Аламхон Ашӯров, ҷавони 31 солаест, ки се сол пеш дар бозори Кӯлоб тарбуз мефурӯхт ва худаш нафаҳмид, ки чӣ гуна тарафдори ақидаи салафӣ шудааст. Ӯ дар ҳоле аз ҷониби пулис боздошт шуд, ки бо як харидори зоҳиран мазҳабиаш “барои риш ва зиёрати қабристон баҳс кард.”
Аламхон мегӯяд, қабл аз Иди Рамазон буд ва ин харидор гуфт, зуд барояш тарбуз бидиҳанд, зеро шитоб дорад ва бояд қабри падарашро тоза кунад. Аламхон ин амали мардро “куфр” хондааст.
“Ман аз фиттаҳои рӯҳониён ва дар сӯҳбат бо чанд савдогари бозор шунида будам, ки зиёрати қабрҳо ширк аст. Ҳаминро гуфтам ва баҳси мо сар шуд. Ӯ ба риши ман часпид ва гуфт, ки ришат ранги риши буз аст. Ман риши кӯтоҳи ӯро риши "шиагӣ" гуфтам. Мо кашталкашӣ кардем ва мардуми бисёр ҷамъ шуд. Нозири бозор зуд омада, маро боздошт карда, ба милисахона бурд. Дар он ҷо аз баҳси мо хулоса карданд, ки ман салафиям ва худам ҳайрон шудам,” – мегӯяд Аламхон Ашӯров.
Зери шубҳаи салафигароӣ афтодани Аламхон бесабаб набуд. Ба иттилои хадамоти махсуси Тоҷикистон, пайравони фаъоли салафия дар шаҳри Кӯлоб, деҳоти атрофи Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск ва бархе аз ҷамоатҳои навоҳии Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Рашт, Ҳисор ва Истаравшан истиқомат карда, маҳалли корашон бозорҳои маъруфи пойтахт, Корвон, Султони Кабиру Ганҷина ба ҳисоб мерафтааст. Ин нуктаро намояндаи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон баён дошт.
“Салафиҳо бо баҳонаи бозгашт ба асли ислом, тоза кардани он аз бидъат, мардуми мусалмонро ба қатлу куштор раҳнамоӣ мекунанд. Дар натиҷаи ташвиқоти дурӯғин шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёнаро ба сафи худ ҷалб карда, ба сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот таҳдид доранд,”- гуфт як мансабдори Кумитаи амният миллии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 27 май дар нишасти таҳти унвони “Ифротгароии салафӣ, давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ” вуҷуди ин равияи мазҳабиро барои суботу амният дар Тоҷикистон хатарнок унвон кард.
Амирбек Бекназаров, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки мубаллиғони аслии равияи салафия хатмкунандаҳои макотиби хориҷии Покистон ва Мисранд. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони ин гурӯҳ дар раъси “Давлати исломӣ қарор доранд ва маҳз инҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҳамоиш ба ин гуруӯҳи террористӣ ташвиқ мекунанд.
Амирбек Бекназаров салафиҳоро масъули ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” хонд ва гуфт, ки ин салафиҳо дар раъси ин созмони террористӣ қарор доранд. Омили зиёд гардидани теъдоди пайравони равияҳои экстремистиро, мақоми амнмятии Тоҷикистонба фаъолияти камранги дастгоҳҳои идеологӣ, дониши пасти сиёсӣ ва ҳуввияти миллӣ надоштани пешвоёнимазҳабӣ рабт дод.
Салафия идеологияи расмии Арабистони Саудӣ дониста мешавад, аммо ширкатдорони ин нишаст гуфтанд, ки аҳдофи хориҷии ин ҷараён аз ҳадафҳое кидар дохили ин кишвар пайгирӣ мешавад дорад, фарқ мекунад. Аксаран бар ин назаранд, ки ҷараёни Салафия ҳувияти милии мардумро ҳадаф қарор медиҳад ва бо шиори “мазҳаб аз миллат муҳимтар аст”- мардумро мағзшӯӣ мекунад ва аз онҳо нафаронеро месозад, ки на ифтихори миллӣ доранд ва на ҳаавои ватанпарастӣ.
“Онҳо бештар афродеро таҳти таъсир қарор медиҳанд, ки дар ҷомеа нуфуз дошта бошад. Бештар соҳибкорон ва рӯҳониён таҳти таъсири идеологии салафиҳо қарор гирифтаанд. Инҳо нафароне ҳастанд, ки аз паси худ чанд нафарро аз нигоҳи идеологӣ ва ё пулӣ метавонанд бубаранд. Барои пиёда шудани аҳдофи худ мубалиғони ин равия хеле хуб маблағгузорӣ шудаанд,” – мегӯяд Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Дар чанд соли ахир салафиҳои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудаанд ва ин пойгҳҳоро умдатан барои санг задан ба шиамазҳабҳо истифода мекунанд. Ҷараёнҳои мухталифи мазҳабӣ, баъди суқути Шӯравӣ ва футури идеологияи коммунистӣ ба Тоҷикистон роҳ ёфтанд ва бо истифода аз бесуоботии солҳои аввали истиқлолият,набуди идеология миллӣ майдони фаъолияти ба шаҳру деҳоти кишвар густариш доданд ва ҷавононро барои таҳсил ба мадрасаҳои Покистону Миср ва давлатҳои дигари арабӣ ҷалб карданд. Ҳукумати Тоҷикистон танҳо чанд соли пеш тавонист ба ин раванд хотима бубахшад ва таҳсили ғайриқонунӣ дар макотиби диниии хориҷиро мамнуъ кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо ба гуфтаи коршиносон ҳамон чанд соли баъд аз ҷанг ва таҳсили ҳазорон нафар дар мадрасҳои мазҳбӣ кофӣ буд, ки зеҳни ҷомеъа заҳролуд ва ҷудо кардани инсонҳо ба “кофар ва мусалмон” ба мавзӯи баҳсҳои мазбаҳӣ табдил шавад.
Мақомоти Тоҷикистон тарғиби арзишҳои миллиро абзори аслии мубориза бо тундгароӣ интихоб кардаанд ва бовар доранд, ки бозгашт ба асли хеш метавонад Тоҷикистонро аз таҳоҷуми мазҳабӣ наҷод диҳад.Қишри муҳофизароки ҷомеъа талошҳои мақомотро нақзи ҳуқуқҳои мазҳбаии худ унвон мекунанд.
Саидаҳмади Қаландар, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, ки густариши тундравӣ ва ифротгароӣ танҳо як роҳ дорад – огаҳӣ, маънавиёти ғанӣ ва таълиму тарбияи дуруст дар мактабҳо.”
Тоҷикистон равияи Салафияро дар соли 2009 мамнуъ ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2014созмони ифротӣ эълон кард. Садҳо нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав, бо шумули Салафия дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд.