Гурӯҳе аз муҳоҷирон рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар 10 рӯзи ахир ба беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон патент надодаанд.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, мақомоти рус бе ҳеч далеле дархосташонро барои патент рад мекунанд ё мӯҳлат барои муроҷиат ба патентро ба моҳҳо ақиб мегузоранд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нотае ба сафири Русия дар Душанбе рӯзи 29-уми апрел аз "муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон" нигаронӣ карда буд. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, ки тафтиши муҳоҷирон як “чораи муваққатӣ” аст.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як муҳоҷири тоҷик, ки даҳ рӯз боз гурӯҳе аз дӯстонашро дар Маркази муҳоҷирати Санкт-Петербург ҳамроҳӣ мекунад, гуфт, ба ҳисоби ӯ дар ин муддат дархости зиёда аз 500 муҳоҷири тоҷик барои патент рад шудааст.
Мақомоти рус мушкили дарёфти патент барои шаҳрвандони Тоҷикистонро шарҳ надодаанд, вале муҳоҷирон мегӯянд, ҳадаф зоҳиран танҳо муҳоҷирони тоҷик аст, чун шаҳрвандони Узбекистон чунин мушкил надоранд.
Мақомоти тоҷик рафтори мақомоти рус нисбат ба муҳоҷирони тоҷикро “дағалона” номиданд. Дар Русия солҳо боз муҳоҷирони тоҷикро озору азият медиҳанд, вале пас аз ҳамлаи маргбор, вале шубҳабарангез ба толори мусиқии “Крокус” дар Маскав тоҷиконро гумонбар донистанд ва фишор болои муҳоҷирон афзоиш ёфт.
Садҳо муҳоҷири дигар дар фурудгоҳҳо ва роҳҳои заминӣ иҷозаи вуруд надоранд. Гурӯҳи дигареро дастаҷамъона аз ин кишвар ихроҷ мекунанд.
Рӯзи 29-уми апрел Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нотае ба сафири Русия дар Душанбе рафтори мақомоти русро хилофи анъанаҳои дӯстӣ миёни ду кишвар номида буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Лавров тафтиши муҳоҷирони тоҷикро дар Русия "чораи муваққатӣ" номидРусия аз Тоҷикистон қасос мегирад? Назарҳо ба муносибатҳои печидаи ду тараф"Комилан мувофиқ нест." Ёддошти эътирозии Тоҷикистон ба сафири РусияБанд мондани садҳо тоҷик дар як фурудгоҳи Русия. Вокуниши Душанбе ва посухи МаскавВКХ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, муваққатан ба Русия нараванд