"Фақат мегуфтанд, хун биёред." Сабаби марги Мижгонаи 27-сола чист?

Акси Мижгона Нуроваро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Хонаводаи Нуровҳо дар шаҳри Ваҳдат иддао доранд, ки духтари ягонаашон – Мижгона Нуроваи 27-сола – "дар пайи хунукназарӣ ва иштибоҳи табибон" баъд аз таваллуди кӯдак дар бемористон ҷон бохтааст. Пизишкон мегӯянд, зан бемории музмин дошт.

Даъвои наздикон

Мижгона Нурова рӯзи 7-уми октябри имсол, баъд аз бист рӯзи зоймон, фавтидааст. Тифли ӯ ҳамагӣ чанд соат умр дид.

Шарофат Нурова, аммаи Мижгона, рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пизишкони таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат шаби 19-уми сентябр "ба хато роҳ доданд", ки гуё дар ниҳоят боис ба фавти Мижгона ва кӯдакаш шудааст.

Шарофат Нурова

"Бачадонро мекафонанд, хунравӣ мешавад. Аз як тараф кӯдак "вазнин" шуда фавтид ва аз тарафи дигар духтарро барои ҷарроҳӣ дароварданд. Ҳангоми ҷарроҳии бачадон пешобдонро “заданд”, - изҳор дошт Шарофат Нурова.

Ӯ ҳамзамон иддао дорад, ки бародарзодааш бе ризояти наздикон “чанд бор” ҷарроҳӣ шуда, табибон шарҳ надодаанд, ки чаро чунин карданд. “Фақат мегуфтанд, ки хун биёред, плазма биёред”, - афзуд вай.

Посухи пизишк

Пизишкони Бемористони марказии шаҳри Ваҳдат ин иддаоро рад мекунанд. Фарангис Одинаева, табиби занон дар бемористони шаҳри Ваҳдат, 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Мижгона танҳо ду бор бо ризоияти хатии наздикон ҷарроҳӣ шудааст.

Фарангис Одинаева

“Мо ду ҷарроҳӣ гузаронидем. Бори аввал экстирпатсияи бачадон гузарондем, бори дувум барои набудани пешоб нефростомаи гурдаҳо гузошта шуд. Зан дар 14-солагӣ ҷарроҳии гурда шудааст. Дар гурдаи тарафи росташ пучшавӣ мушоҳида мешуд”, - афзуд Одинаева.

Фотима Меликова, хушдомани Мижгона, табибонро ба он айбдор кард, ки гуё бо вуҷуди дар ҳолати вазнин будани келину набераи навзодаш аз ӯ пул талаб карданд: “Гуфт, холаҷон духтар таваллуд кард. Ба ин фаррош 50 сомонӣ, ба худам 200 сомонӣ ва ба ин зан 300 сомонӣ деҳ”.

Шодигул Ҷонмадова, момодояе, ки гуфта мешавад шаби 19-уми сентябр дар таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат навбатдор буд, 9-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз касе пул талаб накардааст. Баръакс, иддао дорад, ки барои табобати Мижгона 1400 сомонӣ ёрӣ кард.

“300 сомонӣ дар дасти духтур худашон доданд, ки гиреду тақсим кунед. Ман ба Худо, пул нагуфтаам. Барои чӣ пул гӯям?” - изҳор дошт ӯ.

Мунтазири натиҷаи ташхис

Наздикони Мижгона нисбат ба табибон ба мақомоти қудратии шаҳри Ваҳдат шикоят карданд ва ҳоло натиҷаи ташхиси тиббиву додгоҳиро мунтазиранд.

Таваллудхонаи шаҳри Ваҳдат

Дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат сабаби эҳтимолии марги Мижгонаву кӯдакашро дар бемориҳои музмини модар ва бо таъхир овардан ба беморхона мебинанд.

“Тифли аз муҳлат гузашта бо нуқси модарзодӣ, яъне астити шикам ва нуқси дил таваллуд шуд. Дигар нуқсонро духтури неонатолог тасдиқ мекунад. Аз гапҳояш бармеояд, зан то ба ҳадде камхун будааст, ки роҳ гашта наметавонистааст. То ба ҳамин ҳолат овардаанд. Ягон маротиба дору нагирифта будаанд”, - мегӯяд Одинаева.

Фавти модарон ҳангоми таваллуд дар Тоҷикистон одатан эълом карда намешавад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ду сол пеш дар як гузориш навишт, ки дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 100 ҳазор модар ҳангоми таваллуд 24 зан мефавтад. Масъулони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҳам соли 2023 дар як нишасти хабарӣ гуфта буданд, ки дар як соли охир дар вилоят 24 марвиди марги занони ҳомила ҳангоми таваллуд сабт шудааст.

Наздикони фавтидаҳо дар бештари маврид пизишконро гунаҳкор мекунанд, вале табибон дар навбати худ мегӯянд, ба онҳо дер муроҷит шудааст ё давраи ҳомиладорӣ дуруст пушти сар нашудааст. Яке аз сабабҳои марги занон ҳангоми таваллуд камхунӣ ва норасоии ғизои солим гуфта мешавад.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Наздиконаш дар марги Мижгона табибонро гунаҳкор медонанд