Рустами Эмомалӣ -- иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе, дар интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт аз ҳавзаи рақами 25 баранда эълон шуд. Абдулло Холиқов, раиси комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе рӯзи 3 апрел эълон кард, ки Рустами Эмомалӣ дар ин ҳавза 84,80 дарсади раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Рақибони ӯ аз ҳизбҳои демократӣ ва аграрӣ -Ҳикматулло Саидиён ва Фазлиддин Икромов мутаносибан 2,63 ва 7,81 дарсади раъйи интихобкунандагонро аз худ кардаанд.
Ҳоло мақоми Рустами Эмомалӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе аст.
Дар ҳавзаи шумораи 62 ҳизби хокими халқӣ-демократӣ номзадии Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини раиси шаҳри Душанберо пешниҳод карда буд ва ӯ бо намояндагони Ҳизби аграрӣ Маъсума Алиева ва номзади ҳизби коммунист Фазила Файзуллобекова вориди рақобат шуд. Ба иттилои комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе, намояндаи ҳизби ҳоким 75,11 дарсад ва рақибони ӯ аз ҳизбҳои аграрӣ ва коммунистӣ ба тартиб 11,6 ва 8,78 дарсад раъйи интихобкунандагонро аз худ карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳикматулло Саидиён, номзади Ҳизби демократии Тоҷикистон ва рақиби Рустами Эмомалӣ дар ҳавзаи рақами 25 гуфт, охирин имкониятҳои худ ва ҳизбро дар интихоботи истифода кардаанд, вале имкониятҳои Ҳизби халқӣ демократӣ бештар буд. Вай афзуд, "мувофиқи тавонамон мо тавонистем 125 овезаҳои интихоботиро дар гӯшаҳои шаҳр насб кунем, вале Ҳизби халқӣ-демократӣ беш аз 300 овеза барои ташвиқу тарғиби номзади худ истифода кард." Ҳикматулло Саидиён ҳамзамон гуфт, ки ҳамчун номзад ҳеҷ гуна маҳдудият ва қонуншиканиро дар интихобот мушоҳида накардааст.
Аз ҳавзаи рақами 25 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини шаҳри Душанбе вакили маҷлиси пойтахт буд ва иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони пойтахт рӯзи 7 феврал ваколати ӯро қабл аз мӯҳлат қатъ кард. Ҳамчунин, вакилии Фирӯз Улмасов, раҳбари пешини дастгоҳи шаҳдории пойтахт аз ҳавзаи рақами 62 лағв гардид.
Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард, ки 19 соли гузашта раҳбарии пойтахтро ба ӯҳда дошт.
Ба дунболи пирӯзии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи Маҷлиси вакилони Душанбе, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъини ӯ ба мақоми шаҳрдори Душанбе фармон содир хоҳад кард. Ҳоло мақоми Рустами Эмомалӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе аст.
Рустами Эмомалӣ писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад ва аз ин қабл дар чандин вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасод, кор кардааст. Дар соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуда, дар ин мақом генерал Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи пешини Фронти халқиро иваз карда буд. Рустами Эмомалӣ бори дувум дар моҳи январи соли 2016 дар интихоботи президенти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок карда, раҳбарии ин ниҳоди варзиширо бар дӯш гирифт.
Рустами Эмомалӣ соли 2013, вақте ҳамагӣ 26 сол дошт, бо дарёфти унвони генералӣ раиси Хадамоти гумрук таъин шуд. Аз ин пеш муддате вакили маҷлиси қонунгузори шаҳри Душанбе ва муовини раиси Созмони ҷавонон буд. Вай 19 декабри соли 1987 таваллуд шуда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад