Панҷуми апрел дар Душанбе даври нави ҷашнвораи театрии «Парасту» оғоз мешавад. Ҳайати эҷодии “Аҳорун” ё Театри таҷрибавии тамошобини наврас ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ба ин фестивал намоиши наверо омода кардааст, ки аз лиҳози драматургия, коргардонӣ ва иҷро ғайриодист.
Сӯҳбати мо бо коргардони ин намоиш ва раҳбари театри мазкур Сабоҳат Қосимова
Сабоҳат Қосимова яке аз аввалин бонуҳо буд, ки ҳамроҳ бо сарояндаи шаҳири Муқаддас Набиева аз ноҳияи Фархор барои омӯзиши ҳунар ба Душанбе омад ва ҳарду комёб шуданд. Сабоҳат Қосимова барандаи ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши зан» дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии «Наврӯз-90», Тугайлик» дар шаҳри Уфа, «Даҳаи фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Осиёи Миёна» дар шаҳри Антверпени Белгия аст. Ҳамзамон ӯ сарварии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимовро бар дӯш дорад ва дар густариши фаъолияти театр ва тарбияи ҳунармандони ҷавон саҳми назаррас гузоштааст.
аз муаррифии намоиши нав шурӯъ шуд.
Сабоҳат Қосимова: “Намоишномаи наве, ки мо таҳия кардем, «Таваллуди дигар» ном дошта, ба ёди Фаррухи Қосим, бунёдгузори театри мо ва коргардони маъруфи тоҷик бахшида шудааст. Ин як намоиши ғайриодист, ки аз рӯи асарҳои «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», «Исфандиёр», «Даҷҷол» ва «Шайхи Санъон» таҳия гашта, ашъори шайх Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Ҳаким Фирдавсиро фаро мегирад. Он рӯзи 7 апрел пешкаши тамошогарон мешавад.
Радиои Озодӣ: Метавон гуфт, ки намоиш ба сабки устод Фаррух сохта шудааст?
Сабоҳат Қосимова: “Намоишномаҳои мо танҳо дар ҳамин сабк таҳия намешаванд. Худи Фаррух ҳам танҳо дар асоси шеъри форсӣ намоишҳо намесохт. Масалан, «Шоҳ Лир»-и Шекспирро ба саҳна гузошта буд. Мо ҳам мехоҳем аз рӯи «Тартюф»-и Молйер намоиш омода кунем. Вале бидуни шак, диди Фаррух вижа буд ва дар ҳама асарҳояш эҳсос мешуд. Албатта, мо мактаби Фаррухро идома медиҳем ва театри Фаррух ҳамеша зинда хоҳад буд.”
Радиои Озодӣ: Аммо ин театр солҳо дарбадар ва саргардон буд, не? Ва ҳатто биное, ки ба театри Шумо доданд, тармимталаб буду шикояти зиёд садо медод.
Сабоҳат Қосимова: “Хушбахтона, бо иқдоми Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои таъмири бинои театри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, «Аҳорун» маблағ ҷудо гардид ва ҳамакнун ин кор ҷараён дорад. Албатта ин боиси хушҳолии мо аҳли ҳунармандону кормандони театр аст. Зеро орзуи деринаи мо пас аз гузашти солҳо ба воқеият табдил ёфт. Аҳли театр соҳиби макони аслии худ гардид. Аммо муҳим он ки дили ҳунармандони ҷавон ҳам ба кор гарм шуд. Ҳоло дар театр то чил нафар ҳунармандони ҷавон фаъолият мекунанд.
Радиои Озодӣ: Дар назди театр студияи ҳунарпешаҳои ҷавон фаъолият дорад. Ҳар сол онро чӣ қадар хатм мекунанд? Оё шумо аз сатҳи ҳунару маҳорат ва маърифати онҳо қаноатмандед?
Сабоҳат Қосимова: “Соли гузашта 10 нафар хатм карданд. Панҷ сол пеш 13 нафар онро ба итмом расонида буданд. Воқеан масъалаи камбуди ҳунармандони ҷавон, бахусус духтарон вуҷуд дорад. Аммо аз вазири фарҳанг ва ректори Донишкадаи санъат ташаккур мекунам, ки ба мо ин студияро ҷудо карданд. Ин гурӯҳ намоиши «Юсуфи гумгашта...» -ро рӯи саҳна оварданд. Гап дар он нест, ки ин ҳунармандон хуб бозӣ мекунанд ё бад. Гап дар он аст, ки сабке, ки Фаррухи Қосим соли 1990 бунёд гузоштанд, сабки нави миллӣ ва саропо бо шеър аст, тавонист мактаби арзандае ба вуҷуд орад.”
Радиои Озодӣ: Бовар доред, ки ҳунармандони ҷавон метавонанд, мактаби устод Фаррухи Қосимро идома ва куллан театрро рушд диҳанд?
Сабоҳат Қосимова: “Дунё ба умед аст. На ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд, ҳунарманд шуда метавонанд. Ин ҷо дуруғ гуфтан даркор нест. Вале ҳастанд онҳое, ки ишқ доранд. Муҳим аст, ки ишқ ба ин таъриху фарҳанг ва адабиётро дар вуҷуди онҳо ҷойгир кунем. Набояд онҳо худро дар саҳна дӯст доранд, ки ман Юсуфро бозӣ кардам. Фаррух Қосим ҳеҷ вақт «Ман!» намегуфт. Вай адабиётро дӯст медошт. Он қадар ошиқи ин адабиёту фарҳанг буд, ки мехост он ишқро ба мардум ҳадя намояд. Мехост тамоми мардуми тоҷик онро ҳифз кунанд, донанд ва аз он ифтихор кунанд. Ин қадар намоишҳо монд, театри машҳур таъсис дод. Бо он ки ёздаҳ сол бемор буд, аммо чаро ин қадар руҳи қавӣ дошт? Сад офарини ӯ, ки ними танаш кор намекард, аммо аз ҳамаи мо солимон солимтар буд.
Радиои Озодӣ: Ҳамчун ҳамсар ва ҳамкор Шумо шоҳиди зиндагӣ ва корномаи Фаррухи Қосим будед. Ба ташаккули он кас ҳамчун коргардоне бо сабки вижа ва бунёдгузори театри мунҳасир ба фард кадом омилҳо таъсир доштанд?
Сабоҳат Қосимова: “Аз волидон ҳам хеле вобастагӣ дорад, то муайян кунад, ки кӯдак ба чӣ шавқу рағбат дорад. Вале худи ӯ мегуфт, ки тамоми бузургони гузашта барои ман ҳаққи устодӣ доранд. Мегуфт, ман аз як шоир як савол меёбам ва аз шоири дигар посухи онро. Ба адабиёти ҷаҳон низ таваҷҷӯҳ дошту аз он меомӯхт.”
Радиои Озодӣ: Устод аз наврасӣ ба хатти форсӣ ошноӣ доштанд ва девони Мавлоноро мехонданд. Шояд аз ҳамон солҳо андешаи бунёди театри «Аҳорун» заминагузорӣ шуда буд?
Сабоҳат Қосимова: “Албатта, театри «Аҳорун» дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст. Пеш аз оне, ки театри «Аҳорун» - ро таъсис дод, ӯ нуздаҳ сол дар театри Лоҳутӣ намоишҳо мегузошт. Ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ ду асари Шекспирро рӯи саҳна оварда буд. Ишқи ӯ нисбати театр хеле барвақт, шояд баробари шири модар пайдо шуда буд. Ӯ ин ҳунарро дошт. Як нависандаи яҳудӣ гуфтааст, ки ҳунар мисли пул аст, яке онро дорад, дигаре надорад. “
Радиои Озодӣ: Дар як сӯҳбат гуфта будед, ки ният доред, китоби Фаррух Қосим «Роҳ ба сӯи Канъон» - ро ба нашр расонед. Оё ин ният амалӣ шуд?
Сабоҳат Қосимова: “Ҳанӯз ин ният амалӣ нашудааст, вале тамоми мавод омода аст. Баъди анҷоми таъмири театр бо хотири осуда ба ин кор машғул хоҳам шуд. Ин китоб дар бораи корҳои анҷомдодаи Фаррух, таҳлили намоишҳое, ки рӯи саҳна овардааст, диди худи коргардон ба онҳо ва андешаҳояш перомуни таърих, фарҳанг ва дигар мавзӯъҳо хоҳад буд.”
Сабоҳат Қосимова
Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Соли 1973, баъди хатми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода фаъолиятро аз Театри давлатии академию драмаи ба номи Абулосим Лоҳутӣ шурӯъ кард ва инак беш аз чиҳил сол аст дар саҳнаи театри тоҷик заҳмат мекашад. Нақшҳои бачаи шӯх — Шараф аз намоишномаи «Корвони бахт»-и Мирсаид Миршакар, Мадлена аз «Тӯдаи риёкорон»-и Михаил Булгаков, Офелия аз «Ҳамлет-и Шекспир дар саҳнаи театри Лоҳутӣ ва нақши Зулайхо дар намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», Катоюн дар «Исфандиёр», модар Марям дар «Даҷҷол» дар Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» аз ҷумлаи симоҳои офаридаи ӯ тӯли ин солҳост.Сабоҳат Қосимова яке аз аввалин бонуҳо буд, ки ҳамроҳ бо сарояндаи шаҳири Муқаддас Набиева аз ноҳияи Фархор барои омӯзиши ҳунар ба Душанбе омад ва ҳарду комёб шуданд. Сабоҳат Қосимова барандаи ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши зан» дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии «Наврӯз-90», Тугайлик» дар шаҳри Уфа, «Даҳаи фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, «Осиёи Миёна» дар шаҳри Антверпени Белгия аст. Ҳамзамон ӯ сарварии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимовро бар дӯш дорад ва дар густариши фаъолияти театр ва тарбияи ҳунармандони ҷавон саҳми назаррас гузоштааст.