Боздошти як омӯзгор бо гумони "бадахлоқӣ" нисбат ба шогирд

Акс аз бойгонӣ

Як омӯзгор дар Истаравшан бо иттиҳоми “ҳаракатҳои бадахлоқона” нисбат а як хонандаи синфи 8 боздошт шудааст. Гуфта мешавад, алайҳи ин омӯзгор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри матлабе таҳти унвони “Бадахлоқии омӯзгор” дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки «санаи 27 ноябри соли ҷорӣ, зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаҳрванд М. С. соли таваллудаш 1977, омӯзгори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Истаравшан аз моҳи октябри соли 2013 то инҷониб дидаю дониста, нисбати ноболиғ Д. Г. соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 8 ҳаракатҳои бадахлоқона содир намудааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот давом дорад.»

Исми ин омӯзгор ва маҳалли ҳодиса ғолибан ба далоили ахлоқӣ нашр нашудааст. Аз омӯзгор танҳо “М.С., соли таваллудаш 1977” ва аз қурбонии ”ҳаракатҳои бадахлоқона”-и ӯ низ танҳо “ноболиғ Д. Г. соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 8» ном бурдаанд.

Гуфта мешавад, алайҳи ин омӯзгор парванда кушодаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Тибқи қисми 2-юми моддаи 142-юми Кодекси ҷиноятиии Тоҷикистон, «анҷом додани ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахсе, ки баръало ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаҳои 138, 139 ва 140 ҳамин Кодекс, агар... в) аз ҷониби падару модар, омӯзгор ё дигар шахси вазифаи тарбиявӣ ба зиммаашон гузошташуда... содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.»

Кадом омори дақиқе дар бораи теъдоди ноболиғони мавриди бадрафтории ҷинсӣ қароргирифта дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Дар соли 2011 мақомоти қабулгоҳи муваққатии ноболиғони хадамоти пешгирӣ аз ҳуқуқвайронкунии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфта буданд, ки танҳо дар ин қабулгоҳ дастикам 7 ноболиғе, ки мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд, сабти ном шудаанд.

Аммо гуфта мешавад, ки шумори воқеъии қурбониёни ноболиғи озору бадрафториҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон ба маротиб бештар аст, вале дар шароити ҷомиаи муҳофизакори Тоҷикистон фош шудани чунин ҳолатҳо пеш аз ҳама худи қурбонии чунин хушунатро бадном мекунад ва аз ин рӯ, дар бештари ҳолатҳо духтарони ноболиғе, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, барои шармсор нашудан ё аз бими муҷозоти волидон ё низоъҳои хонаводагӣ, мавриди таҷовуз ӣ озори ҷинсӣ қарор гирифтанашонро ҳатто ба волидони худ намегӯянд.

Аммо боздошти як омӯзгор дар Истаравшан бо гумони анҷоми "ҳаракатҳои бадахлоқона" нисбат ба шогирди ноболиғаш зоҳиран аз нахустин мавридҳои расонаишудаи ба шогирдаш даст дароз кардани як омӯзгор дар мактабҳои Тоҷикистон мебошад.

То кунун аз тариқи Интернету баъзан ҳатто аз минбари телевизионҳои давлатӣ бештар дар бораи «бадахлоқӣ»-ҳои рӯҳониён бо иловаи наворҳои пур аз фаҳш матлабҳо нашр мешуд.

Ва дар ҳоле ки бархе нашри чунин наворҳоро талоши ҳадафмандона барои рехтани обрӯи қишри рӯҳонӣ меномиданд, гурӯҳи дигар мӯътақид буданд, ки чунин фошкориҳо барои пок кардани ин қишр аз афроди бадахлоқ як амри лозим аст. Тарафдорони ақидаи дуюм аз ҷумла ба таҷрибаи ҷаҳони масеҳӣ ишора мекарданд, ки тайи солҳои охир шоҳиди моҷароҳои зиёди марбут ба бадрафториҳои ҷинсӣ ва ҳатто ошкор шудани як силсила мавридҳои бачабозии рӯҳониёнаш шуда буд.