Малику Имону Таборак “зиндонӣ” шуданд

Арабистони Саудӣ ба кӯдакони навзод гузоштани номҳое аз қабили Амир, Набӣ, Абдулносир, Бисмиллоҳ ва Маликаро манъ кардааст. Дар Тоҷикистон номҳои ба истилоҳ "қуръонӣ" баракс муд мешаванд.
Ба “рӯйхати сиёҳ” аз 50 номи арабӣ ва хориҷӣ ворид шудааст, ки аз нигоҳи масъули раёсати шаҳрвандии вазорати умури дохилии кишвар, ё нодуруст истифода мешаванд ё бо фарҳанг ва дину мазҳаби Арабистони Саудӣ созгор нестанд. Номҳои “номатлуб” ба се бахш тақсим шудаанд – номҳое, ки эҳсосоти мазҳабиро бармеангезанд, номҳои марбут ба хонаводаи салтанатӣ ва номҳои “ғайриисломӣ”-ву “ғайриарабӣ”.

Бар пояи ин дастур, аз ин баъд саудиҳо ҳақ надоранд, ки ба тифлҳои навзод номҳои Амир, Абдулносир ё Абдулнабӣ гузоранд. Номҳои Сумув, Малик, ал-Мамлака, Таборак, Бисмиллоҳ, Малика, Малак, Ҷабраил ва Бинҷамин, ки миёни арабҳо хело маъруфанд, низ барои истифода мамнӯъ шудаанд. Арабҳо иҷозаи ба навзод гузоштани номҳои хориҷие чун Майя, Линдо, Ранда, Арам, Алиса, Сэндӣ, Маликтинаро ҳам надоранд. Дар “рӯйхати сиёҳ” ҳамчунин номҳои Абдулмӯъин, Аброр, Имон, Баёнро ҳам метавон пайдо кард.

Дар ҳоле, ки Ар-Риёз тасмими худро бо ҷилавгирӣ аз истифодаи нодурусти бархе номҳо ва ҳифзи фарҳангу дину мазҳаб марбут кардааст, бархе аз таҳлилгарон дар таҳияи феҳрист ангезаи сиёсиро ҳам ошкор кардаанд. Аз нигоҳи онҳо, аз ҷумла, номи миёни арабҳо машҳури Бинёмин ё Бинҷамин, ки исми писари ҳазрати Яъқуб ва бародари ҳазрати Юсуф аст, фақат ба хотири ин гуна ном доштани нахуствазири феълии Исроил Бенямин Нетаняҳу мамнӯъ эълон шудааст. Номи Абдулносир бошад дар ёдҳо чеҳраи поягузори давлати муосири Мисрро эҳё мекунад, ки бо Арабистони Саудӣ робитаи хуб надошт.

БА ҲАРРИ ПОТТЕР GOOGLE НОМ БОЯД ГУЗОШТ?


Арабистони Саудӣ аввалин кишваре нест, ки феҳристи номҳои мамнӯъро таҳия кардааст. Соли гузашта ҳукумати Зеландияи Нав ҳам чунин «рӯйхати сиёҳ»-ро нашр карда буд, ки ба он 77 номи «таҳқиромез» ворид шудааст. Дар Зеландияи Нав аз ин баъд гузоштани номҳое чун Lucifer («Люсифер»), Mafia No Fear («Мафия ҳарос надорад»), 4Real, ё Queen Victoria («Малика Виктория») манъ шудааст.

Дар аёлати Сонораи Мексика 61 ном – аз ҷумла, Ҳитлер, Хатна, Терминатор, Ҷеймс Бонд, Ҳаррӣ Поттер, Рэмбо, Бургер-Кинг, Робокоп, Роллинг Стоун, Фейсбук, Твиттер ва Яҳу «зиндонӣ» шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳадаф аз таҳияи рӯйхати сиёҳ – ҷилавгирӣ аз нешханд ва таҳқири кӯдакон аз сӯи ҳамсолонаш аст.

Феҳристи «номҳои мамнӯъ» дар Шветсия ҳам мавҷуд аст. Дар ин кишвар ба кӯдакон гузоштани номҳое чун Металлика, ИКЕА (номи маркази бузурги тиҷоратӣ) ва Q иҷоза нест, аммо волидайн метавонад ба тифли навзод номи Google-ро гузоранд. Ба “рӯйхати сиёҳ” дар Португалия беш аз 2 ҳазор ном, аз ҷумла, Овнис (“Лаълии паррон” ё НЛО) шомил аст.

АЗ САНГУ ТАБАРУ ТЕША ТО РОҒУНШОҲУ САҲМИЯ

Элико Бақоӣ, таҳлилгари эронии муқими шаҳри Душанбе мегӯяд, ки солҳои ахир дар Эрон ҳам гузоштани номҳои зиёде мамнӯъ аст. “Номҳое, ки вожаи “шаҳ” дорад ва ҳамчунин, ки воқеъан решаи эронӣ надоранд, манъ шудаанд, бигирем, мо иҷоза надорем, ки ба тифл “Шаҳбону” ном гузорем. Номи шаҳ дар Эрону табӯ аст, аммо дар робита ба номҳои хориҷӣ... номҳои ғарбӣ мамнӯъ шудаанд ва аммо тавҷеҳе нест, ки чаро номҳои арабӣ ин қадар ривоҷ пайдо мекунад”, мегӯяд ӯ. Хонум Бақоӣ меафзояд, номҳои Искандар ва Темур ҳам ҳарчанд хориҷиянд, дар Эрон маъмул боқӣ мемонанд.

Аҳмадшоҳ Комилзода.

Аҳмадшоҳ Комилзода, хабарнигори тоҷик, ки ки китоби “Номнома”-ро омодаи нашр кардааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон “рӯйхати сиёҳ”-и номҳо таҳия нашудааст ва аз ин рӯ волидайн ба тифлакони навзод ҳам номҳои мазҳабӣ, ҳам номҳои қадима, аз ҷумла, номҳо аз “Шоҳнома” ва ҳам номҳои хориҷӣ мегузоранд. Ба гуфтаи ӯ, номгузорӣ дар ҳар давру замон вижагиҳои худро дошт, аз ҷумла, замони шӯравӣ волидайн ба кӯдакон номҳои аз қабили МЭЛС (Маркс, Энгелс, Ленин, Сталин), ВИЛ, ВИЛОр, Сталина мегузоштанд. Баъд аз истиқлол бошад, дар шаҳрҳо номҳои сирф форсӣ ва номҳо аз “Шоҳнома” “мӯд” шуданд. Чанд сол пеш, баъд аз намоиши сериёли эронии «Достони ҳазрати Юсуф», кӯдакони зиёде Юсуф ё Зулайхо ном гирифтанд.

Аҳмадшоҳ Комилзода мегӯяд, ки ҳамзамон дар Тоҷикистон гузоштани номҳое чун Сангаку Табару Теша сахт коҳиш ёфтааст ва ҳатто афроди таҳсилкарда дар деҳаҳои дурдаст ба атфол номҳои зебои тоҷикӣ мегузоранд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо “мардум ҳоло кӯшиш мекунанд, ки аз номҳои омиёна ва соддалавҳона, ки кӯр-кӯрона гузошта мешуданд, сарфи назар кунанд ва ҳатто дур аз пойтахт – дар рустоҳо ва шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаву Хуҷанд дар баробари номҳои мазҳабӣ гузоштани номҳои сирф тоҷикӣ ва номҳо аз “Шоҳнома” ривоҷ ёфтааст”.

Ӯ меафзояд, ки дар Тоҷикистон кӯдакон номҳои булаҷабе чун Роғуншоҳ ва Саҳмия ҳам доранд ва пайваста боиси хандахариш ва ҳатто таҳқир аз сӯи ҳамсолон қарор мегиранд.

АБДУЛРАСУЛ? НА, АБДУЛРАБРАСУЛ...


Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ мегӯяд, ки солҳои ахир волидайн ба тифлҳои навзод ҳарчӣ бештар ду номи муборак – Абдулло

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад.

ҳ ва Абдурраҳмонро мегузоранд. Ба гуфтаи ӯ, Паёмбари ислом Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва олиҳи вассалам ин ду номро “беҳтарини номҳо” гуфтааст. Дар хонаводаҳо ҳоло номҳои Муҳаммад, Довуд, Бибиосия, Сумайя, Бибиоиша, Фотима, Заҳро, Умар ҳам зиёд гузошта мешаванд.

Ба гуфтаи Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, «ҳадиси Паёмбар Муҳаммад (с) аст дар бораи ҳаққи валад бар волид, яъне, ҳар фарзанд бар болои падар чанд ҳақ дорад, ки яке аз онҳо гузоштани номи хуб аст, номе, ки фарзанд баъди бузург шудан аз он хиҷолат накашад». Худи Паёмбар, ба гуфтаи ӯ, чанд ном, аз ҷумла, Абдулҳаюс, Абдулсанам, Абдулдорро ба дигар номҳо табдил кард, зеро, бандаи Худо неву бандаи ягон санам будан ин - ширк аст.

Аз нигоҳи Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, аз сӯи мақомоти Арабистони Саудӣ манъ шудани гузоштани номҳое чун Абдунабӣ ва Абдулрасул мантиқист, зеро онҳо иштибоҳанд. «Абдулрасул не, бояд Абдулрабрасул бошад ё Абдулрабнабӣ, тарҷумаи Абдулраб «бандаи Парвардагор» аст, яъне, ин фард мусалмон бандаи парвардагори расул ё бандаи парвардагори набӣ аст». Ба гуфтаи донишманди тоҷик, бештари номҳои динӣ бар асари нофаҳмӣ ва ноошноӣ бо забони арабӣ гузошта мешаванд. Зимнан, аз байн бурдани ин иштибоҳу нофаҳмиҳо кори Шӯрои уламои Тоҷикистон аст, ки, ба гуфтаи Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, мутаассифона, худро канор кашидааст. «Агар Шӯрои уламо имом-хатибҳоро муваззаф мекард, ки дар маъвизаҳои худ ба мардум чӣ гуна дуруст ном гузоштанро фаҳмонанд, он гаҳ ин иштибоҳҳо хело камтар мешуданд», мегӯяд донишманди тоҷик.

Ӯ меафзояд, боваре миёни мардум, ки гӯё бо гузоштани номҳое аз қабили Сангу Гург зиндагии кӯдак ҳифз мешавад, хурофот аст: «Инро тафоул мегӯянд ва ислом ба он мухолиф аст. Агар ба кӯдак Санг ном гузорем, ба умеде, ки сараш аз санг мешаваду аз дунё намегузарад ё ба тифл «гург» ном гузорем, ӯро Ҳазрати Азроил намеёбад, наъузубиллоҳ, ба Ҳазрати Азроил мухолифат кардан аст… Ин назарҳо ғалат ва хурофотанд»

ГЕЛОСУ ШАФТОЛУ+ ШАКАРМОҲ =«МУРАББО»?


Намояндагони дигар адён, аз ҷумла, зардуштиҳо, ба фарзандони худ чӣ гуна номҳо мегузоранд? Элико Бақоӣ мегӯяд, ки «миёни пайравони дини Зардушт номи Рустам хело роиҷ аст. Дигар номҳо низ бештар аз «Шоҳнома» интихоб мешаванд. Аммо номҳое ҳастанд, ки решаи онҳоро фақат дар «Авасто» мешавад пайдо кард, мисли Роюманд, Гуштосп, Виштосп…» Худи номи Зардушт, ба гуфтаи хонум Бақоӣ, зиёд истифода намешавад, аммо номи Баҳман, ки исми яке аз моҳҳо ва ба маънои «андешаи нек» аст, ва Фарин ҳам миёни зардуштиҳо хело маъруфтанд».

Қурбони Аламшо, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки дар Бадахшон ҳам номҳои форсӣ хело роиҷанд, “миёни фарзандони аҳли фарҳанг номҳое аз қабили Фаромарз ё Фаридун, ки дар талафузи бадахшӣ Фурайдон аст, зиёд

Қурбони Аламшо

мушоҳида мешавад”. Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш дар Бадахшон номҳо дароз ё “чанд ошёна”, аз қабили Шерзодшоҳмуҳаммад, зиёд буданд, аммо солҳои ахир номҳои кӯтоҳ “мӯд” шудаанд, аз ҷумла, худи Қурбон писарҳояшро Анис ва Расо ном гузоштааст. Аммо одамони “кӯҳнапараст” ҳанӯз ҳам ба навзодҳо номҳое чун Муборакшоҳ ё Ғарибсултон ё Бибиолам мегузоранд.

Як раванди солҳои ахир, ки аз нигоҳи Қурбони Аламшо паёмади муҳоҷирати корист - гузоштани номҳоест, ки онҳоро дар Русия ҳам қабл доранд, номҳое аз қабили Малвина ё Сабрина.

Теъдоди номҳои сирф мазҳабӣ дар Бадахшон солҳои ахир коҳиш ёфтааст, аммо баъд аз ташрифи пешвои исмоилиҳои олам - мавлоно Ҳозиримом Шоҳзода Оғохони 4 ва мушарраф шудани бадахшиҳо ба дидани ӯ номҳое аз қабили Дидор, Дидоралӣ ё Дидорбек ва ҳамчунин Нурия, Нуринисо ё Нурофарид пайдо шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар Бадахшон ба тифлони навзод номҳои Ҳазрати Муҳаммад, Ҳазрати Алӣ ё Оғохонро намегузоранд, зеро гуноҳ ҳисоб мешавад.

Вале дар Бадахшон номҳои марбут ба табиат, мисли меваҳое чун гелосу зардолуву анору олуча ва сабзаҷоте чун карам ҳам зиёданд ва ин ба гуфтаи Қурбони Аламшо, баёнгари бо табиат зинда будани мардуми минтақа аст. Аз сӯи дигар, меафзояд ӯ, ин номҳо боиси пайдо шудани латифаҳои зиёде миёни мардуми шӯхтабиати Бадахшон шудаанд. “Дар яке аз шӯъбаҳои телевизиони Хоруғ ду хабарнигор кор мекарданд, ки номашон Гелосу Зардолу буд. Марде дарро мекӯбад ва мепурсад, ки “Карам ин ҷо нест?”. “Не, посух медиҳад Гелос, ин ҷо отдел фрукти, отдел овоши ду кабинет онсӯтар аст...” Қурбони Аламшо боз як латифаи марбут ба номҳоро ёд овард: «Гелосу Шафтолуву Ангур ҳамроҳ бо духтаре бо номи Шакармоҳ ба як деҳаи дурдаст ба тӯй мераванд. Дар роҳ мошин ба садама дучор мешавад ва ҳама болои ҳамдигар меғеланд. Вақте ба худ меоянд, Гелос мегӯяд, э Худоҷоне, қариб ҳамаамон «варение» мешудеме-е!»

Бояд гуфт, ки дар Бадахшон номҳои ороишоте, чун сурмаву усма ва рӯзҳои ҳафта ҳанӯз аз замони шӯравӣ маъмуланд. Аммо ин номҳо низ ба тадриҷ ҷойи худро ба номҳои «замонавӣ» медиҳанд…