Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки сабаби беҳушшавии 27 хонандаи мактаби деҳаи Чаргии ноҳияи Мӯъминобод маълум нашудааст. Нисфирӯзии 5-уми апрел ба якборагӣ хонандаҳои синфи 5 ва 7-и ин мактаб беҳуш шуданд.
Комиссияи вижае, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса рафтааст, мегӯяд, ҳанӯз сабаби беҳушшавӣ маълум нест.
Зоҳиршоҳ Ишратов, як масъули сарраёсати Идораи вогиршиносии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхиси фаврии хуни кӯдакон нишон дод, ки онҳо аз кадом ғизо ё маводи кимиёӣ заҳролуд нашудаанд. Ин масъули Вазорати тандурустӣ гуфт, пас аз дастрас кардани хабари беҳушшавӣ фавран комисияи вижа таъсис ёфт ва онҳо ба ин деҳа сафар карданд.
"Ҳамроҳ бо мутахассисони заҳршинос (токсиколог) бегоҳ ба ин деҳа расидем ва ин ҷо ҳастем. То ҳол ба мо маълум шуд, ки аз ғизо, алаф ва маводҳои кимиёвӣ заҳролуд нашудаанд. Ҳоло дар ин 27 кӯдак ягон аломати шикамравӣ, қайдкунӣ, бемадорӣ ва дигар аломатҳои хоси заҳролудшавӣ, дида намешавад. Сабаби беҳушшавии онҳоро таҳқиқ дорем",-гуфт ӯ.
Шоҳидон мегӯянд, беҳушшавиии хонандагон ҳангоме оғоз шуд, ки онҳо дар дохили синфхонаҳо дарс мехонданд. Парвизи Хусрав, хонандаи синфи 5-и мактаби деҳаи Чаргии Мӯъминобод аввалин наврасест, ки ба ҳолати беҳушшавӣ дучор шудааст. Парвиз рӯзи 6-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте барои посух додан ба дарс аз ҷой баланд шуд, сараш чарх зад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Сарам чарх зад ва дилам беҳузур шуд. Маро ба утоқи алоҳида бурданд. Аз паси ман 9 ҳамсинфи дигарамро низ оварданд. Баъд ҳамин тавр моро духтур бурданд. Дар он ҷо панҷ-шаш соат истодем. Ҳоло ҳолатам хуб аст, дар хона қарор дорам",-гуфт Парвиз.
Масъулони мактаб мегӯянд, пай дар ҳам ба чунин вазъ афтодани кӯдакон онҳоро нигарон кард ва фавран бо пизишкон тамос гирифтанд. Басбӣ Самадова, мудири мактаби рақами 23 гуфт, нисфирӯзии 5-уми апрел вақте як хонандаи синфи ҳафтум бемор шуд, онро маъмулӣ пиндоштанд, вале баъдан ин ҳолат дар дигар хонандаҳо низ такрор шуд.
Вай дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки вақте як хонанда беҳуш шуд, ӯро ба синфхона бурда об ва дору доданд, ки каме ба ҳуш омад, аммо ҳанӯз каме меларзид. Ҳамин тавр, ба гуфтаи Самадова, кӯмаки аввалияи худро расонданд ва масҳи бадан намуданд ва ин талаба ба худ омад.
Басбӣ Самадова афзуд, ки аз миён 20 дақиқа нагузашта буд, ки кӯдакони дигарро бо ҳамин ҳолат ба идораи ӯ оварданд ва маҷбур шуданд, ки табиби деҳаро даъват кунанд. Сипас ва кумтаи падарум модарон ва вакилони деҳаро даъват намуда ва онҳоро дар ҷараён гузоштанд.
Комиссияи вижае, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса рафтааст, мегӯяд, ҳанӯз сабаби беҳушшавӣ маълум нест. Ду соли пеш низ беҳушшавии хонандаҳо дар деҳаи Хайркорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сабт шуда буд. Баъдан, маълум карданд, ки онҳо аз заҳрдоруе, ки алайҳи ҳашарот дар мактаб пошидаанд, заҳролуд шудаанд.