Рӯзи байналмилалии хок ва қадри хоки Тоҷикистон

Созмони Милали Муттаҳид имрӯз 5-уми декабр дар Рӯзи байналмилалии хок гуфт, мардуми ҷаҳон қадри хок, як неъмати бебаҳои Заминро намедонанд ва дар сурати идомаи чунин беэътиноӣ, худашонро ба фалокат гирифтор мекунанд.

Дар Тоҷикистон то куҷо ба қадри замину хокаш мерасанд. Дар ин бора сӯҳбате доштем бо Бобишо Холов, мудири Институти хокшиносии Академияи кишоварзии Тоҷикистон, ки солҳои зиёде хоки кишварро зарра-зарра таҳқиқ кардааст.

Радиои Озодӣ: Оё дар Тоҷикистон мардум қадри хокро медонанд?

Бобишо Холов: “Албатта медонанд, чунки мувофиқи баъзе аз маълумот зиёда аз 85 дар сади маҳсулоти кишоварзӣ тавассути хоҷагиҳои шахсии деҳқонӣ ба даст оварда мешавад. Ин омор аз он шаҳодат медиҳад, ки деҳқон ва истифодабаранда манфиати заминро дарк мекунад. Ҳарчанд ки саводи кофӣ ҳам надошта бошад, дар бораи таркибу хусусияти хок, вале онро ба ҳамчун як неъмати бебаҳо қадр мекунад ва тасаввурот доранд, ки ба замин чӣ гуна муносибат кардан даркор, ки хусусият ва таркиби худро бой надиҳад, деградатсия нашавад. Ҳар як деҳқон бевосита ва бе ягон фармон аз боло худаш манфиатдор аст, ки заминаш ҳосили зиёд диҳад ва хароб нашавад. Албатта онҳо дарк кардаанд, ки замин неъмати бебаҳост, зеро барои мардуми кӯҳсор яке аз воситаҳои асосии таъминоти рӯзмарраи онҳо соҳаи аграрӣ ва соҳаи кишоварзӣ аст. “

Радиои Озодӣ: “Метавонем, тақсимбандӣ кунем, ки масалан хоки кадом минтақаи Тоҷикистон ҳосилхез аст, масалан дар Хатлону Бадахшон ҳосилхез асту дар дигар минтақаҳо не?

Бобишо Холов: “Бале ин тақсимбандиву гурӯҳбандиҳо ҳаст. Ба чанд гурӯҳ тақсим шудааст, класс ва баҳои муайян дорад. Инҳо ҳамааш муайян шудааст ва маълумотҳо дар бойгонии корхона ҳаст ва муайян кардани хоки минтақаҳои гуногуни кишвар идома дорад. Муайянкунӣ идома дорад, ки дар кадом минтақа, кадом ноҳия ва дар кадом вилоят, кадом намуди хокҳо мавҷуд аст, чӣ гуна хусусият доранд, сатҳи ҳосилдиҳии онҳо чӣ гуна аст, имкониятҳои табии онҳо чӣ қадар аст, албатта муайян ва маълум карда шудааст.”

Радиои Озодӣ: “Вале метавонед, як тақсимбандии умумӣ кунед, ки масалан хоки Хатлон ҳосилхез аст ва ё навоҳии тобеи марказ ва ё Бадахшону Зарафшон?

Бобишо Холов: ”Масалан Хатлон барои зироатҳое ҳосилхез аст, ки дар ҳамон минтақа муҳит барои рушду нумӯъашон муносиб аст. Масалан зироате ҳаст, ки дар Ҳисор ҳосили хуб медиҳад, дар Хатлон ҳосили бад, ё дар Рашт ҳосилаш камтар аст. Иқлиму обу ҳаво ба ҳар зироат таъсирашро мерасонад. Вобаста ба навъи хок, вобаста ба иқлиму обу ҳавову ҳарорат, маҳсулнокии ин ё он албатта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои ҳар хел аст ва иқтидори табии хок бошад, албатта дар ҳар ҷой ҳар хел аст. Масалан дар як қисми Хатлон иқтидори хок баланду ҳосилхез аст ва дар як қисми дигар паст. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор аст ва 7 фоиз замини ҳамвор дорад, релефаш тахту ҳамвор нест ва хокаш дар ҳарҷо гуногун аст. Барои ҳамин агар гӯем Ҳисор хуб асту Хатлон ганда, хато мекунем.“

Радиои Озодӣ: “Истифодаи босуръат ва ё беш аз ҳади хок ҳам ба қавле беҳурматӣ ба хок аст ва ба эрозияву деградатсия ва ё табоҳшавии замин мерасонад. Дар бораи ин мушкилӣ дар Тоҷикистон шарҳ медодед?

Бобишо Холов: ”Пас аз пош хӯрдани шӯравӣ дар ҳақиқат эрозияи хок нисбатан зиёд шуд, чунки бо сабабҳои маълуми иҷтимоиву иқтисодӣ, буриши дарахтон, худсарона истифода бурдани заминҳои нишебӣ барои кишту кори маҳсулоти кишоварзӣ эрозия зиёд шуд. Дар нишебиҳои то 12-15 градус бар асоси меърёҳои агротехникӣ киштукор манъ аст, вале солҳои аввали истиқлолият, ки иқтисодиёт паст буд ва аҳолӣ ба озуқа ниёзи сахт дошт, ингуна заминҳоро босуръат истифода карда ба деградатсия дучор карданд. Ба ҳамин сабаб эрозия ҳам андаке зиёд шудааст, лекин дар 5 соли ахир ҳукумат барои гирифтани пеши роҳи ин чанд қарор қабул кард, Аз ҷумла тақсими заминҳои корам барои хонасозӣ манъ шуд.”

Радиои Озодӣ: Худи пажӯҳишгоҳи шумо барои истифодаи босамари замин ва ё ба таъбири дигар эҳтирому донистани қадри замин чӣ корҳое анҷом медиҳад:

Бобишо Холов: “Мо дар байни деҳқонону хоҷагиҳои кишоварзӣ, семинар, хонишҳои таҷрибавӣ ва амалӣ мегузаронем. Бо номи Рӯзҳои деҳқонон чорабиниҳо дорем, ки дар доираи он мо дар саҳро бевосита бо деҳқонон вохӯриҳо мегузаронем, тавсияҳои илмӣ медиҳем, пешниҳод медиҳем, дастуруламалҳоеро, ки олимони мо додаанд, ройгон дар байни онҳо тақсим мекунем. Роҳу равиши истифодабараии заминро, роҳҳои баланд бардоштани ҳосилхезии заминро нишон медиҳем. Мегӯем, ки кадом чорабиниҳоро андешидан даркор, ки замин таназзул наёбад, кадом чорабиниҳоро андешидан даркор, ки хусусияти хок беҳтар гардад. Мо ҳамаи инро ба хоҷагидорону хоҷагиҳои деҳқонӣ ба тариқи ройгон пешниҳод мекунем.“

РS: Соли 2010 майдони умумии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон 3 миллиону 746 ҳазор гектарро ташкил медод, ки аз ин майдони умумӣ 859 ҳазору 500 гектари он замини кишт буд. Аксарияти мутлақи заминҳои кишоварзӣ чарогоҳанд. Бино ба ҳисобҳо 82.3% ҳамаи заминҳо ва 97.9% заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба ҳадде ба таназзул рӯ ба рӯ шудаанд.