Ин дар ҳолест, ки таърихнигорон солҳои охир нақши рӯшанфикрон ва озодандешони Кӯлобро ба фаромӯшӣ медиҳанд ва шиори умумӣ ин шудааст, ки “кӯлобиҳо омаданд ва ҳукуматро гирифтанд”.
Маҳзун, шоҳиди рӯйдодҳои он давра, мегӯяд, бо сар задани тазоҳуроти мухолифон дар Душанбе назорати вазъ дар Кӯлоб ба дасти гурӯҳ ва шахсони муштзӯр гузашт. Намояндагони давлат наметавонистанд, дар гирдиҳамоиҳои Кӯлоб сухан гӯянд, рӯшангаронро аввал ронда, сипас таҳдиди қатл карданд, чанде аз озодфикрон ва тарафдорони мухолифон кушта шуданд.
Сафар Аюбзодаи Маҳзун дар соли 2020 дар 64-солагӣ аз бемории COVID-19 даргузашт. Пеш аз ӯ бародари 70-солааш Бобохон Аюбов аз ҳамин беморӣ фавтида буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Подкаст дар Ютуб: