Барканории мудири интернат пас аз марги Зиёдбек

Баъди кушта шудани як тарбиягирандаи мактаб-интернати барои ятимон ва кӯдакони хонаводаҳои камбизоат дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд, мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон, мудири ин муассисаро аз мақомаш сабукдӯш кардаанд.

Дар шӯъбаи маорифи вилояти Суғд рӯзи 27-уми январ хабар доданд, ки Гулнора Мадаминова барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа аз мақомаш барканор шуд.

Зиёдбек Ҷўраеви 17-сола ва Эраҷ Исоеви 16-сола, ду шогирди мактаб интернати Чкаловскро шаби 15 ба 16 январ ҳангоми дуздӣ дар бозори “Назари нек”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, посбонон ва раиси бозор дастгир карда ва ҳардуро ба ҳадде латукӯб кардаанд, ки Зиёдбек дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд ва Эраҷ Исоев ҳанӯз дар шифохона табобат мегирад.

Мақомоти интизомӣ бар зидди Рустам Ҷӯраеви 38-сола, раиси бозори “Назари нек”, ки мардумро ӯро Ҳоҷӣ Рустам ном мебаранд ва Аҳлиддин Файзиев - сардори хадамоти бехатарӣ ва Бобурҷон Юсупов - посбони бозор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, шогирдони мактаб - интернати шаҳри Чкаловск нимашаб дари мағозаи хӯроквории "Сабрина" дар канори ин бозорро шикаста ва аз хазинаи он 386 сомониро дуздидаанд. Аммо ба дасти посбонону раиси бозор афтодаанд ва ба гуфтаи мақомот ин афрод ба сари Зиёдбек ва Эраҷ бо пояи миз ва чароғи оҳанин кӯфтаанд, ҳарчанд метавонистанд, ноболиғонро ба дасти пулис супоранд.

Зиёдбеки 17-сола то расидани маъмурони пулис дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст ва Эраҷи 16-сола осеби мағзи сар бардоштааст. Ба эътирофи худи муттаҳамон ба ҷиноят, ин наврасон ҳангоми латукӯб шуданашон зорӣ мекарданд, ки гурусна мондаанд ва барои сер кардани шиками гуруснаашон ба дуздӣ даст задаанд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар дод, ки Зариф Ализода, омбудсмени кишвар, парвандаи мазкурро зери назари худ гирифтааст. Бино ба ин хабар, Эраҷ Исоев дар беморхона бистарӣ аст ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бо сару либоси зарўрӣ ва доруворӣ таъмин карда шудааст. Азбаски мағзи Эраҷ осеб дидааст, барои ташхиси ӯ невропатолог ва ё табиби асабшиносро ҳам даъват кардаанд.

Дар мактаб-интернати шаҳри Чкаловск 119 бепарастору ятим зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Таҳсили 86 нафари онҳо дар мактаби рақами 3 - и шаҳри Чкаловск ҷараён мегирад ва бачаҳо баъди дарс ба интернат бармегарданд. Ба гуфтаи масъулони ин муассиса, шабона бачаҳоро мураббиён ҳамроҳӣ мекунанд.

Посбонҳои муассиса, ки ба навбат шабонарӯзӣ кор мекунанд, танҳо масъулияти ҳифзи утоқҳову ошхона ва дигар дороии муасссиаро бар дӯш доштаанд. Як посбони массиса ба Радиои Озодӣ гуфт, масоҳати интернат калон аст ва бачаҳои калонсолтар метавонанд аз девори бетонӣ ба кӯча фирор кунанд ва зоҳиран Зиёдбек ва Эраҷ ҳамин корро карда ва ба дуздии бозор рафтаанд. Аз дасти раиси бозор ва фарди эътиқодманде, ки ба зиёрати Ҳаҷ рафтааст, кушта шудани як ятими бекас, сарусадои зиёдероро дар ҷомиа барангехт.