65 000 доллар маоши моҳонаи мансабдорони баландпоя (ВИДЕО)

Моҷарои маошҳо ҳукумати Ҳасани Рӯҳониро дар ҳолати дифоӣ қарор додааст

Моҷарои маоши баланди мансабдорони баландпоя дар Эрон ҳукумати раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳониро дар як мавқеи дифоӣ қарор дода, имкони пирӯзии дубораи номзадҳои мӯътадил дар интихоботи соли ояндаро зери суол бурдааст.

Маълумот дар бораи маоши баланди чанд мансабдори баландпояи эронӣ, ки ду ҳафта пеш аз тариқи матбуоти марбут ба муҳофизакорон расонаӣ шуд, зоҳиран боис ба ҷудоии бештар дар Эрон шудааст. Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба инки мансабдорони баландпоя барои худ чунин маошҳои болову имтиёзҳои фаровонро дар кишваре сохтаанд, ки 30 дарсади аҳолиаш зери хатти фақр ба сар мебарад.

Бино ба ин маълумоти нашршуда, раиси як ширкати суғуртаи давлатӣ, барои мисол, барои худ дар моҳ баробари 30 000 доллар ҳуқуқ дуруст кардааст. Ҷамъи маошу имтиёзҳои дигари мудири яке аз бонкҳои давлатӣ 65 000 доллар (!!!) будааст. Ин аз 200-300 доллар маоши поинтарин дар идораҳои давлатӣ 200 маротиба ва аз маоши миёна дар Эрон 100 маротиба бештар аст.

Носири Сироҷ, раиси созмони бозрасии кулли Эрон дар пайи ошкор шудани ин моҷаро хабар дод, ки яке аз ин мудирони муттаҳам ба таҳияи ҳуқуқи баланд барои худ ҳабс шудааст. Ӯ афзуд, рӯйхати чунин мансабдороне, ки барои худ маошҳои ба истилоҳ “ғайриурфӣ” дуруст кардаанд, таҳия шуда ва ба мақомоти зидахл ироа хоҳад шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

65 000 доллар маоши моҳонаи мансабдорони баландпоя

Содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон рӯзи 26 июн дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Эрон гуфт: "Воқеан, инки як мудири як дастгоҳи давлатӣ, ё бонк ва ғайра ҳуқуқи муодили 50 баробари ҳуқуқи як коргар дошта бошад, мо қабул надорем. Ин одилона нест. Ҳатто агар ҷурм ҳам набошад, тахаллуф ҳам набошад, қонунӣ бошад ҳам, ин табъизи норавост."

Лориҷонӣ ҳамзамон аз бузург кардани масъала ҳушдор дод ва гуфт, ки ин моҷаро набояд барои сиёҳ кардани обрӯи Эрон сӯиистифода шавад.

Аммо нозирони умур мегӯянд, ки ин қазия ҳукумати мӯътадилгарои раисиҷумҳури кунунӣ Ҳасани Рӯҳониро дар як мавқеи дифоӣ қарор додааст. Ва он ҳам дар масъалаи маошу имтиёзҳои мансабдорони баландпоя, ки тавҷеҳаш барои ягон ҳукумат кори осону содае нест.

Асли ин моҷаро чист ва чӣ оқибате барои ҳукумати кунунии Эрон хоҳад дошт? Ин суолҳоро дар як гуфтугӯ бо Аҳмади Алавӣ, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии Эрон дар Стокҳолми Шветсия дар миён гузоштем.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

65 000 доллар маоши моҳонаи мансабдорони баландпоя

Аҳмад Алавӣ: Асли моҷаро ин аст, ки мудирони бархе бонкҳо, аз ҷумла бонки рифоҳи коргарӣ, ифшо шудаанд, ки ҳуқуқҳои солонаи чандмиллиардӣ гирифтаанд. Якеаш, барои мисол, моҳона 70 миллион туман мегирифтааст. Тибқи муқаррарот, маоши болотарин дар як идораи давлатӣ аз пойинтараш метавонад ҳадди аксар 7 маротиба фарқ кунад. Аммо мудирон иддао доранд, ки ҳуқуқи онҳо зери назорат ва бо ризоияти ҳайъатҳои мудира тасдиқ шудааст ва кори онҳо хилофи қонун набуд. Аммо мухолифони давлат талош доранд, ки ин моҷароро ба ҷанҷоли сиёсӣ табдил бикунанд. Аммо асли масъала ин нест. Асли масъала ин аст, ки ҳокимияти Эрон посухгӯ ва шаффоф нест нисбат ба, фаразан, маошҳо, ки чӣ тавр таъину чӣ тавр пардохт мешавад?

Радиои Озодӣ: Яъне як механизме, ки ҳуқуқу имтиёзҳои қишри мансабдорро дар Эрон назорат бикунад, вуҷуд надорад?

Аҳмад Алавӣ: Назорате вуҷуд надорад ва онҳо ҳар кореро, ки бихоҳанд, мекунанд. Дар адабиёти иқтисодии мо мегӯем, ки ин нӯги кӯҳи яхист, чунки фасоди идорӣ маъмулан ба ҷуз аз як бахши кӯчак бақияаш ҳама пинҳон мемонад. Дар канори дигар моҷароҳои фасод моҷарои маошҳо шояд чандон бузург набошад, вале мухолифони давлат ҳоло аз он барои касби машрӯияти худашон ва машрӯиятзудоӣ аз давлати Рӯҳонӣ истифода мекунанд. Аммо масъала ба шакли сохторӣ вуҷуд дорад ва марбут нест ба ин давлат ё он давлат, ин мудир ё он мудир. Фасод ба шакли маръиву номаръӣ, ба шакли хурду калон дар Эрон вуҷуд дорад ва ин ношӣ ба сохтори иқтидоргаро ва мазҳабии ҳокимият аст, на марбут ба ину он. Чаро? Чунки агар ҳамин афродро бифиристед ба як кишваре, ки шаффофу посухгӯ бошад, ҳеҷ кадомаш муртакиб ба фасод намешавад.

Радиои Озодӣ: Барои мисол, дар Эрон ба ҷомиа маълум ҳаст, ки раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ чӣ қадар ҳуқуқ мегираду чӣ имтиёзҳо дорад? Ё раисиҷумҳур?

Аҳмад Алавӣ: На, хайр. Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки созмонҳову ниҳодҳои зиёде ҳаст, ки зери назари оятуллоҳ Хоманаӣ ва мароҷеи тақлид, яъне охундҳои Қум қарор доранд ва аслан ҳатто маълум нест, ки оё инҳо андоз месупоранд ё на? Яъне мо дар Эрон шоҳиди ду гуна ниҳод ҳастем, иқтисоди Эрон як навъ иқтисоди дуалистӣ аст – бахшеаш зери назорати давлат аст ва бахшеаш – зери назорати валии фақеҳ. Бахши давлатӣ бо вуҷуди каму костиаш зери назорати нисбие қарор дорад. Аммо бахши вилоятиаш, ба мисли садову симо, остони Қудс, ё сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва амсоли ин, аслан зери ягон назорат нест ва касе ҳам наметавонад, ки ба онҳо ҳатто наздик шавад.

Радиои Озодӣ: Ва ин моҷарои маошҳо дар ниҳоят чӣ паёмаде дошта метавонад?

Аҳмад Алавӣ: Паёмади умумиаш ин аст, ки мухолифони давлат мехоҳанд ба Рӯҳонӣ бигӯянд, ки ин фасоде, ки моро муттаҳам мекардед, марбут танҳо ба мо нест, худи шумо ҳам фосид ҳастед. Ва ба ин васила машрӯиятро аз дасташ бигиранд. Чун соли оянда интихобот аст ва давлатро дар пешорӯи ин маърака нокоромад ва ҳатто соқит бикунанд, то ки то он мавқеъ парвандаи давлат он қадар бузург шавад, ки дар зери бори ин ҷанҷолҳо монеи интихоби муҷаддадаш бишаванд. Ва ба Рӯҳонӣ ҳам алакай гуфтаанд, ки давлаташ давлати чорсола хоҳад буд, ҳаштсола нахоҳад буд. Ин моҷарои маошҳо ҳам дар чорчӯби ҳамин барнома роҳандозӣ шудааст.