Сафар Ҳақдодов раҳбари синамогарони тоҷик интихоб шуд

Сафар Ҳақдодов барои панҷ соли дигар раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар Анҷумани 11-уми Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ки рӯзи 26-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Сафар Ҳақдодов бори дигар раҳбари ин ниҳоди ҳунарӣ баргузида шуд. Сафар Ҳақдодов дар соли 2011 низ барои панҷ сол раҳбари ин иттиҳодия интихоб шуда буд.

Худи Сафар Ҳақдодов рӯзи 29-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои Иттиҳоди синамогарон ӯро бо овоздиҳии боз ва кушод ба ин мақом дигарбора интихоб карданд, ҳарчанд худи ӯ хеле алоқаманд буд, ки шахси дигар дар садри ин ниҳоди ҳунарӣ қарор бигирад.

Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон соли 1958 таъсис шуда ва чаҳор сол баъд ба фаъолият оғоз кардааст. Дар ҳоли ҳозир ин иттиҳодияи ҳунарӣ 134 аъзо дорад.

Сафар Ҳақдодов - сенариянавис, актёр, муҳаррир, продюсери тоҷик ва ҳамзамон раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, 5-уми августи соли 1961 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Фориғутаҳсили факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва аз соли 1986 дар “Тоҷикфилм” кор мекунад. Муассис ва раҳбари “Дидор”, аввалин ва ягона ҷашнвораи байнулмилалии синамо дар Тоҷикистон аст. Ин ҷашнвора соли 2014 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Сафар Ҳақдодов соҳиби Гран-прии ҷашнвораи байналмилаллии синамо дар шаҳри Тампер (Финландия) барои филми кӯтоҳи “Хоб дар бедорӣ” (соли 1991) ва ҷоизаи “Қиёми рӯз” (11 ҷоиза дар ҷашнвораҳои байнулмиллалӣ) аст.

Интихоби раиси нави Иттиҳоди синамогарон дар ҳолест, ки тамошобинони тоҷик аз он шикоят доранд, ки солҳои ахир дар кишвар филмҳои ҷолиб рӯи саҳна намеоянд. Ширкати "Тоҷиккино" чанд соли охир бо далели камбуди молӣ натавонистааст филмҳои хубро наворбардорӣ кунад. Дар се соли охир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 филми бадеӣ, 21 филми мустанад ва 10 филми кӯтоҳ наворбардорӣ шудааст.