Телевизиони “Сафо” корашро қатъ кардааст

Нахустин телевизиони мустақил ва моҳвораӣ бо забони тоҷикӣ баъд аз се моҳи пахши барномаҳо, фаъолияташро қатъ кард.
Вебсайти “Кингофсат”, ки манбаи умдаи иттилоъ дар бораи моҳвораҳо ва телевизионҳои моҳвораист, навиштааст, ки телевизиони Сафо рӯзи 12-уми ноябри соли равон “мавҷи 12380 мегаҳертз дар моҳвораи Ҳотбирдро тарк карда ва дигар дар қаламрави Аврупо пахш намешавад.”

Дар ширкати “Еутелсат”, мутассаддии моҳвораи “Ҳотбирд”, ки дар Фаронса қароргоҳ дорад, ба дархости хабарнигори Радиои Озодӣ доир ба қатъи пахши барномаҳои “Сафо” посух надоданд. Фарҳод Одинаев, аз муассисони телевизиони “Сафо” дар сӯҳбате аз шаҳри Маскав аз шарҳи қатъи барномаҳои телевизион худдорӣ кард ва гуфт, суоли мазкур бояд аз ҳайати эҷодӣ пурсида шавад. Аммо Темури Варқӣ, сардабири телевизиони “Сафо” низ қатъи нашри барномаҳоро шарҳ надод.


Як манбаи мӯътамад ва наздик ба телевизион ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мушкилоти молӣ ва бахусус саривақт пардохт нашудани ҳаққи моҳвораи Ҳотбирд, сабаби қатъи кори "Сафо" шудааст. Баъди аз ойинаҳои телевизион нопадид шудани Сафо дар аввали моҳи ноябр Темур Варқӣ рӯзи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки қатъи пахши барномаҳо ба далели корҳои фанниву профилактикӣ аст ва тасмими пахши барномаҳо дертар гирифта хоҳад шуд.

“Сафо” аз 8-уми августи соли равон ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тариқи моҳвораи Hotbird ба пахши барномаҳояш оғоз кард ва ҳар рӯз ахбори тоҷикӣ ва русӣ пахш мекард ва барномаҳои сиёсие ба мисли “Личное дело” ва барномаи мазҳабии "Ба сӯи нур" низ дошт, ки мисли онҳо дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ва ё телевизионҳои мустақили вилоятиву шаҳрӣ ҳеҷ гоҳ пахш намекунанд. Дар силсилаи мусоҳибаҳои ихтисосиаш ба мисли “Дидор” низ телевизиони Сафо умдатан бо мухолифони давлати Тоҷикистон, аз ҷумла Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар мунтақидони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон сӯҳбат мекард. Баъди ду ҳафтаи кор, дар таърихи 20-уми август ба амвоҷи ин шабака “паразит” фиристоданд ва дидани онро дар Тоҷикистон номумкин карданд.

Масъулони “Сафо” мегуфтанд, ки мавҷи онҳоро ҳадафмандона аз Тоҷикистон мезананд, агарчӣ мақомоти расмӣ ин иддаоро рад карда мегуфтанд, аз назари фаннӣ иҷрои ин кор аз дохили Тоҷикистон номумкин аст. Азбаски “Сафо” дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ кард ва нахустин телевизиони мустақил буд, баъзеҳо ҳадс мезананд, ки ин як тарҳи сиёсие барои ташвиқу тарғиби барномаҳои мухолифони давлати Тоҷикистон буд, аз ин рӯ бо анҷоми ин корзори сиёсӣ ва канор задани мухолифони давлат аз интихоботу пирӯз шудани Эмомалӣ Раҳмон дар он, дигар зарурате дар кори телевизионро намебинанд.

Масъулони шабака мегуфтанд, ки ТВ “Сафо” бо кӯмаки соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, таъсис ёфтааст. Аммо ба ақидаи б​архе манобеъ, дар асл дар пушти ин шабака Ҳизби наҳзати исломӣ, умдатарин ташаккули мухолифини Тоҷикистон истода буд, ки баъди чанд соли талошҳои ноком барои таъсиси телевизиони ҳизб дар Тоҷикистон маҷбур шуд, дар хориҷ аз кишвар ва дар Русия онро ба кор андозад. Аммо масъулони “Сафо” ва раҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ ҳар навъ иртибот бо ин шабакаро рад кардаанд.