Дар филми бисёрсериягии “Гулчатай”, ки ахиран аз тариқи телевизиони Русия пахш шуд, нақши асосиро тоҷикдухтар Сайёра Сафарӣ бозидааст.
Ҳаводорони филм дар шарҳҳои интернетиашон ӯро “фариштаи пок”, “зебосанам”, “ҳунарманди беҳамто” сифат додаанд. Гулчатай – аввалин нақши бузурги ҳунарпешаи 21-солаи тоҷик Сайёра Сафарӣ аст. Дар филм қиссаи ишқи як сарбози рус ва духтари деҳотии шарқӣ бозгӯ мешавад. Ишқе, ки ибтидо дар русто ва баъдан дар шаҳри бузург ба озмоишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад. Филми таҳиягари рус Роман Просвирнин паёмест, ки дар ҳар маконе одамони неку бад зиёданд ва ишқ марз надорад ва нажоду мазҳабро намеписандад.
“Ман аз аввал нақши Гулчатайро иҷро карданӣ набудам, зеро бештар рӯи намоишномаи дипломӣ тамаркуз мекардам”, мегӯяд Сайёра дар як сӯҳбати телефониаш бо радиои Озодӣ. Сайёра мегӯяд, даъвати ӯ барои бозӣ дар ин филм ба даврае мувофиқ омад, ки ӯ дар донишгоҳи театрии ба номи Шепкини Маскав имтиҳон месупурд. Сайёра мегӯяд, бо ҳамсабақонаш рӯзона ба тамрини намоишномаи театрӣ машғул буданд ва то нимашаб ба имтиҳон омодагӣ мегирифтанд. “Аз сӯи дигар, барои иҷрои нақши Гулчатай чунон номзад зиёд буд, ки ба интихоб шуданам ҳеҷ бовар надоштам,” – мегӯяд вай.
Баъд аз озмоиши аввал ба ӯ аз гурӯҳи эҷодӣ чанд бор занг заданд ва аммо Сайёра нарафт, зеро имтиҳони ҷиддӣ аз сахтгиртарин устоди донишгоҳ дар пеш буд. Фақат баъд аз он имтиҳон хаставу бо чашмони аз бехобӣ сурхшуда ба студия рафт, бехабар аз он ки дар дафтар на ёари таҳиягар, балки худи таҳиягар Роман Просвирнин нишастааст. Сайёра мегӯяд, ки “ман духтари хушхулқу тарбиятдида ҳастам ва аммо он рӯз шояд аз хастагии зиёд буд, ки бо он мард бархӯрди дурушт кардам”. Аммо Роман Просвирнин наранҷид ва Сайёраро ба озмоиши дуввуму сеюму чаҳоруму панҷум даъват кард. Баъди анҷоми кастинг таҳиягар иқрор кард, ки Сайёраро дар ҳамон озмоиши аввал ба ҳайси иҷрокунандаи нақши Гулчатай пазируфта буд.
Баъзе саҳнаҳои филм бояд дар Ӯзбакистон навор бардошта мешуд, вале Тошканд бо кадом баҳонае аъзои гурӯҳи эҷодиро ба кишвар роҳ надод ва онҳо маҷбур шуданд, ки дар як деҳаи ӯзбакнишини вилояти Шимкенти Қазоқистон саҳнаҳоеро наворбардорӣ кунанд. Сайёра мегӯяд, ки муҳити деҳа барояш ошно буд ва он ҷо дар сӯҳбат бо “гулчатайҳои” маҳаллӣ образи қаҳрамонашро такмил мекард.
http://www.youtube.com/embed/70CO18h3A9M
Қаҳрамони филм духтари оддӣ, поку беолоиш, хизматгузору меҳрубон ва вафодор аст. Сайёра иқрор мекунад, ки иҷрои нақш барояш осон набуд, шояд барои он ки бори аввал нақши асосиро меофарид. Гулчатай пайваста гиря мекунад ва аз ин рӯ дар тамрин оби чашмонаш аз ашк хушк мешуд, вале таҳиягар боз мехост, ки ӯ гиря кунад. Аммо, ба гуфтаи наворбардор Кирилл Зоткин, “баъди нидои “Мотор!” Сайёра тағйир меёфт, дар ҷои зарурӣ ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд ва саҳнаро тарзе бозӣ мекард, ки аксар вақт ҳоҷат ба навори такрорӣ намемонд”.
Дар филми “Гулчатай” ҳунарпешаҳои маъруфи русӣ, мисли Ирина Розанова, Тамара Сёмина, Наталия Рудова, Наталия Солдатова ва дигарон нақш офаридаанд. Филми “Гулчатай”-ро аввал дар Украина тамошо карданд, зеро онро қабл аз ҳама як гурӯҳи продюсерии он кишвар харид. Сайёра мегӯяд, филм дар Русия дертар ва шабона намоиш дода шуд ва ӯ мутмаин буд, ки онро одамони кам тамошо мекунанд. Аммо рӯзе соати чаҳор шаб продюссери филм ба ӯ занг зада табрикаш кард ва гуфт, ки ягон сериал дар Русия то ҳол ин гуна тамошобини зиёд надошт... Ба гуфтаи Сайёра, аз комёбии филм қабл аз ҳама волидайнашро огаҳ кард, зеро мегӯяд, ин нақшро ба хотири онҳо бозидааст.
Сайид Сафаров, падари Сайёра, дар бораи то куҷо комёб шудани духтараш дар офаридани нақш ҳарф намезанад, зеро мутмаин аст, ки дар арзёбияш эҳсос боло мегирад. Аз нигоҳи ӯ, як ҷиҳати мусбати филми “Гулчатай” ин аст, ки таҳиягар барои аз байн бурдани таассуроти манфӣ дар бораи тоҷикон талош кардааст. Падари Сайёра мутмаин аст, ки “нақши Гулчатайро фақат духтари маҳаллии тоҷик метавонист самимиву боварибахш офарад, агар онро бар ӯҳдаи як ҳунарманди рус мегузоштанд, ин қадар табиӣ баромаданаш гумон буд”.
Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ҳарчанд бозии Сайёраро дар “Гулчатай” “олиҷаноб” мехонад, мегӯяд, ки аз баъзе саҳнаҳои филм хушаш наомадааст. “Филм сохтакорӣ дорад, ин, албатта, айби филмнавис ва таҳиягар аст, масалан, саҳнаи ду бор шавҳари рус кардани як духтари мусалмон нишон медиҳад, ки онҳо Шарқ ва урфу одатҳои мардуми онро намедонанд”, мегӯяд Ҳабибулло Абдураззоқов.
Сайид Сафаров ба олами синамо ворид шудани духтарашро ҳам мӯъҷиза ва ҳам тасодуф мехонад. Ба гуфтаи ӯ, Сайёра соли 2008 мактаби рақами 90-и шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм кард ва волидайн умед доштанд, ки ба донишгоҳи тиббӣ дохил мешавад. Худи Сайёра дар сар ҳавои таҳсил дар Амрикоро дошт. Вале сафари гурӯҳи синамогарони рус ба Душанбе нақшаву барномаҳои зиндагии ӯро таҳрир кард. Рӯзе як гурӯҳи синамогарони Русия барои навори филми “Десантура” ба Душанбе омад ва дар театри “Падида” барои нақши як тоҷикдухтар озмун эълон кард.
Сайид Сафаров мегӯяд, ки духтари калонияш Ситора дар сериали эронии “Дар чашми бод” яке аз нақшҳои асосиро бозидааст ва “ӯву устод Ҳабибулло Абдураззоқов, ки низ дар он филм бозӣ кардааст, Сайёраро ба ин кастинг даъват намуданд”. Ҳабибулло Абдураззоқов мегӯяд, ки “Сайёра аз ин пеш ҳам ба театри “Падида” зиёд меомад ва як-ду рӯз пеш аз озмоиш ба ӯ барои иҷрои чанд этюд ёрӣ кардам”. Ҳунари Сайёра ба таҳиягару наворбардор он қадар писанд омад, ки ӯро билофосила дар нақши Ситора пазируфтанд.
Сайид Сафаров мегӯяд, баъд аз анҷоми навори филми “Десантура” ҳунарманди шинохтаи рус Егор Бероев ҳамроҳ бо чанд нафари дигар меҳмони манзилашон шуда гуфтанд, ки Сайёра духтари боистеъдод ва бояд ҳунарашро сайқал диҳад. Сайёра мегӯяд, ки баъди ба Маскав рафтанаш бо Егор Бероев ҳамроҳ дар филми “Дар интизории баҳр”-и Бахтиёр Худойназаров нақш офариданд. Ӯ меафзояд, “Егор ба ман чун ҳунарманд ёрмандӣ кард, барои боз шудани ҳунарам кӯмак кард, ба ман дар бораи синамо зиёд ҳарф мезад, яъне шояд бештар ҳамчун устод буд ва сабақҳояш бароям муҳим буданд”.
Филми дигаре, ки дар он Саёра нақш офаридааст, “Салом, Маскав” ном дорад ва онро Павел Бардин таҳия кардааст. Ин филм ҳам дар баробари “Дар интизории баҳр” бояд соли 2013 ба намоиш дарояд. Сайёра Сафарӣ донишгоҳи театрии ба номи Шепкини Маскавро соли гузашта бо баҳои хубу аъло хатм кард ва ҳоло дар шаҳри Милани Италия дарси маҳорати актёрӣ ва забони итолиёвиро меомӯзад. То ин замон таҷрибаи бозӣ дар саҳнаи театрро низ андӯхтааст. Ӯ мегӯяд, дар намоишномаи дипломӣ - “Орфей вориди дӯзах мешавад” нақши Лейди Торенсро бозидааст. Дар намоишномаи театри донишҷӯён “Чайка” нақши пешхизматро офарид ва дар “Сирки мо - 2010” низ ҳунарнамоӣ кардааст. Аммо, мегӯяд ӯ, бозӣ дар синаморо авлотар мешуморад, зеро он ҷо худро озодтар эҳсос мекунад.
Сайёра дар хонаводаи рӯшанфикре дар Душанбе тарбия гирифтааст. Падари Сайёра - Сайид Сафаров, ки устоди Донишгоҳи технологии шаҳри Душанбе аст, ба адабиёт алоқамандӣ дорад ва тарҷумаи ғазалҳои Ҳофизу Саъдӣ ба забони русиро омодаи чоп кардааст. Бародараш Ватаншо баъд аз хатми донишгоҳи технологӣ, дар аёлати Айоваи Амрико ба омӯхтани ҳунари синамогарӣ пардохта ҳоло мехоҳад, ки дипломи таҳиягарро соҳиб шавад. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷ Ватан аз ҳаёти ҳамсабақонаш чанд филми кӯтоҳ ҳам офаридааст.
Ба гуфтаи Сайид Сафаров, аз ин пеш Ватан тайи ду сол, замоне, ки навори филми “Дар чашми бод” идома дошт, ҳамроҳ бо хоҳари калониаш Ситора дар Эрон буд ва дар ин филми таҳиягари маъруф Масъуд Ҷафъари Ҷузҷонӣ ҳатто нақши сарбози русро офарид. Худи Ситора баъд аз хатми факултаи хабарнигори садову синамои Донишкадаи ҳунарҳои зебои шаҳри Душанбе чанд муддат наттоқ ва хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон буд ва ҳоло дар як ширкати байнулмилалӣ дар Малайзия кор мекунад. Духтари хурдии хонавода – Сайида дар донишгоҳи технологии Душанбе ҳунари тарроҳи либосро меомӯзад.
Дар ниҳоияти сӯҳбат аз Сайёра пурсидам, ки то куҷо бо қаҳрамонаш Гулчатай шабоҳат дорад? Ӯ мегӯяд, “Гулчатай як духтари хоксору заъиф буда, дар зиндагӣ мустақил нест. Вале ман ингуна будан намехоҳам. Ман, ки чун як тоҷик ба фарҳанги миллии худ эҳтиром дорам, мехоҳам озод бошаму роҳи худро пайдо кунам”, мегӯяд Сайёра.