Сафар Сафаров дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурда шуд (ВИДЕО)

Дар маросими ҷаноза писари президент ва раиси оҷонсии зиддифасод Рустами Эмомалӣ, раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода, ёвари президент Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси оҷонсии зидди маводи мухаддир Шерхон Салимзода ва мақомоти дигари Тоҷикистон иштирок карданд.

Рӯзи 21 октябр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе маросими ҷанозаи Сафар Сафаров, собиқ муовини аввали раиси ҳизби ҳокими Тоҷикистон баргузор шуд. Сафаров дар синни 69-солагӣ дар паи бемории дарозмуддати қанд ва гурда шоми 20 октябр дар ҳалқаи хонаводааш дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ҳамон рӯз табибон баъди муолиҷа дар бемористони "Медгородок" ӯро ба манзилаш ҷавоб доданд ва, ба қавли наздиконаш, тахминан дар соатҳои 11 шаб даргузашт.

Бародари ӯ Шермад Сафаров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар ҳошияи маросими ҷаноза гуфт, ки муддати дароз Сафар Сафаров аз бемории қанд ва гурда ранҷ мекашид, фишори хунаш ҳам баланд буд. Дар маросими ҷанозаи ин собиқадори ҳукумати Тоҷикистон писари президент ва раиси оҷонсии зиддифасод Рустами Эмомалӣ, раиси “Ориёнбонк” Ҳасан Асадуллозода, ёвари президент Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси оҷонсии зидди маводи мухаддир Шерхон Салимзода ва мақомоти дигари Тоҷикистон иштирок карданд. Инчунин дар ин маросим дипломатҳои хориҷии баландпоя ҳузур доштанд, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд.

Хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд, аксу наворбардорӣ аз ширкатдорони баландпояи ҷаноза аз ҷониби ходимони милиса иҷозат дода нашуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даргузашти яке аз ёварони собиқи Эмомалӣ Раҳмон

мешавад Баъди анҷоми маросими ҷанозаи Сафаров дар масҷиди марказии Душанбе, ӯро дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурданд. Сафаров соҳиби 4 духтар ва се набера буд. Даргузашти нобаҳангоми писараш соли гузашта, ба қавли наздикон, ба саломатии ӯ шадидан осеб расонд.

Сафар Сафаров дар солҳои баъди истиқлолияти Тоҷикистон дар мақомҳои муовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагон, муовини аввали раҳбари ҳизби халқӣ-демократӣ ва сафири Тоҷикистон дар Русия кор кардааст. Ӯро аз шахсиятҳои бонуфуз ва боэътибори доираи ҳоким ва яке аз устодони сиёсии президент Эмомалӣ Раҳмон меноманд. Онҳо ҳамроҳ дар сохторҳои ҳизбиву ҳукуматии Данғара, Кӯлоб ва Душанбе кор кардаанд. Ҳамкоронаш ӯро ҳамчун як раҳбари сахтгиру боинсоф ва ҳақиқатҷӯ ёд мекунанд.

Сафар Сафаров 22 майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 1983 мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Дар замоин Шӯравӣ бештар дар ниҳодҳои комсомоливу ҳизби коммунист кор карда, то мақоми котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло -Темурмалик) расида буд.

Октябри соли 2013 Сафаров ба Радиои Озодӣ мусоҳиба додааст

Солҳои 1990-2000 вакили парлумон, солҳои 2000-2001 раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 сафири Тоҷикистон дар Русия ва соли 2007 намояндаи мухтори Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шуд. Аз соли 2007 то феврали соли 2010 муовини авали раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд.

Соли 2010 муовини аввали раҳбари ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон таъин гардид ва дар декабри соли 2014 дар Анҷумани ҲХДТ аз ин мақом ба сабаби ба нафақа расидан барканор шуд.