дар назар дошта бошем, ки оё ҳукумати марказии Кобул тавони ҳифзи қудраташро дорад ё ин кишвар дар оянда ба чанд минтақаи бо ҳам душман тақсим хоҳад шуд”, мегӯяд сиёсатшиноси рус.

Алексей Малашенко

Аз нигоҳи Алексей Малашенко, як тан аз масъулини Маркази Карнеги дар Маскав, Кремл ҳам сари мавзӯи фурӯхтан ё нафурӯхтани силоҳу техникаи низомӣ ба Афғонистон андеша мекунад, кишварҳои Осиёи Марказӣ бошанд худ ба таври кофӣ ҳавопаймову чархболҳои низомӣ надоранд, ки онро дар ихтиёри давлати ҳамсоя гузоранд. Аммо вазъ дар Афғонистон воқеан ҳам сангин аст ва агар онро ба ҳоли худ гузоранд, мусаллаҳони “Давлати исломӣ” ҳамроҳ бо бахше аз ситезаҷӯёни “Толибон” метавонанд, ки кишварро “зери по” кунанд ва ин ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Чин, ки дар ғарбаш уйғурҳои мусалмон ба сар мебаранд, бетаъсир нахоҳад монд, мутмаин аст Алексей Малашенко.

Як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар нишасти Уфа таваҷҷӯҳро рӯи авзоъ дар Афғонистон ва таҳдиди ситезаҷӯёни толибу гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ ҷалб мекунад ва хостори мусоидати бештар дар таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мешавад. Айни ҳол садҳо мусаллаҳи ин гурӯҳҳои тундрав чандин мавзеъ дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Кундуз, Фарёб ва Бодғиси Афғонистонро, ки бо Тоҷикистону Туркманистон ҳаммарзанд, ишғол кардаанд.

КЛУБИ ҲАМПАЙМОНҲОИ ПУТИН”

Баъзе таҳлилгарон нишасти Уфаро нишасти “клуби ҳампаймонҳои Путин” ном ниҳоданд, зеро қарор аст, ки ҳамзамон дар пойтахти Бошқирдистон раҳбарони гурӯҳи БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) ҳам ҷаласаи худро доир кунанд. Барои нахустин бор дар долонҳои нишасти аслӣ баргузории мулоқоти ғайрирасмии сарони се ниҳод – Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё, гурӯҳи БРИКС ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой тарҳрезӣ шудааст.

Сарони гурӯҳи БРИКС ҳам дар Уфа ҷамъ меоянд

Алексей Малашенко мегӯяд, Путин мехоҳад, ки бо таъсиси иттиҳодҳои хурду бузург бо кишварҳои гуногун ба Русия мақоми давлати абарқудратро баргардонад. "Ба ин восита Путин гуфтан мехоҳад, ки Ғарб барои Маскав чандон муҳим нест ва Русия метавонад на фақат дар Ғарб, балки дар дигар нукоти олам ҳам нақши яке аз абарқудратҳоро иҷро кунад". Ва расонаҳои русӣ ҳам албатта, ғайрирасмӣ, ба ин таъкид мекунанд", - мегӯяд Алексей Малашенко, "ҳарчанд дар асл ин тавр нест ва ин фақат як рӯъёи Путин аст".

Таҳлилгарон мегӯянд, ин нишаст шояд баъдан барои он “таърихӣ” ном бигирад, ки дар Уфа раванди вуруди ду кишвари нозир - Ҳиндустону Покистон ба созмон шурӯъ мешавад. Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия, ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки Эрон ҳам чун Ҳиндустону Покистон хостори вуруд ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шудааст. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, ки масъалаи узвияти Эрон баъд аз лағви таҳримҳои байнулмилалӣ ба думболи имзои созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон баррасӣ шавад.

Ба иттилои Кобул, Ашраф Ғанӣ ҳам дар нишасти Уфа хостори узвияти комили Афғонистон дар ин созмон хоҳад шуд.

Ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомиланд. Панҷ кишвар – Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон ва Афғонистон айни ҳол мақоми нозир дар ин созмонро доранд. Деҳлӣ ва Исломобод моҳи сентябри соли гузашта расман барои вуруд ба ин созмон ариза доданд.