Додгоҳе дар ҷануби Русия халабони ҳарбии украинӣ Надежда Савченкоро дар содир кардани як қатор ҷиноёт айбдор дониста, ӯро ба 22 соли зиндон ва ҳам пардохти 30 ҳазор рубл (муодили 441 доллар) ҷарима маҳкум кард. Ин низомии украинӣ ба ҳамдастӣ дар қатли журналистони рус ва қасди куштани сокинони осоиштаи вилояти Луҳанск, ҳамчунин ба убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор дониста шуд.
Додрас Леонид Степаненко рӯзи 22 март ба ҳангоми қироати ҳукм дар ин қазияи пурмоҷарову пурбаҳс гуфт, ки мӯҳлати дар боздошт сипарикардаи Савченко аз таърихи 30 июни соли 2014 ба эътибор гирифта мешавад. Вақти қироати ҳукм додрас маҷбур шуд барои чанд лаҳза бозистад, чун Савченко дар пушти шишаи курсии айбдоршаванда ба иҷрои оҳанге ба забони украинӣ шурӯъ кард. Дафтари додситонии кулли Русия бо пахши изҳороте гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ қаноатманд аст.
Хабаргузории Interfax дар нақли қавл аз як манбаъ дар сохторҳои қудратӣ гуфт, ки имкон дорад Савченко бо талаби расмии Киев ба Украина таслим шавад, вале чунин имкон танҳо баъди сипарӣ шудани 10 рӯзи баъди ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ фаро мерасад. Дар як сӯҳбаташ бо хабаргузории ТАСС, сухангӯи президент Дмитрий Песков гуфт, ки дар сурати баррасӣ шудани имкони табдили Савченко бо ду низомии русе, ки дар Украина дар боздошт қарор доранд, Русия танҳо аз рӯи қонун амал хоҳад кард.
Вай гуфт, ки ҳама қарорро дар ин замина худи президент Владимир Путин қабул мекунад. Дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ вазири хориҷаи Украина Павло Климкин дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки ҳукми додгоҳ “ғайримунтазира набуд” ва ин ҳукм марҳилаи наве барои мубориза барои озодии Савченко хоҳад шуд. Қаблан президент Петро Порошенко гуфт, ки омода аст барои озодии Савченко ду низомии руси дар шарқи Украина боздоштшударо ба Маскав таслим кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қироати ҳукми Савченко рӯзи 21 март оғоз ёфт, вале лаҳни шадиди қозӣ Леонид Степаненко нишон медиҳад, ки додгоҳ айбномаи додситониро ҳамчун асос барои ҳукми худ баргузидааст. Додситонӣ дар авоили моҳи март аз додгоҳ барои Савченко 23 соли зиндон хоста буд.
Қозӣ дар рӯзи якуми қироати ҳукм Савченкои 34-соларо дар мушорикат дар қатли ду журналисти рус дар соли 2014 дар шарқи Украина гунаҳкор шинохт. Қозии парванда гуфт, ки Савченкоро “адоват” ба ин амал таҳрик додааст.
Николай Полозов, вакили Савченко гуфт, ки муваккилаш ҳар навъ ҳукми додгоҳи Русияро рад хоҳад кард, чунки "ба бовари вай, ин ҳама ҳеҷ рабте ба адолат надорад." Бисёриҳо дар Ғарбу Украина ва ҳам дар худи Русия додгоҳи Надежда Савченкоро сиёсӣ меноманд.
Муҳокимаи парвандаи Надя Савченко дар додгоҳи шаҳри Донетск, воқеъ дар наздикии марзи Русия бо Украина аз сентябри соли 2015 ба ин сӯ идома дорад. Ӯ ба нишони эътироз ба боздошту муҳокимааш эълони гуруснанишинӣ кардааст.
Савченко мегӯяд, ки ӯро дар моҳи июни соли 2014 дар шарқи Украина, замоне ки дар як баталйони ихтиёриён алайҳи ҷудоиталабони таҳти пуштибонии Русия меҷангид, дастгир карда ва ғайриқонунӣ ба Русия овардаанд. Савченко ду ҳафта пеш дар сухани охиринаш гуфт, қонунияти додгоҳи Русия ва ҳукми онро қабул надорад.
Мақомоти тафтишотии Русия Савченкоро ба ҳамоҳангсозии тирандозии нирӯҳои низомии Украина айбдор мекунанд ва мегӯянд, маҳз бо роҳнамоии ӯ тири як мушак мунҷар ба ҳалокати ду журналисти шабакаи телевизиони давлатии Русия (ВГТРК) - Антон Волошин ва Игор Корнелюк шуд.
Худи Савченко ва вакилонаш инро рад мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, журналистони рус дар қаламрави таҳти назорати ҷудоиталабон дар вилояти Донетск вақте кушта шуданд, ки Савченко алакай дар асорати ҷудоиталабон қарор дошт.
Барои ҳимоят аз халабони украинӣ се вакили парлумони Украина аз ҳизби президент Петро Порошенко, 5 вакил аз ҳизби Баткившина ва сухангӯи президенти Украина Святослав Тсеголко ба шаҳри Донетск омадаанд.