Даромади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар ним соли аввали соли ҷорӣ қариб 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба буҷа беш аз 1,6 миллиард сомонӣ пардохтпулиҳои гумрукӣ ворид шудаанд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 377 миллион сомонӣ камтар аст.
Оқои Ғоиб, ки дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе, 14 июл сӯҳбат мекард, гуфт, барои мисол, дар ин муддат воридоти орд нисбат ба соли гузашта 16,8 ҳазор тонна ва семент 227 ҳазор тонна камтар шудааст:
"Воридоти чӯбу тахта низ нисбат ба соли гузашта 101 ҳазор метри мукааб ва мошину воситаҳои нақлиёт беш аз 15 ҳазор адад камтар шудааст", -- гуфт ӯ ва шарҳ дод, ки ҳамаи ин "ҳосил"-и таҳримҳои Ғарб нисбат ба Русия, ноустувории қурби пули миллӣ, мушкилоти транзити мол ва сиёсати тарофавии "чанде аз кишварҳои ҳамсоя" мебошад. Раиси Хадамоти гумрук мегӯяд, аз ҳисоби кам шудани воридоти ин қабил маҳсулот ба кишвар ба буҷа тақрибан 330 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.
Чун воридоти Тоҷикистон аз содироташ се маротиба камтар аст, қисмати даромади буҷаи кишвар аз пардохтҳои гумурукӣ сахт вобаста аст. То кунун қариб сеяки даромади буҷа аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба даст меомаданд. Ҳоло бо коҳиш ёфтани даромади кишвар аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ суоли матраҳ ин аст, ки буҷаи кишвар аз кадом ҳисоб пур мешавад ва ин раванд сари зиндагии мардум чӣ таъсир хоҳад дошт?
Собир Вазиров, номзади илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, коҳиш ёфтани пардохтҳои гумрукӣ, ки аз кам шудани қобилияти харидории мардум бармеояд, бешубҳа ба бузург шудани касри буҷа оварда мерасонад. Ӯ мегӯяд, бо кам шудани даромади буҷа сармоягузории сохтмонҳои давлатии мисли бунёди мактабу беморхонаҳо, театру майдонҳои варзишӣ ногузир ба таъхир гузошта хоҳанд шуд ва ин вазъ ба зиндагии мардум бетаъсир нахоҳад монд:
"Чунки дар паи ба таъхир афтодани чунин сохтмонҳо даҳҳо коргарон кори худро аз даст медиҳанд ва ҳамчунин савдои маводи сохтмонӣ дар бозорҳо суст мешавад, ки даромади хонаводаҳоро ба маротиб кам хоҳад кард", - гуфт Вазиров. Аз ин рӯ, ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, буҷаи кишвар ниёз ба бозбинӣ дорад.
Қаблан дафтари намояндагии Оҷонсии рушди байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон − GIZ низ пас аз як пажӯҳиши вазъи иқтисодии Тоҷикистон ба давлат тавсия дода буд бо назардошти бӯҳрон ва коҳиш ёфтани даромади хонаводаҳо, тоҷирон ва ширкатҳо қисмати даромади буҷаро бозбинӣ карда онро коҳиш бидиҳад. Аммо Сафаралӣ Раҷабов, узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори ҳукумат ба унвонии парлумон барои бозбинии қонуни буҷаи 2015 пешниҳод ворид нашудааст ва зарурат барои бозбинии буҷа вуҷуд надорад.
Давлати Тоҷикистон дар ин ростои бӯҳрони иқтисодӣ барномаи зиддибӯҳрониеро қабул кардааст, ки аз 41 банд иборат аст. Дар ин барнома пешбинӣ шудааст, ки дар сурати коҳиш ёфтани даромади буҷаи давлат, вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ вазифадоранд, ки пешниҳодҳои худро барои коҳиш додани хароҷот ба ҳукумат ирсол кунанд.
Тоҷикистон барои соли 2015 қонуни буҷаеро қабул кардааст, ки қисмати даромадаш дар сатҳи 15,3 миллиард сомонӣ ё наздик ба 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар пасманзари коҳиш ёфтани пули интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия, аксари иқтисоддонҳо бар инанд, ки ба эҳтимоли зиёд буҷаи Тоҷикистон дар соли равон ин миқдор даромад нахоҳад дошт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад