Тӯфони "Сэнди" то кунун чордаҳ кушта ба ҷой гузоштааст

Модару кӯдак аз мавҷи тӯфон фирор мекунанд. Массачусетс

Тӯфони “Сэнди” шоми душанбе (29 октябр) ба шимолу шарқи Иёлоти Муттаҳида расид.
Associated Press хабар дод, ки дасти кам се нафар дар Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ бар асари аз бех барканда шудани дарахтҳои азим ҷон бохтанд. Дар бораи сабаби марги дигарон то ҳол иттилое дар даст нест.

Хабаргузориҳо менависанд, ки вазъ соат ба соат сангинтар мешавад. Айни ҳол тақрибан шаш миллион нафар дар шимолу шарқи Амрико барқ надоранд. Гуфта мешавад, ки дар аксари манотиқ интиқоли нерӯи барқ ба хотири амнияти мардум қатъ карда шудааст.

Паёмади “Сэнди”, ба гуфтаи ҳавосанҷон, обхезии харобиовар ва бориши барфи зиёд дар ҳадди аққал 8 аёлат хоҳад буд. Тӯфон садҳо ҳазор нафарро барои тарки манзили зист маҷбур сохт.

Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар як паём бори дигар аз паёмадҳои фалокатбори “Сэнди” ҳушдор дода аз мардуми шарқи кишвар хоста буд, ки ҳушдори мақомоти маҳаллиро нодида нагиранд ва барои ҳар лаҳза тарк намудани ҷойи зисти худ омода бошанд.

“Муҳимтарин паёми ман барои мардум ҳамин лаҳза ин аст, ки, илтимос, ба ҳарфҳои мансабдорони давлатӣ ва маҳаллӣ гӯш диҳед. Вақте онҳо мегӯянд, ки кӯч бандед, шумо бояд кӯч бандед. Коҳилӣ накунед, интизори фурсат нашавед, машваратҳоро зери шубҳа набаред, зеро ин тӯфони ҷиддист ва агар одамон зуд амал накунанд, шояд паёмадҳои маргбор ба думбол дошта бошад”

Ба иттилои Маркази миллии пажуҳиши тӯфонҳо, тӯли хатти “Сэнди” 835 километр аст ва шиддати шамол 140 километр дар як соатро ташкил медиҳад. Тӯфон дар шарқи Амрико се рӯз ҳукмфармо хоҳад шуд. Ба гуфтаи мутахассисон, тӯфони “Сэнди” бо барфу борон ҳамроҳ мешавад ва дар макони офати табиӣ баландии барф шояд то ба як метр бирасад.

Тӯфони Сэнди ба шарқи Амрико расид



Дар бештари иёлоти шарқӣ - аз Каролинаи шимолӣ то Коннектикут вазъи изтирорӣ эълон шудааст. Чанд соат пеш Марказии миллии пажуҳиши тӯфонҳо ба сокинони Каролинаи Шимолӣ паёми нек расонд – “Сэнди” ба ин аёлат таҳдид намекунад. Ҳамзамон Барак Обама дар аёлати Деливэр ҳам вазъи изтирорӣ эълон кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳукумати федеролӣ аллакай ба ҳашт аёлати воқеъ дар соҳилҳои шарқӣ ва ба округи федеролии Колумбия дар рафъи паёмадҳои тӯфони “Сэнди” кӯмак хоҳад кард.

Ба иттилои расмӣ, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вошингтон муттавақиф карда шудааст. Нақбҳои мошингард аз хавфи обхезӣ баста шудаанд. Биржаи саҳҳоми Ню-Йорк эълон кард, ки рӯзи сешанбе кор намекунад. Дар иёлоти шарқӣ тақрибан 7 ҳазор парвоз дар хатсайрҳои дохиливу берунӣ лағв карда шудаанд. Дар ҳамин ҳол Хадамоти миллии ҳавосанҷии ИМА ҳушдор дод, ки ба Вошингтон ва дигар мавзеъҳои воқеъ дар канори рудхонаи Потомак бузургтарин аз соли 1996 ба ин сӯ обхезӣ таҳдид мекунад.

Барак Обама ҳушдор дод, ки паёмадҳои ногувори “Сэнди”-ро чанд рӯз баъд аз тӯфон ҳам бояд интизор буд. Аз ин пеш бар асари тӯфон дар кишварҳои ҳавзаи баҳри Кариб беш аз 60 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар баҳри Кариб 9 нафар то ҳол беному нишонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тӯфони Сенди дар шимолушарқи Амрико ҳоким аст


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!