Абдулазиз Шайх, муфтии шоҳигарии Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбеи 6 сентябр дар вокуниш ба паёми ахири раҳбари мазҳабии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ дар бораи ҳаҷҷи имсол, гуфт, ки "эрониҳо мусалмон нестанд". Дар суханоне, ки рӯзномаи "Макка" онро нашр кардааст, ин рӯҳонии баландпояи саудӣ гуфтааст, ки изҳороти Хоманаӣ "ҷои тааҷҷубе надорад", зеро эрониҳо аз авлоди "маҷусҳо" ҳастанд.
Истилоҳи "маҷус" аз сӯи арабҳои тунравд барои ишора ба пайравони оини Зардушт истифода мешавад, ки оташро унсури муқаддас медонанд. Ин оин то омадани ислом ба Хуросон, кеши аслии мардуми ин минтақа буд. Абдулазиз Шайх гуфтааст, "мо бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки онҳо (эрониҳо) мусалмон нестанд, аз авлоди маҷус ҳастанд ва хусуматашон бо мусалмонон, ба вижа сунниҳо, дерина аст."
Ба дунболи изҳороти Абдулазиз Шайх ба паёми раҳбарии мазҳабии Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф, рӯзи сешанбе гуфтааст, ки "исломи эрониён шабоҳате ба ифротгароии муфтии ваҳҳобии Арабистон надорад. Муҳаммадҷавод Зариф дар паёме дар "Твиттер"-и худ навиштааст, ки "воқеан ҳеҷ шабоҳате байни исломи эрониён ва аксарияти мусалмонон бо ифротгароии нажодпарастонае, ки муфтии ваҳҳобӣ ва бониёни саудии терроризм таблиғ мекунанд, вуҷуд надорад."
Изҳороти муфтии аъзами Арабистони Саудӣ як рӯз пас аз паёми раҳбари мазҳабии Эрон баён мешавад, ки мақомҳои саудиро ба "куштани ҳоҷиёни маҷрӯҳ" дар ҳодисаи Мино, ки соли гузашта рух дод, муттаҳам кард. Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфта буд, ки "мардони сангдил ва ҷинояткор"-и саудӣ "маҷрӯҳони нимаҷон"-ро "бо ҷонбохтагон дар континейрҳои дарбаста маҳбус сохтанд ва ба ҷои муолиҷаву дармон ва кӯмак ё ҳатто расонидани об ба лабони ташнаи онон, онҳоро ба шаҳодат расониданд."
Тибқи тахминҳо, дар ҷараёни ҳодисаи ҳаҷҷи соли гузашта дар минтақаи Минои шаҳри Макка ҳадди ақал 2426 нафар зери дасту по, кушта шуданд. 464 нафар аз ин теъдод эрониҳо буданд, ки аз ҳама бештари талафот миёни кишварҳои исломӣ ба шумор меравад. Мақомҳои Арабистони Саудӣ то ба ҳол ҳеҷ гузорише дар бораи сабабҳои ин ҳодиса нашр накардаанд. Аммо тибқи таҳқиқоти ибтидоӣ, ки дар замони рух додани ин ҳодиса, ду масири аслии ҳаракати зоирон баста шуда буд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми рӯзи душанбеи худ ҳамчунин Арабистони Саудиро муттаҳам кард, ки дар ҳодисаи суқути як кран дар атрофи Масҷиди Ҳаром дар Макка пеш аз ҳодиси Мино, ба саҳлангорӣ рух додааст. Дар ҳодисаи Макка 111 нафар кушта шуданд.
Паёмҳои хасмона миёни мақомҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ далели талошҳои онҳо барои гунаҳкор кардани якдигар дар ҳодисаҳои минтақа мебошад. Арабистони Саудӣ умдатан суннимазҳаб ва Эрони умдатан шиа ҳамакнун дар Сурия ва Яман, Ироқ, Баҳрайн ва Лубнон аз гурӯҳҳое пуштибонӣ мекунанд.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Риёз ва Теҳрон аз моҳи январи соли гузашта, ки гурӯҳҳои тундрав дар Эрон сафорат ва консулгарии Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ва Машҳадро оташ заданд, қатъ шуд.
Гуфтугӯҳо миёни ду кишвар барои ширкати зоирони эронӣ дар маросими ҳаҷҷи имсол бо шикаст рӯбарӯ шуд ва ҷониби Эрон Арабистони Саудиро гунаҳкор донист. Теҳрон гуфтааст, ки зоирони эронӣ имсол дар ин маросим иштирок надоранд. Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ моҳи майи соли ҷорӣ дар вокуниш гуфта буд, ки ҳукумати Эрон масъули тасмимоташ дар пешгоҳи Худо ва ҷаҳон дар бораи ҳаҷҷ аст.
Муҳаммад бин Ноиф, валиаҳд ва вазири умури дохилии Арабистони Саудӣ низ шомгоҳи душанбе гуфт, "мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ бино ба сабабҳои дохилӣ, монеи сафари зоирони эронӣ ба Арабистони Саудӣ шуданд ва ба дунболи сиёсӣ кардани ҳаҷҷ ва табдили он ба маросими хилофи таълимоти исломӣ ҳастанд." Маросими ҳаҷҷ дар Арабистони Саудӣ оғоз шудааст ва миллионҳо мусалмонон ба адои маносики ҳаҷҷ пардохтаанд.