"Зеркало" бар пояи як пурсиш муайян кардааст, ки дар байни шунавандаҳои тоҷик, «Садои Душанбе» аз ҳама бештар маҳбубият доштааст.
Маркази назарсанҷии «Зеркало» ин пурсишро давоми рӯзҳои 14-25-уми январи соли 2013 аз тариқи телефон анҷом додааст ва дар он назари 910 нафари аз сини шонздаҳ боло, ба намояндагӣ аз сокинони ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ, ширкат кардаанд.
Ҳадаф аз ин назархоҳӣ муайян кардани мизони маҳбубияти шабакаҳои радиошунавонӣ дар кишвар будааст. Бар пояи ин назархоҳӣ, дар Тоҷикистон аз ҳама бештар радиои «Садои Душанбе» шунаванда доштааст.
55 дарсади шунавандагони "Садои Душанбе" мардон будаанд ва 29 дарсади шунавандаҳои ин радиоро афроди аз 20 то 29 сола ташкил медиҳанд. 53 дарсади шунавандагони ин радио бошандагони вилояти Хатлон мебошанд. Маҳбубияти ин шабакаи радиоиро бо дастрас будани он ба кулли манотиқи Тоҷикистон ва ҳам таҳияи бахши аслии барномаҳояш ба забонҳои тоҷикӣ иртибот медиҳанд.
Дар даҳгонаи баъдӣ радиоҳои "Авис-Плюс", "Азия FM" (AFM), "Азия-Плюс", "Ватан", "Диёр", "Имрӯз", "Тироз", "Тироз Плюс" ("Тирози ҷавонон"), "Ховар" ва "Тоҷикистон-1" қарор гирифтаанд.
Ин назархоҳӣ мегӯяд, душанбегиҳо аз ҳама бештар радиои «Ватан»-ро мешунаванд ва дар Хуҷанд радиои «Тироз» аз ҳама бештар маҳбубият доштааст.
Дар ҷараёни назарсанҷӣ шунавандагон аз ровиён ва барандагони дӯстдоштаи худ низ ном бурдаанд, ки миёни онҳо Зиёвиддини Нурзод, Сайфуллои Бозор (ҳар ду аз радиои «Садои Душанбе»), Субҳон Ҷалилов (Радио «Ватан»), Аслишо Акимбеков, Беҳрӯз Насриддинов (ҳар ду аз радиои«Азия Плюс»), Диловар Сафаров (Радио «Тироз»), Дурахшони Ортиқ (Радио «Имрӯз»), Гуландом Ашӯрова (радио «Тоҷикистон-1»), Зоир Холиқов (Радио «Авис Плюс»), Шоҳини Зарафшонӣ (Радио «Пайванд») ном бурда мешаванд.
71 дарсади пурсидашудагон дар бурдани номи ровии дӯстдоштаи худ оҷиз мондаанд.
Маркази назарсанҷии "Зеркало", ки беш аз 10 сол фаъолият дорад, пайваста пурсишҳои марбут ба маҳбубияти васоити ахбори умум, мавқеи онҳо дар афкори ҷомеаро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.