Рӯзи ҷумъа ҷоизаи Иттиҳодияи Аврупо дар бахши ҳуқуқи башар ва озодии баён ба ду шаҳрванди Эрон – як вакили дифоъ ва як филмсоз супурда шуд.
Насрин Сутӯдаи 49-солаи зиндонӣ ва Ҷаъфар Паноҳии 52-сола барои ҷасораташон дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи башар ба ҷоизаи ба номи Сахаров сарфароз шуданд. Ин ҷоиза, ки ба номи донишманди шӯравӣ ва фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар Андрей Сахаров гузошта шудааст, соле як бор шурӯъ аз соли 1988 барои талошҳо дар роҳи таъмини озодиҳои инсонӣ тақдим мешавад. Нелсон Манделла аз нахустин барандагони ин ҷоиза мебошад. Имсол дар миёни номзадҳо барои бурдани ин мукофот исми гурӯҳи мусиқии Pussy Riot аз Русия низ зикр шудааст.
Мартин Шултс, президенти Парлумони Аврупо зимни эълони исми барандаҳои имсолаи ҷоизаи ба номи Сахаров гуфт, ки ин мукофот ба маънои “пайғоми ҳамраъйӣ ва эътирофи заҳматҳои як мард ва як зан аст, ки аз таҳдиду фишор наҳаросида, сарнавишти кишварашонро болотар аз тақдири худ гузоштанд”.
Мариэтта Шейк, як узви либерали парлумон гуфт, ки сарнавишти хонум Сутуда таваҷҷӯҳро ба фишорҳои ҳукумати Эрон болои фаъолони ҳуқуқи башар ҷалб мекунад.
Ҳуқуқшиноси маъруфи эронӣ Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ин хабарро бо хушнудӣ пазируфт. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ вай гуфт, ки ин мукофот таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ҷалб мекунад.
Насрин Сутӯда сентябри соли 2010 бо иттиҳоми таблиғоти зиддиҳукуматӣ, ки ба амнияти давлат таҳдид мекунад, боздошт шуд. Вай ҳоло мӯҳлати шашсолаи зиндонро дар утоқи якнафара сипарӣ мекунад.
Ӯ дар гузашта аз ҳуқуқи фаъолон, журналистон ва аз ҷумла ҳуқуқшиноси маъруф Ширин Ибодӣ ва Заҳро Баҳромӣ дифоъ кардааст. Хонум Баҳромӣ январи соли 2011 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дор овехта шудааст.
Паноҳӣ кори худро ба унвони филмсоз аз артиши Эрон шурӯъ карда, базудӣ як коргардони муваффақ гардид. Соли 2000-ум филми “Доира”-и ӯ барандаи ҷашнвораи байналмилалии синамои Венетсия гардид. Паноҳӣ сонсури давлатиро дар робита бо сару либоси мардуми оддӣ нодида гирифта, соли 2006 дар филми "Offside" гурӯҳи хонумҳоеро бо сару либоси мардона наворбардорӣ кардааст, ки барои дидани рақобатҳо дар чаҳорчӯби Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ меёбанд.
Декабри соли 2010 Паноҳӣ барои таблиғоти зиддидавлатӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. Илова ба ин, ӯ муддати 20 сол аз ҳақи филмбардорӣ маҳрум шуд. Вале бо ин вуҷуд, соли 2011 ӯ як рӯзро аз ҳаёти худ дар шароити хона наворбардорӣ карда, ин сабтро бо номи “Ин филм нест” дар як флеш-карде, ки дар дохили торте ҷо шуда буд, ба хориҷ аз кишвар баровард. Мунаққиди синамо Роҷер Эберт ин иқдоми коргардонро чун “як шуҷоати фавқулодда” ситоиш кардааст.
http://www.youtube.com/embed/xpHGu8HLK6s
Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

- Ин барандаҳо рамзи воқеии муқовиматҳои ҳамарӯза ва дарозмуддати мардуми Эрон аст. Мардуми ин кишвар аз фишорҳои пайваста ва хушунат ва сонсур азият мешаванд.
Ҳуқуқшиноси маъруфи эронӣ Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ин хабарро бо хушнудӣ пазируфт. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ вай гуфт, ки ин мукофот таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ҷалб мекунад.
- Ин ҷоиза нишон аз набуди озодии баён дар Эрон аст ва зимнан, таҳсини касоне, ки барои озодии баён дар Эрон фаъолият мекунанд , назири хонуми Сутӯда ва оқои Паноҳист.