Нархи билети ҳавопаймои Душанбе-Самарқанд ду баробар кам шуд. ВИДЕО

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-эйр” як ҳафта баъди парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Самарқанд, хабар дод, ки арзиши билет коҳиш дода шуд.

Нархи чипта, ки барои парвози нахустин беш аз 600 сомонӣ муқаррар шуда буд, ҳоло то 300 сомонӣ (33 доллари амрикоӣ) коҳиш дода шудааст. Муддати парвоз бо ҳавопаймои Boeing 737–300 - 35 дақиқа мебошад.

Барқарор шудани парвозҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон дар паи беҳбуди равобиди ду кишвар дар моҳи марти соли 2018 имконпазир шуд. Парвози нахустин ба самти Узбекистон – пойтахти ин кишвар шаҳри Тошканд соли 2017 сурат гирифт ва ин парвозҳоро ширкати “Сомон-Эйр” анҷом медиҳад.

Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Самарқанд рӯзи шанбе, 28 июл анҷом гирифт ва дар ҳавопаймои нахустин гурӯҳе аз журналистони тоҷик ҳам ҳузур доштанд.

Барқарор шудани парвозҳо бо Самарқанд пеш аз ҳама барои он сокинони Тоҷикистон муҳим аст, ки дар ин шаҳри бостонӣ хешутабор доранд ва то як ҳафта пеш танҳо аз роҳи заминӣ имкон доштанд, ки ба дидори онҳо бирасанд. Роҳи заминӣ аз Душанбе то Самарқанд бо истифдаи нақлиёт 7-8 соатро дар бар мегирад. Ва ин ҳам дар шароите, ки низоми раводид ё виза миёни ду давлат бекор шудааст.

То моҳи март барои убури марз бо Узбекистон сокинони Тоҷикистон муваззаф буданд, ки визаи ин кишварро дошта бошанд ва танҳо баъди санҷиши гумрукиву марзбонӣ метавонистанд ба дохили кишвар ворид шаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парвозҳо аз Душанбе ба Самарқанд шурӯъ шуданд