Ҳазорон тазоҳургар рӯзи 24-уми июл дар назди Конгресси Амрико ҷамъ омада, ҳангоми суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар назди вакилони амрикоӣ эътироз карданд. Сафари Нетаняҳу ба Амрико дар замонест, ки раиси ҷумҳур Ҷо Байден, номзадиашро аз интихобот пас гирифт ва муовинаш Камала Ҳаррисро ба ҷойи худ пешниҳод кард.
Тазоҳургарон хашми худро аз тарафдории Амрико аз ҷанги Исроил дар Ғазза изҳор доштанд. Баъзе ҳам мегуфтанд, ки вобаста ба мавзеъгирии номзадҳо ба ҷанги Исроил ба онҳо раъй медиҳанд.
Эътирозгарон дар даст шиорҳои зидди ҷанг дар Ғазза ва карикатураҳои раҳбарони ҷаҳонро доштанд. Баъзе талафоти ғайринизомиён дар ҷанги Исроил дар Ғаззаро маҳкум мекарданд, баъзе наслкушӣ мехонданд.
Нӯҳ, тазоҳургар аз Ню Ҷерсӣ мегӯяд, инҷо ҳаст, то барои Фаластин биҷангад. “Фаластин сазовори озодӣ аст. Фаластин шоҳиди наслкушӣ аст,"-мегӯяд ӯ.
Дар дохили Конгресс, Нетаняҳу вакилонро ташвиқ мекард, то Амрико кумаки низомӣ ба Исроилро идома бидиҳад. Ӯ гуфт, ки ҷанги Исроил бо “Ҳамос” бахше аз муноқишаи васеъ байни Амрико ва Эрон аст.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар назди вакилон гуфт, “мо имрӯз дар чорроҳаи таърих қарор дорем. Ҷаҳони мо дар ҳоли таҳаввул аст. Дар Ховари Миёна, меҳвари террори Эрон ба Амрикову Исроил ва дӯстони араби мо муқобила мекунад.”
Аммо берун аз Конгресс мухолифати сахт ба ҳимояти ҳукумати Амрико аз ҷанги Исроил бармало буд.
Тод Принс, хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ҷанг дар Ғазза барои Камала Ҳаррис як мушкили ҷиддӣ меофарад, чун Ҳизби демократро ба ду даста ҷудо кардааст.
“Раъйдиҳандагони ҷавону пешрафта мухолифи сахти кӯмаки низомӣ ба Исроил ҳастанд, айни замон демократҳои калонсолу мӯътадилтар дар умум тарафдори мавқеи ҳукумат ҳастанд. Барои ҳамин дар як рақобати сахт, Ҳаррис бояд роҳи миёнаеро баргузинад, то тарафдоронаш аз ӯ рӯ натобанд,”-мегӯяд Принс.
Ҳаррис гуфтааст, дар сурати интихобаш дар муқоиса ба Байден нисбат ба ҳукумати Нетаняҳу мавзеи сахттареро пеш мегирад.
Ҳарчанд баъзе эътирозгарон аз ҷумла Дакота аз Флорида ҳарфҳои Ҳаррисро “як ваъдаи пуч ва рамзӣ барои ҷалби раъйдиҳандагони ҷавон” медонад.
Виолет, тазоҳургари дигар мегӯяд, “ба андешаи ман, ин оғози кор аст. Фикр намекунам, як баёнияи холӣ аст, ки ӯ мардуми фаластиниро ҳимоят мекунад, зеро ҳоло ҳукумати Байден ҳанӯз ҳам барои ҷанг дар Ғазза пул медиҳад. Ӯ ба ҷанг мухолифат накардааст, танҳо коре, ки кардааст, ба суханронии Нетаняҳу наомадааст. Ин барои мо кофӣ нест. Ӯ барои ба даст овардани раъйи мо бояд бигӯяд, ки ман бо Нетаняҳу мулоқот намекунам. Бояд ба зидди ин наслкушӣ сахттар биистад ва ба созиши оташбас даъват кунад.”
Қарор аст, ки Камала Ҳаррис рӯзи 25-уми июл бо Нетаняҳу дар Кохи Сафед мулоқоти хусусӣ дошта бошад. Дар рақобати фарзӣ байни Ҳаррис ва Доналд Трамп фосила байни ду тараф бисёр кам аст. Яъне раъйи андаке метавонад, интихоботро ба нафъи яке аз онҳо хотима диҳад.
Ҷанг дар Навори Ғазза наздики даҳ моҳ аст, ки идома дорад. Ҷанг пас аз он сар шуд, ки нерӯҳои "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳуҷум карда, 1200 нафарро куштанд ва 240 касро гаравгон гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза, дар нуҳ моҳи ҳамлаҳои Исроил зиёда қариб 39 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
Бо вуҷуди даъватҳои батакрори ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал ҷанг дар Ғазза поён намеёбад.