Ҷасади Сайрам Холова ва як писарашро аз об берун оварданд. ВИДЕО

Дарёи Кофарниҳон дар 20-метрии манзили зисти Сайрам Холова ҷойгир аст.

Баъд аз зуҳри 14-уми май ҷасади Сайрам Холоваи 23-сола дар оромгоҳи деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор – дар рустое хоксупорӣ шуд, ки хонаи волидонаш он ҷост.

Ҷасади ҷавонзан субҳи душанбеи 14-уми май аз соҳилҳои Кофарниҳон дар ҳудуди деҳаи Ҳалқарӯд, ки 30 километр дуртар аз маҳалли зисташ будааст, пайдо шуд. Абдуғаффор Кавраков, раиси деҳаи Сунбулаи Ҳисор ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади писари чорсолаи ин зан Сӯҳбатуллоҳ имрӯз, 15-уми май аз деҳаи Ҳоҷигирдоб пайдо шуд. Аммо ҷасади Неъматуллои 2-сола ҳанӯз нопайдост.

Вақте мақомот маро пурсиданд, гуфтанд, ки келини шумо шикоят мекардааст, ки “шавҳараш шабҳо дар хона нест, бо ӯ зиндагии хуб надорад”. Ман ҳам дар ҷавоб гуфтам, ки агар ин духтар бо писари ман зиндагии хуб надошта бошад, ин кӯдакҳо аз куҷо таваллуд шуданд?

Ба гуфтаи наздикон, Сайрам Холова субҳи 7-уми май худу писаронаш Неъматуллои 2 ва Суҳбатуллои 4-соларо ба дарёи Кофарниҳон партофта, худкушӣ кардааст. Пеш аз хоксупорӣ шудани Сайрам, ҷасадро дар ташхисгоҳи бемористони марказии ноҳияи Ҳисор аз санҷиши тиббиву додгоҳӣ гузаронида, баъд ба хонаи волидонаш оварда дар ҳамон ҷой ҷаноза карданд.

Хулосаҳои тафтишоти судию тиббӣ

Натиҷаи аввалияи ташхиси тиббию додгоҳӣ нишонаҳои марги маҷбуриро ошкор накардааст. Хулосаи аввалияи тиббӣ ин аст, ки Сайрам дар натиҷаи ғарқ шудан дар об ҷон додааст. Хулосаи ниҳоии тафтишот баъди даҳ рӯз эълон хоҳад шуд. Баробар бо ҷустуҷӯи ҷасади зану ду фарзандаш, мақомот талош доранд сабабҳои худкушии онҳоро бисанҷанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷасади Сайрам Холова ва як писарашро аз об берун оварданд

Аз ҷумла, мақомоти кор бо занон ва оила дар як ҳафтаи баъди фоҷеа ба ин ақида омаданд, ки муноқишаву даъво дар хонаи зан метавонист сабаби аслии дилмондагии ӯ аз зиндагӣ шавад. Миҷгона Каримова, масъули бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҳисор гуфт, сӯҳбатҳои онҳо бо хонаводаи шавҳари Сайрам муайян кардааст, ки ин зани ҷавон на аз дасти хусуру хушдоман, балки аз сӯи шавҳараш азият мешудааст.

Миҷгона Каримова гуфт: "Ҳангоми сӯҳбат маълум шуд, ки дар давоми чанд соли зиндагӣ, шавҳари Сайрам ягон маротиба ба хонаи волидони ӯ наомадааст. Ғайр аз рӯзи тӯй. Хонаводаи Сайрам гуфтанд, ки ҳатто ҳамин ду кӯдакро таваллуд карда, аз таваллудхона ба хонаи худашон оварданд, дар ин ҳолат ҳам домодашон ба хонааашон наомада буд”.

Баъди нопадидшавии Сайрам ва писарон ин попӯши кӯдакон дар соҳили Кофарниҳон пайдо шуд

Ҳарчанд аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, мақомоти тафтишотӣ санҷиши қазияву бозпурсии шоҳидонро идома медиҳанд. Як мақом гуфт, ки агар гуноҳи хешовандонаш дар таҳрик ба марг кардани ин зан тасдиқ шавад, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи "расонидан то худкушӣ" вуҷуд дорад, ки муҷозоти афроди муттаҳам дар марги инсонро пешбинӣ мекунад. Маҳз аз рӯи ин парванда соли 2017 - Зафар Пиров дар шаҳри Кӯлоб ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ки шавҳари ҷавон сабабгори даст ба худкушӣ задани арӯси 40-рӯзааш Раҷаббӣ Хуршед шудааст, ки ба бокирагии ӯ шубҳа доштааст.

Тағои Сайрам ба худкушии ӯ бовар надорад

Вале ҳарду хонавода -- наздикони волидон ва ҳам ҳамсари Сайрам мегӯянд, зиндагии ӯ зоҳиран орому осоишта буд ва барои онҳо маълум нест, ки чаро ин зан метавонист қасди ҷони худ кунад.

Наздикони Сайрам мегӯянд, ки бо гузашти як ҳафта аз фоҷеа дар бораи қасди худкушӣ кардани ӯву нороҳатиаш аз зиндагӣ чизе намедонанд. Мирзосаид Назаров, тағои Сайрам Холова 14-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш шаш сол боз оиладор буд ва дар ин муддат бо ӯ бештар дар хонаи волидонаш дидор кардааст. Вай гуфт, вақти бештари Сайрам дар хонаи шавҳараш мегузашт ва ба маъракаҳои шодии хешовандони волидонаш кам ҳозир мешуд.

Ҷанозари Сайрамро дар хонаи падараш баргузор карданд

Ӯ ба қасди худкушии ҷиянаш бовар надорад ва мегӯяд, Сайрам бидуни ягон сабаб наметавонист қасди ҷони худу кӯдаконаш кунад. Ба гуфтаи Мирзосаид Назаров, онҳо маълум кардаанд, ки як рӯз пеш аз марг Сайрам фарзандонашро, ки гирифтори зуком шуданд, назди ҳамшираи шавқат бурда, сӯзандору гузарондааст.

Ҷузъиёти дигари зиндагии Сайрам, соатҳои охири умри ӯву андешаҳое, ки аз сараш мегузашт, барои онҳо маълум нест. Мирзосаид Назаров гуфт: "Ростӣ, ҳеҷ намедонам. Шояд шавҳараш ҳамаашро медонад. Ман шунидам, ки шавҳари Сайрам шабҳо ба дискоклуб мерафтааст ва шабона дер меомадааст. Саҳар дашт мерафтааст барои чупонӣ, бегоҳ дискоклуб”, - афзуд тағои Сайрам.

Хушдоманро ба ҷаноза роҳ надоданд

Ҳамсари Сайрам рӯзи 14-уми май дар санҷиши тиббию судӣ иштирок кард, вале баъдан нахост бо хабарнигорон сӯҳбат кунад. Аноргул Шарипова, хушдомани Сайрам Холова рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло сару садои зиёде мечархад, ки гӯё ин хонавода гунаҳгори бадбахтии арӯси хонадон ва фарзандонаш шудааст". Вай гуфт: “вале ин ҳама тӯҳмат ва гапи ноҳақ аст”. Аноргул Шарипова гуфт, ин зани ҷавон дар хонаводаи шавҳар азият намешуд.

Аноргул Шарипова

Хушдомани Сайрам гуфт, ҳеҷ гоҳ бо келинаш даъво надошт ва аслан сабаби ба ин кор даст задани ӯро намедонад. Ӯ гуфт, агар аз аввал медонист, ки келинаш онҳоро бо ин шева шармсору гунаҳкор мекунад, "пеш аз ин ҳодиса ӯро аз хона пеш мекард”. “Вақте мақомот маро пурсиданд, гуфтанд, ки келини шумо шикоят мекардааст, ки "шавҳараш шабҳо дар хона нест, бо ӯ зиндагии хуб надорад”. Ман ҳам дар ҷавоб гуфтам, ки агар ин духтар бо писари ман зиндагии хуб надошта бошад, ин кӯдакҳо аз куҷо таваллуд шуданд?"

Аноргул Шарипова гуфт, ки волидони Сайрам ҷасадро ба пайвандони шавҳараш надоданд ва аз онҳо хостанд, ки дар маросими ҷаноза ширкат накунанд. "Маро роҳ надоданд, пушти дар шиштам, - мегӯяд Шарипова. - Бигзор тафтишот муайян кунад”.

Худкушӣ ё қасди худкушӣ дар Тоҷикистон тамоюли нав нест ва сол ба сол шеваҳои такондиҳандаро касб мекунад.

Худкушии занон якҷо бо кӯдакони хурдсолашон дар солҳои охир дар Тоҷикистон зиёд сабт мешавад. Як чунин ҳодисаи ваҳшатноке соли 2016 рух дод. Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт ва дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Айнан бо ҳамин шева, моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт, вале дар натиҷа, модарро наҷот доданду ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.

Парвина Абдуллоев, октябри соли 2015

Пештар аз ин ҳодиса, дар моҳи июли соли 2015 сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё андохт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина, ки бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд, дар додгоҳ гуфт, “дар ин ҳодиса танҳо худаш гунаҳкор аст ва бояд худаш ҷавоб гӯяд, на каси дигар”.

Равоншиносони тоҷик ин ҳодисаҳоро шадидан нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, решаи аксари мушкилоти занон дар ҷабру зулм ва азият дар хонаи шавҳаронашон аст. Як равоншинос гуфт, ба хотири пешгирӣ аз такрор шудани чунин ҳодисаҳо ҳар як қазия бояд аз ҷониби мақомот дақиқан санҷида шуда, натиҷаҳои он ваё муҷозоти шахси айбдор дар ин ҷиноят тавассути матбуот ба ҷомеа расонида шавад. Дар ин сурат шояд мешавад аз фоҷеаҳои дигар ҷилавгирӣ кард.