Себ, нок, олу, намаки... Туркия дар феҳристи таҳримҳои Русия

Сар аз 1-уми январ таҳримҳои Русия алайҳи Туркия эътибор пайдо мекунад. Қатъи равуои бидуни виза ба Туркия ва коҳиш додани саҳми ширкатҳои он кишвар дар тарҳҳои Русия, аз ҷумлаи ин таҳримҳо ба шумор мераванд.

Дар Русия эълон шудааст, ки аз 1-уми январи соли 2016 таҳримҳои Русия бар зидди Туркия эътибор пайдо мекунад. Қатъи рафту омади бидуни раводид бо Туркия, маҳдудияти воридоти фаровардаҳои ин кишвар ба бозори Русия ва коҳиш додани саҳми ширкатҳо ва шаҳрвандони Туркия дар тарҳҳои Русия, аз ҷумлаи ин таҳримҳо ба шумор меравад.

Бино ба маълумоти “Роспотребнадзор”, дар феҳристи таҳримҳо апелсину мандарин, ангур, себу нок, зардолуву шафтолу, олу, клубника, помидору бодиринг, пиёзу карам ва ҳамчунин гӯшти яхзадаи мурғи марҷон, мурғ, гули мехаку намак ворид шудаанд. “Роспотребнадзор” гуфтааст, ки аз 1-уми январ мағозаву бозорҳоро тафтиш ва аз фурӯш фаровардаҳои Туркияро мусодира хоҳад кард. Вале фаровардаҳое, ки то 1 январ ворид шудаанд, аз фурӯш гирифта намешаванд.

Дмитрий Потапенко

Дмитрий Потапенко, бунёдгузори сислсилаи фурӯшгоҳҳои "Пятерочка" пешгӯӣ мекунад, ки таҳрими меваву сабзавоти Туркия нархҳоро дар Русия боло хоҳад бурд. Вай таъкид мекунад, ки 55 дарсади помидор аз Туркия ворид мешавад ва ҳар гуна маҳдудият сабаби афзоиши нарх мешавад. Ин навъи маҳсулотро дер нигоҳ доштан имкон надорад ва он зуд хароб мешавад. Потапенко мегӯяд, шояд дар амборҳо захираҳои помидори Туркия мавҷуд бошад, вале он дар 15-20 рӯзи аввали таҳримҳо тамом хоҳад шуд. Аз моҳи феврал дигар ин маҳсулот камчин мешавад.

Ба суоле дар ин бора, ки баъд аз оғози таҳримҳо дар мағозаҳо чӣ хоҳад монд, Потапенко мегӯяд, агар мева ё сабзавот аз панҷ навъ кам шавад, мардум камбуди маҳсулотро эҳсос мекунанд. Ҳатто дар даврони Шӯравӣ талош мекарданд, ки бештар аз панҷ навъи меваву сабзавотро дар мағозаҳо дошта бошанд.

Оё ба ҷои Туркия ва ё Полша, ки воридоти онҳо мамнуъ аст, кишвари дигаре ҳаст, ки маҳсулоташ ҷойгузини маҳсулоти онҳо шавад? Бунёдгузори сислсилаи фурӯшгоҳҳои "Пятерочка" худаш ба ин суол хеле мухтасар ҷавоб медиҳад ва мегӯяд, “ҳоло кишваре намондааст, ки Русия бо он моҷаро накарда бошад.”

Агар мардуми Русия бо ин таҳримҳо розӣ бошанд, ин бад-он маънӣ хоҳад буд, ки онҳо танҳо ба ҷайби худ зарба мезананд. Туркияву Полша зиндагиашонро пеш мебаранд. Масалан, Полша баъд аз таҳрими воридоти меваву сабзавот ба Русия парвариши онро 15 дарсад боло бурдааст. Аз Норвегия воридоти моҳии ласос мамнуъ эълон шуда буд, вале даромади ин кишвар аз фурӯши ин навъи моҳӣ то поёни сол 4 баробар афзоиш ёфтааст.

Пешбинӣ мешавад, ки Иттиҳодияи Аврупо ҷои Русияро хоҳад гирифт ва маҳсулоти Туркияро харидорӣ хоҳад кард. Туркҳо низ акнун маҳсулоти худро бо нархи арзонтар мегиранд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то тобистони соли 2016 нархи меваву сабзавот дар бозорҳо ва мағозаҳои Русия 30-40 дарсад гарон мешавад. Болоравии нархҳо аз 10-15 дарсад оғоз меёбад ва тадриҷан ба 30-40 дарсад мерасад.

Баъд аз муноқишаҳои лафзии Русия бо Туркия баъзе тавлидкунандагон нархҳоро 50 дарсад боло бурдаанд. Соҳиби мол метавонад нархро таъйин кунад. Вале агар мақомот ба танзими он ҳам камар банданд, болоравӣ 10-15 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Ҳукумати Русия ҳамчунин як силсила тадбирҳоро барои маҳдудияти соҳибкории Туркия омода кардааст. Рӯзи 24-уми декабр Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия қарореро имзо кард, ки дар он феҳристи 53 ширкат оварда шудааст -- ширкатҳое, ки метавонанд шаҳрвандони Туркияро ба кор бигиранд.

Тибқи ин қарор онҳо танҳо дар бахшҳои сохтмон, мошинсозӣ, тавлиди масолеҳи сохтмон, лӯлаҳо ва асбобҳои сантехникӣ кор карда метавонанд. Дар ин феҳрист ҳукумат номҳои минтақаҳоеро низ овардааст, ки ширкатҳои Туркия метавонанд дар он ҷойҳо кор кунанд. Дар аввалҳои моҳи декабр 17 минтақаи Русия аз вазорати кор хоҳиш карданд, ки ба онҳо иҷоза диҳад, то шаҳрвандони Туркияро ба кор гиранд.

Карим Хас, сиёсатшиноси Туркия мегӯяд, ки аз таҳримҳои Русия Туркия ба иқтисоди Туркия 9 миллиард доллар зарар ворид мешавад, вале иқтисоди худи Русия низ зарари зиёд хоҳад дид. Рубли русӣ арзиши худро аз даст медиҳад ва инро мақомоти расмии Русия пинҳон намедоранд. Тахмин зада мешавад, ки тақрибан 40 ҳазор нафар шаҳрвандони Туркия дар Русия кор мекунанд ва мумкин аст онҳо ба Туркия баргарданд.