Арабистони Саудӣ гуфт, дар воқеъ "хато" кардааст

Чиҳил кӯдакро дар бари ҳам гӯр карданд. Марги онҳо хашми ҷомеаи байналмилалро барангехт.

Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ дар Яман эътироф кард, ки ҳамлаи маргбор ба автобуси мусофирбар дар вилояти Саъда як хато будааст ва онҳое, ки ба чунин хато роҳ доданд, “ҷазо” мегиранд. Дар ин ҳамла дар рӯзи 9-уми август аз ҷумла 40 кӯдак кушта шуданд.

Арабистони Саудӣ рӯзи 1-уми сентябр ва баъди он хатояшро эътироф кард, ки фишори ҷомеаи байналмилалӣ ба он афзоиш ёфт, то дар ҷанги Яман аз талафот дар байни мардуми осоишта ҷилавгирӣ кунад. Дар ҷанги Яман, ки севуним сол аст, идома дорад, то кунун 10 ҳазор нафар ва аксаран мардуми бегуноҳ кушта шудаанд.

Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои арабии суннимазҳаб дар Яман ба зидди ошӯбгарони Ҳусӣ меҷанганд, ки онҳоро Эрон дастгирӣ мекунад. Ҳусиҳо бисёре аз манотиқи шимолии Яман, аз ҷумла пойтахт, шаҳри Санъоро зери назорат доранд.

Кумитаи Салиби Сурх мегӯяд, ки дар бомбаборони рӯзи 9-уми август дар як бозоре дар вилояти Саъда, ки дар дасти ошӯбгарони Ҳусӣ аст, 51 нафар ҷон доданд ва 79 нафари дигар, аз ҷумла 56 кӯдак захм бардоштанд.

Дар ҳамла 56 кӯдак ҷароҳат бардоштанд

Бомбаборони маргбор хашми ҷомеаи байналмилалиро барангехт ва баъди он Шӯрои Амнияти Созмони Милал хост, ин ҳодиса “воқеъбинона ва шаффоф” таҳқиқ шавад. Гуруҳи таҳқиқотии Эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ гуфт, ки ҳамлаҳо бар асоси иттилое сурат гирифтанд, ки гӯё автобус раҳбарони Ҳусиҳоро мебурдааст.

Аммо Мансур ал-Мансур, сухангӯи гуруҳи таҳқиқотӣ дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ гуфт, “фармон шуд, ки ба автобус, ки дар байни ғайринизомиён аст, зарба назананд, вале фармон дер расид”.

Мансур ал-Мансур афзуд, афроде, ки ба ин хато роҳ додаанд, бояд ҷазо бигиранд ва эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ шеваҳои амалкардро бознигарӣ мекунад ва дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Яман, ба хешовандони қурбониён, ҷуброн мепардозад.

Артиши Амрико, як шарики асосии Арабистони Саудӣ рӯзи 1-уми сентябр аз қарори эътило истиқбол кард ва қавл дод, ки дар оянда чунин фоҷиаҳоро пешгирӣ мекунад.