Заррина Саломова: Алайҳи ҳамсарам ду шарикаш баёнот дод

Заррина Саломова, ҳамсари Абдумалик Саломов, ҷарроҳи маъруфи қалб, ки ба 5,5 соли ҳабс маҳкум гардид, мегӯяд, шавҳараш ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷандро аз рӯзи 24 ноябр ғайримунсифона номида гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ аз созмони “Салафия” пуштибонӣ накардааст.

Бо ҳукми додгоҳ кардиохирурги 41-сола ва ду шарики дигараш охири ҳафтаи гузашта ба зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Саломов гуфтааст, аз болои ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба додгоҳи зинаи болоӣ

Ӯ мегӯяд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст ва намедонад дар кадом асос ӯро дастгир кардаанд. Танҳо ҳамин чизро гуфта истодаанд

шикоят хоҳад кард.

Заррина Саломова дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми ноябр гуфт, ки шавҳараш дар мурофиаи додгоҳӣ пайрави равияи мамнӯи Салафия будани худро комилан рад кард, вале ду рафиқаш алайҳи ӯ шаҳoдати баръакс доданд.

Бахтиёр Воҳидов, вакили дифои Абдумалик Саломов, ки ба далели халал ворид накардан ба қазияи баъдии зерҳимояаш рӯзи 27 ноябр, аз суҳбат ва баёни назари худ худдорӣ мекунад, дар суҳбати қаблии худ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Саломов дар ҷараёни тамоми мурофиаҳои додгоҳӣ худро бегуноҳ меномид: “Ӯ мегӯяд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст ва намедонад дар кадом асос ӯро дастгир кардаанд. Танҳо ҳамин чизро гуфта истодаанд”.

Ҳукми ду шарики дигар

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 24 ноябр духтури ҷарроҳи қалб - Абдумалик Саломов ва ду шарики ӯро барои иртибот бо созмони мамнӯи "Салафия" гунаҳгор донист ва ӯро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард. Илҳом Ғаффоров – ҳамсинф ва Сайдулло Мирзоев – рафиқи ӯ ба 5 ва 5,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин хабарро ба Радиои Озодӣ рӯзи 27 ноябр масъулони додгоҳи шаҳри Хуҷанд тасдиқ карданд.

Саломов ва шариконаш аз рӯи моддаи 307 (иловаи 3, қисми 2 )-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор эълон шуда, мӯҳлати зиндонро дар маҳбаси низомаш сангин пушти сар хоҳанд кард. Барои шикоят аз қарори додгоҳ маҳкумшудаҳо 10 рӯз фурсат доранд.

"Оши палави салафӣ"

Ин дар ҳолест, ки ҳамсар ва пайвандони Абдумалик Саломов ӯро пеш аз ҳама як падари хонавода, ҷарроҳи қалб ва як намохони оддӣ мешиносанд. Онҳо мегӯянд, тақрибан тамоми вақти ӯ сарфи кору фаъолияти табибӣ буд ва баъзе намозҳои худро рӯзҳои фориғ аз кор дар масҷиди маҳалла мегузорид. Ва баъзе рӯзҳои истироҳат дар маҳфили “оши палав”- и ҳамсинфонаш иштирок мекард.

Бинобар ин иртибот додани ӯ бо гурӯҳи мамнӯи динӣ дуруст нест. Моҳи сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 6 рафиқи ӯро бо гумони пайравӣ аз равияи салафия боздошт намуда, дар асоси шаҳодати онҳо Саломовро низ дастгир намуданд. Чор рафиқи ӯро сипас мақомот аз боздошт раҳо карда, алайҳи ду нафари онҳо ва худи Абдумалик Саломов парванда боз карданд.

Абдумалик Саломови 41-сола, пизишки Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд ва ду рафиқаш моҳи августи имсол бо гумони ҳамнишинӣ ва иштирок дар "маҳфили палави салафиҳо" боздошт шуданд. Қаблан худи Саломов гуфта буд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст.

Додгоҳи ин афрод рӯзи душанбеи 20 ноябр оғоз шуда буд.

Абдумалик Саломов 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамкоронаш, соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард. Сипас дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.

Мутахассиси баландпояи касби худ

Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт. Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

Ҳамсари Саломов - Зарринахон Саломова низ ба ҳайси духтури амрози занона дар яке аз марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Саломовҳо аз 22 соли зиндагии муштарак чор фарзанд ба дунё овардаанд. Духтари калониашон дар донишгоҳ таҳсил мекунад ва сеи дигар мактабхонанд. Хонум Саломова гуфт, меҳри ватан буд, ки ин зану шавҳари табибро баъди 10 соли зиндагӣ дар пойтахти Русия дубора ба Хуҷанд овард.

Қаблан пайвандони Абдумалик Саломов бо гумони иртибот бо гурӯҳи мамнӯи “салафия” бо ирсоли номае ба унвони раиси ҷумҳур аз ӯ хостанд, барои таҳқиқи одилонаи қазияи пизишк аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ мусоидат кунад. Онҳо мегӯянд, ахиран ҷавоби ин номаи худро дарёфт карданд, ки дар он аз мақомоти додситонӣ хоста шудааст, дурустии парвандаи Саломовро таҳқиқ кунанд.

Дар Тоҷикистон, ки солҳои охир бо ақидаҳои ифротӣ ва созмонҳои мубаллиғи ин ақидаҳо, назири “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва дигарҳо муборизаи шадид эълон кардааст, садҳо нафар ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд. Дар бархе ҳолатҳо маҳкумшудаҳо худро то охир бегуноҳ меноманд ва мегӯянд, қурбони тӯҳмат шудаанд. Ин гурӯҳи маҳкумшудаҳо мегӯянд, дар зиндагӣ ба ҷуз намозхониву риояи меъёрҳои зиндагии як мусалмони оддӣ кори дигаре накардаанд, вале онҳоро мисли як тундгаро ва шахси ифротӣ муҷозот кардаанд.