Ҳамла ба Яман: Лигаи Араб ва Амрико - тарафдор, Эрон - зид

Асароти ҳамлаҳои ҳавоӣ дар атрофи фурудгоҳи Санъо

Амрико ва Лигаи Араб аз ҳамлаҳои таҳти раҳбарии Саудия алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман пуштибонӣ карданд. Аммо Эрон хостори хатми билофосилаи ин амалиёт шудааст.

Лигаи Араб (Дувал-ал-Арабия), созмоне ки 22 кишвари арабиро мутаҳид мекунад, рӯзи 26 март аз амалиёти таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи шиаҳои ҳусӣ дар Яман пурра пуштибонӣ кард. Амрико низ аз забони вазири хориҷааш Ҷон Керрӣ аз иқдоми низомӣ дар ин кишвари арабӣ ҳимоят кардааст.

Як мақоми вазорати хориҷаи Амрико бидуни бурдани ном гуфтааст, ки Ҷон Керрӣ дар тамоси телефонӣ бо вазирони хориҷаи кишварҳои халиҷи Форс ба ҳимоят аз талошҳои таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ "бо шумули табодули ахбор, кумакҳои ҳадафмандона ва машварату ёриҳои лоҷистикӣ барои ҳамлаҳо ба аҳдофи ҳусиҳо" таъкид кардааст.

Ҳавопаймоҳои Арабисистони Саудӣ ва муттаҳидонаш рӯзи панҷшанбе нирӯҳои чирикии қабилаи шиаҳои ҳусиро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Ҳусиҳо, ки таҳти ҳимояти Эрон қарор доранд, тайи моҳҳои охир қисматҳои бузурге аз Яман, бо шумули пойтахташ, Санъоро тасарруф карда, раиси ин ҷумҳурӣ Мансур Ҳодиро маҷбур ба тарки пойтахт карданд.

Аммо Эрон хостори қатъи билофосилаи амалиётҳо дар Яман шуда, гуфтааст, барои таҳти назорат гирифтани бӯҳрони ин кишвар тамоми талошҳои лозимро хоҳад кард. ИСНО, хабаргузории донишҷӯёни Эрон аз қавли вазири хориҷаи ин кишвар Ҷавод Зариф навиштааст, ки ӯ ҳамлаҳои таҳт раҳбарии Саудияро "алайҳи истиқлоли Яман" хондааст. Зариф, ки аз шаҳри Лозаннаи Швейтсария сӯҳбат мекард, бо даъват ба хатми билофосилаи ин ҳамлаҳо гуфтааст, Эрон барои таҳти назорат гирифтани бӯҳрони Яман тамоми корро анҷом хоҳад дод.

Ҳамлаҳои Саудӣ барои гирифтани қудрат аз дасти ҳусиҳо дар Яман

Арабистони Саудӣ эълон кард, барои бозгардондани қудрат ба дасти ҳукумати қонунии Яман ҳамлаҳои ҳавоиро оғоз кардааст. Ҳоло шӯришиёни ҳусӣ пойтахти Яманро дар ихтиёр доранд.

Одил Ал-Ҷабир, сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико, гуфтааст, амалиёти ҳавоии он кишвар дар Яман барои бозгардондани қудрат ба ҳукумати барканоршудаи Абд Раббу Мансур Ҳодӣ оғоз шудааст.

Шӯришиёни шиаи ҳусӣ аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ назорат бар шаҳри Санъо, пойтахти Яманро дар ихтиёр доранд ва моҳи январи соли ҷорӣ кохи раёсати ҷумҳуриро низ ба тасарруфи худ дароварданд.

Оқои Ал-Ҷабир дар нишасти матбуотии худ, ки расонаҳои Иёлоти Муттаҳида онро "нодир", яъне бесобиқа унвон карданд, дар Вашингтон гуфтааст, Арабистони Саудӣ алакай ҳамлаҳои ҳавоиро шуруъ кард ва ба қавли ӯ эътилофи наздик ба даҳ кишвар қасд доранд, ҷилави пешравии ҳусиҳоро бигиранд.

Сафири Арабистони Саудӣ афзудааст, "коре мекунем, то қудратро ба давлати қонунии Яман баргардонем." Ишораи ин мақоми расмии Саудӣ ба давлати Абд Раббу Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури барканоршудаи Яман аст, ки аз Санъо, пойтахт ба Адан рафта буд. Созмони Милал ҳамчунон ӯро ба унвони раиси давлати Яман ба расмият мешиносад.

Одил Ал-Ҷабир ишорае ба номи кишварҳои дигаре, ки дар эътилофи барои бозгардондани қудрат ба давлати барканоршудаи Яман ширкат доранд, накарда, аммо гуфтааст, нерӯҳои низомии Амрико дахолате дар ин ҳамлаҳо надоранд.

Амрико моҳи феврал таъйид кард, ки ба далели амниятӣ ва баъд аз гузаштани қудрат ба дасти гурӯҳи шӯришии шиа сафоратхонаи худро дар Яман бастааст. Сафоратхонаҳои Бритониёву Фаронса ва Олмон низ гуфта буданд, баъзе ҳуҷҷатҳои худро интиқол медиҳанд ва кормандонашон дастмузди думоҳаи худро гирифта, ба рухсатӣ мераванд.

6 феврали соли ҷорӣ шӯришиёни шиаи ҳусӣ парлумони Яманро пароканда карда ва як ҳукумат ва шӯрои давраи гузор ташкил доданд. Абдул Малик Ҳусӣ - раҳбари ҳусиҳо гуфта буд, онҳо бо ин кор "халои сиёсӣ"-ро дар Яман пур мекунанд.