Магар рубли русиро дар Тоҷикистон сунъӣ арзон карданд?

Акс аз бойгонӣ

Арзиши расмии рубли русӣ дар ҳафтаи дувуми август дар Тоҷикистон якбора поин омад. Рӯзи 6-уми август ҳазор рубли русӣ бар асоси қурби таъйинкардаи Бонки миллӣ 149 сомонӣ арзиш дошт, вале то 10-уми август қурбаш то 141 сомонӣ кам шуд.

Бонкҳои тиҷоратӣ, ки ба интиқоли пул ва иваз кардани асъор машғуланд, бар ивази ҳазор рубл аз ин ҳам камтар, яъне 139-140 сомонӣ медоданд. Уфти якбора ва қобили мулоҳизаи рубл ба чанд рӯзи пеш аз Иди Қурбон рост омад. Муҳоҷирони кории тоҷик маҳз дар ҳамин шабу рӯз беш аз ҳарвақта ба хонаводаҳояшон бештар пул мефиристанд, то дастархони наздиконашон дар шабу рӯзи ид холӣ набошад.

Беқурбшавии рубл маҳз дар шабу рӯзи қабл аз ид гумонҳоеро ба вуҷуд овард, ки бонкҳо аз роҳҳои сунъӣ арзиши рублро поин бурданд, чун медонанд ҳама пул мефиристанд ва бо истифода аз ҳолат пули бештар даромад кардаву «бар сари муштариён кулоҳ» гузоштанд. Бонкҳо се сол инҷониб мутобиқи як қарори Бонки миллӣ рублҳои фиристодаи муҳоҷиронро ба сомонӣ табдил карда, баъдан ба муштариён медиҳанд.

«Поин рафтани қурби рубл сабабҳои айнӣ дорад ва хилофкорие аз ҷониби бонкҳо сурат нагирифтааст» - мегӯянд баъзе коршиносон. Ба гуфтаи онҳо: "Қарори табдили рубл ба сомонӣ гумонҳоро дар миёни мардум зиёд мекунад ва бовариашонро ба кори бонкҳо камтар».

Уфти якбораи қурби рубл қисме аз арзиши пулҳоро аз байн бурд. Барои мисол агар 10 ҳазор рубли фиристодаи муҳоҷирон дар 6-уми август 1490-1500 сомонӣ арзиш дошт, дар арафаи ид 1440-1450 сомонӣ, яъне аз 40 то 50 сомонӣ кам шуд.

Аммо Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 15-уми август дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ сабаби поин рафтани қурби рублро шарҳ дода, ҳадсу гумонҳоро рад кард. Бонки миллӣ гуфт, бинобар паст шудани қурби рубл нисбат ба доллар дар Русия, поинравии қимати он дар Тоҷикистон низ мушоҳида шуд. "Пастшавии рубл дар Русия ба қурби он дар Тоҷикистон бетаъсир намонд" - гуфтанд дар Бонки миллӣ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Таҳримҳо алайҳи Русия қурби рублро дар Тоҷикистон поин бурд

Шохиси рубл – доллар нишон медиҳад, ки воқеан рубл қурби худро аз даст додааст. Аммо на дар арафаи Иди Қурбон, балки дар оғози моҳи август. Агар 31-уми июл 63 рубл ба 1 доллар баробар буд, 2-юми август арзиши доллар то ба 65 рубл боло рафт.

Иқтисоддон Ораш Хоҷамуродов, ки таҷрибаи кор дар Анҷумани бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистонро дошт, мегӯяд, таъсири арзон шудани рубл то ба Тоҷикистон дертар мерасад, вале аз нигоҳи ӯ, зиёд шудани ирсоли рубл дар арафаи ид ҳам ба нархи он бетаъсир намондааст.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Қонуни бозор ҳамин аст, ки ҳар чизе бисёр шуд, арзишаш поин меравад. Дар чанд шабонарӯзи пеш аз ид муҳоҷирон ба наздиконашон бисёр пул мефиристанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки бо худ рубл оварданд ва онро ба сомонӣ табдил карда, харид мекунанд. Ин омил бар замми он ки рубл дар худи Русия қурби худро аз даст дод, арзиши онро дар баробари сомонӣ поин бурд.”

Хоҷамурдов мегӯяд, иду мавсимҳо, ки вобаста ба он харидуфурӯш зиёд мешавад, ба қурби асъор таъсир мегузорад. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар яке аз панҷ ширкати бузурги интиқоли пул дар Русия гуфт, дар рӯзҳои ду ҷашни динӣ – Рамазон ва Қурбон – интиқоли пул беш ҳар иди дигар ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон меафзояд. Бинобар арзёбии ӯ, интиқоли пул дар панҷ рӯзи қабл аз ид назар ба дигар рӯзҳои маъмулӣ 30 дарсад бештар мешавад. Бино ба омори расмӣ 90 дарсади асъори хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, рубли русӣ аст.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва бинобар омори Бонки марказии Русия дар се моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон ба ҳисоби 462 миллион доллар фиристодаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба Тоҷикистон 487 миллион доллар ворид шудааст.