Ҷумъабой Сангинов: Қирғизҳо дар музокирот чеҳраи чандранга доштанд

Ҷумъабой Сангинов, собиқ муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати Тоҷикистон дар музокироти мушаххас кардани марз бо Қирғизистон

Ҷумъабой Сангинов, собиқ муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати Тоҷикистон дар музокироти мушаххас кардани марз бо Қирғизистон сӯҳбати ахири президент Алмосбек Отамбоевро дар бораи музокироти марзӣ “бемаврид” ва “ноогоҳона” унвон кард.

Алмосбек Отамбоев дар охирин нишасти матбуотиаш ҳамчун президенти Қирғизистон рӯзи 20-уми ноябр гуфт, ки «Агар ба Эмомалӣ Раҳмон машварати дигар намедоданд, шояд ҳоло созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон пурра имзо мешуд».

"Ба президенти Тоҷикистон ҳаргуна машваратҳо доданд"

Отамбоев гуфт, ки Тоҷикистон пешниҳоди Қирғизистонро дар заминаи

Агар роҳбари давлати ҳамсоя ба дурангии остини як костюм ишора карда бошад, мутаассифона тарафи Қирғизистон дар музокирот чеҳраи чандранга доштанд

тарзи ҳалли 50 дарсади баҳсии хати марзи байни ду кишвар напазируфт.

Отамбоев, аз ҷумла, гуфт: «Агар ба президенти Тоҷикистон ҳаргуна машваратҳо намедоданд, ин созишнома ҳам ҳал мешуд. Ҳолатеро мемонад, ки остинҳои як костюм ду ранг доранд. Ин нодуруст аст. Онҳо (ҷониби Тоҷикистон) гуфтанд, ки бояд мо аз асноди солҳои 1925-1926 истифода кунем. Он гаҳ ман машварат додам, ки ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1923-1924 назар кунанд, ки он вақт Тоҷикистон вуҷуд надошт. Албатта, ин боиси таассуф аст».

Ҷумъабой Сангинов, ки аз соли 2010 то соли 2015 узви комиссияи музокирот ҷиҳати мушаххас кардани марзи давлатӣ буд, мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ҳамеша ба ин масъала аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ назар мекард ва ба “машвартҳои дигар” ниёз надошт.

"Чеҳраи ҳарранга доштанд"

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 20 ноябр Сангинов гуфт:

“Агар роҳбари давлати ҳамсоя ба дурангии остини як костюм ишора карда бошад, мутаассифона тарафи Қирғизистон дар музокирот чеҳраи чандранга доштанд. Замоне, ки мо мегуфтем, ки масъала бояд дар доираи қонун ва талаботи санадҳои байналмилалӣ ҳаллу фасл шавад, онҳо қабул мекарданд, вале вақти пешниҳоди ҳуҷҷат тамоман ҳуҷҷатҳои дигар ва аз нигоҳи талаботи санадҳои байналмилаливу миллӣ ҳамчун то ба охир қонунигардонида набуданд”, - гуфт ӯ.

Баҳси миёни ду кишвар бар сари аломатгузории бахши баҳсбарангези хати марз пас аз пошхӯрии Шӯравӣ ва касби истиқлоли кишварҳои ҳамсоя ҷараён дорад. Алмосбек Отамбоев дар нишасти охиринаш гуфт, дар ин муддат танҳо барои аломатгузории 50 дар сади марзи мавриди баҳс бо Тоҷикистон ба созиш расидаанд.

Ҳалли баҳси марзӣ ба иродаи сиёсӣ бастагӣ дорад

Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, созиш бар сари нисфи хати марзи муштарак, ки беш аз 970 км тӯл дорад, “ба шарофати Тоҷикистон” даст додааст. Ӯ гуфт, мушкили ба мувофиқа нарасидан дар он буд, ки Қирғизистон ба санадҳои байналмилалӣ, ки ҳарду кишвар бояд эътироф кунанд, таваҷҷӯҳ намекард.

Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, дар мулоқот бо аҳолии Чоркӯҳ дар Исфара

Вай афзуд: “Санадҳое, ки мо пешниҳод мекардем, расман тасдиқшудаи замони Шӯравӣ буданд. Санади умумие, ки метавонад марзи маъмурии давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷумла Тоҷикистону Қирғизистонро муайян кунад, ин тақсимоти миллӣ ва марзиву маъмурии соли 1924-27 буд.

Тарафи Қирғизистон пешниҳод мекард, ки азбаски онҳо ду дафъа - соли 1958-59 ва соли 1989 тарҳи нави хати марзи Қирғизистонро кашида, аз тарафи худ дар сохторҳои гуногун онро тасдиқ кардаанд, бояд ҳамчун асос барои баррасӣ гирифта шавад, ки аз нигоҳи манфиатҳои миллии мо ва талаботи санадҳои байналмилалӣ мухолифати хеле ҷиддӣ дошт. Аз нигоҳи қонунҳо ва конститутсияҳои ҳарду кишвар дар замони Шӯравӣ ин санадҳо ҳукми қонунӣ надоранд. Мо ба ин пешниҳоди ҷониби Қирғизистон ҳеҷ гоҳ розӣ шуда наметавонистем. Мушкили асосӣ ҳамин буд”.

Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, ин масъала бояд “бар асоси иродаи сиёсии ду давлат, бе дахолати дигар давлатҳо ва сохторҳои сеюм” ҳал шавад. Ӯ гуфт, Қирғизистон ҳалли ин баҳсро набояд ба наслҳои оянда ҳавола кунад.

Соли мушкили 2014 аз назари баҳсҳои марзӣ

Ваколатҳои президентии Алмосбек Отамбоев қарор аст рӯзи 24 ноябр ба анҷом расад ва ҳамон рӯз президенти нав – Сооробой Ҷеенбеков бо адои маросими савгандёдкунӣ ба курсии раҳбарии ин кишвар бинишинад. Дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш Ҷеенбеков ишора кардааст, ки хостори ҳамкориҳои наздиктар бо Тоҷикистон мебошад. Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон дар мақоми нахуствазири кишвар 6 июли соли ҷорӣ ва ширкат дар ҷараёни ифтитоҳи кори барномаи КАСА-1000 президент Раҳмон ва Ҷеенбеков дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро низ баррасӣ карданд.

Коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, Отамбоев ба фарқ аз раҳбарони дигари Қирғизистон, дар давоми 6 соли раёсатҷумҳуриаш ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом надодааст, дар ҳоле, ки маҳз баҳси таъин ва аломатгузории марз яке аз мушкилоти аслӣ дар равобити ду кишвар боқӣ мемонад.

“Баҳсро бо эҳсосҳои ғайридипломатӣ намешавад ҳал кард”

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлигари тоҷик рӯзи 20-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле муносибати Қазоқистоун Қирғизистон дар сатҳи бӯҳронӣ қарор дорад, баҳси марзи бо Тоҷикстонро доман задан ба манфиати Бишкек нест.

Ӯ гуфт: “Отамбоев қабл аз оне, ки давраи раёсати ҷумҳуриаш тамом шавад, дар сӯҳбатҳои расмиаш ба назокатҳои сиёсӣ ва дипломатӣ таваҷҷӯҳи лозим нишон намедиҳад. Дар ҳар сурат, ин умед вуҷуд дорад, ки чун замони раёсати Отамбоев анҷом ёбад, раиси ҷумҳури нави ин кишвар бо нигоҳи дигар равобити худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро дунбол хоҳад кард. Масоили марзӣ бисёр ҳасос аст, ба хусус агар ба баҳси марзӣ аз нигоҳи таърихӣ назар карда шавад, то шаклгириии Иттиҳоди Шӯравӣ ин кишварҳо бо марзу буми дигар арзи вуҷуд надоштанд. Ҳақи тоҷикон дар дар ин масъала, воқеан, дар минтақа зоеъ шудааст. Бинобар ин, дар ин масоил, ки мо 50 дар сади баҳсро дар асоси нақшае, ки 50 дар садро дода будем, ҳал кунем, зоҳиран ба манфиати Қирғизистон аст, ки Тоҷикистон онро қабул намекунад. Дар ин сурат, бояд ҷонибҳо гузаштҳои баробар кунанд, ки мушкил ҳал шавад. Баҳси марзро бо эҳсосҳои ғайридипломатӣ намешавад ҳал кард.

Мақомот мегӯянд, то имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъин ва аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳ ва замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Танҳо дар соли 2014 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 30 даргирӣ рух дода, дар ин танишҳои марзӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як афсари нерӯҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳарду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.