Сауд Ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар нишасти сарони Иттиҳодияи Араб Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро ба "дурӯягӣ" муттаҳам карда ва гуфтааст, ӯ дар ҳоле, ки бо ҳимоят аз Башор Асад ба нооромӣ дар минтақа мусоидат мекунад, набояд аз химояти худ аз Ховари Миёни сухан бигӯяд.
Ин интиқоди шадидулаҳни вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар ҳоле баён шуд, ки Абдулфаттоҳи Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср рӯзи шанбе дар нишасти сарони Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира гуфт, паёми Владимир Путин хонда мешавад. Дар он нома раиси ҷумҳури Русия аз ташкили давлати Фаластин ҳимоят карда ва гуфтааст, ба иқдомоти дуҷониба ва чаҳорҷонибаи сулҳ кӯмак мекунад.
Дар бахше аз он паём, Владимир Путин гуфтааст, "мо аз қасди Иттиҳодияи Араб барои расидан ба ояндаи хуб ва ҳалли ҳама мушкилоти ҷаҳони араб ба равишҳои сулҳомез, бидуни ҳеҷ дахолати хориҷӣ, ҳимоят мекунем."
Пас аз хондани ин паём, Сауд Ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ, ба он вокуниш нишон дод. Хабаргузории Ройтерз аз қавли мақомҳои баландпояи Саудӣ нақл кардааст, ки "ӯ (Путин) он тавр аз мушкилоти Ховари Миёна сухан мегӯяд, ки гӯё Русия ҳеҷ таъсире барои ин мушкилот надорад."
Сауд Ал-Файсал, гуфтааст, "онҳо аз фоҷеа дар Сурия сухан мегӯянд, дар ҳоле, ки худ бахши асосии ин фоҷеаи мардуми Сурия ҳастанд - бо мусаллаҳ кардани ҳукумати Сурия бо ончи барои ҷангидан бо мардуми худ ниёз дорад."
Ӯ афзудааст, "умедворем раиси ҷумҳури Русия ин мавзӯъро дуруст дарк кунад, то робитаи ҷаҳони араб бо Русия дар беҳтарин сатҳ қарор гирад."
Робитаи Русия ва Арабистони Саудӣ бинобар ҳимояти Маскав аз ҳукумати марказии дар Димишқ, рӯ ба сардӣ гузоштааст. Дар баробари Русия, Эрон низ аз муҳимтарин ҳомиёни Асад ба шумор меравад.
Арабистони Саудӣ ва аксари кишварҳои араби минтақа аз гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад ҳимоят мекунанд. Ғарб низ тарафдори гурӯҳе аз мухолифони Башор Асад аст, ки зери чатри "Эътилофи миллии Сурия" гирдиҳам омадаанд.
Аз тарафе гурӯҳе аз коршиносон, Арабистони Саудиро бузургтарин пуштибони гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ медонанд, ки дар кишварҳое чун Сурия, фаъолияти густурда доранд.