Нахустин мусоҳибаи набераи Ислом Каримов (ВИДЕО)

Ислом Каримови хурдӣ

Набераи раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов барои бори аввал дар мазҳари ом зоҳир шуда, довталабона ба шабакаи “РенТВ”-и Русия мусоҳиба додааст.

Ислом Каримов, набераи 21-солаи раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов барои нахустин бор ба як расонаи хориҷӣ мусоҳиба додаааст. Сӯҳбати ихтисосии Ислом Каримов рӯзи 21 июн дар барномаи “Неделя”-и Марианна Максимовская дар шабакаи телевизионии “РенТВ”-и Русия пахш шуд. Максимовская дар дебочаи ин барнома Узбакистонро яке аз бастатарин кишварҳои пасошӯравӣ ба қалам дода, мегӯяд, онҳо тавассути телефон пешниҳоди мусоҳиба бо худи набераи Ислом Каримовро гирифтаанд.

Ислом Каримови хурдӣ бо “РенТВ” аз Лондон сӯҳбат кардааст. Дар ин навори 14-дақиқаӣ, ки дар Ютюб нашр шудааст, Ислом Каримов аз модараш Гулнора Каримова ҳимоят мекунад. Гулнора Каримоваи 42-сола, ки дар тӯли солиён вориси эҳтимолии тахти падараш ба шумор мерафт, аз тирамоҳи соли 2013 мавриди қаҳри ӯ қарор гирифта, бо духтараш Имон дар яке аз манзилҳояш дар Тошканд дар як ҳолати наздик ба ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.

Гулнора Каримова дар ҳабси хонагӣ

Иртиботи ӯ бо ҷаҳони беруна баъди уфтоданаш “аз арш ба фарш” аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ хеле маҳдуд карда шудааст, вале Гулнора гоҳ-гоҳе аз ин “зиндон”-аш тавассути номаҳои моломоли интиқоду шикоят ҳам аз падару ҳам аз модар ва ҳам аз хоҳари ягонааш Лола аз худ дарак медиҳад.

Ислом Каримови хурдӣ, ки Марианна Максимовская аз ӯ ҳамчун “Шоҳзодаи Осиё” ном мебарад, дар ин мусоҳиба мегӯяд, бори охир модарашро дар поёни моҳи январ дар Тошканд дида буд. Ӯ мегӯяд, “робитаи ман бо модарам хеле маҳдуд аст, вале аниқ медонам, ки ӯву хоҳарамро на аз хонаву на аз кишвар берун рафтан намемонанд. Хоҳараки ман ҳатто натавонист барои идомаи таҳсилаш ба инҷо биояд. Ӯ дар як ҳолатест, ки ман онро ҳабси хонагии ғайрирасмӣ меномидам.”


Ислом Каримови хурдӣ мегӯяд, мояи таъқиби модари ӯ на ягон моҷарои хонаводагӣ, балки бозиҳои сиёсиест, ки дар пушти ӯ идома доранд. Ӯ меафзояд, рӯзи 22 декабр, дар зодрӯзаш, вақте тибқи маъмул ба манзили бобояш омаданд, онҳоро роҳ надода, гуфтаанд, ки чунин фармон шудааст. Ба бовари Ислом Каримови хурдӣ, Ислом Каримови калониро дигарон алайҳи модари ӯ шӯр додаанд, вале талошҳои онҳо барои расидан ба дидори бобояшон ва фаҳмондани воқеъияти ҳол то кунун натиҷа надодааст. Ӯ мутмаин аст, ки агар онҳо ҳақиқатро ба бобояшон фаҳмонанд, ин “детективи узбакӣ”, ки ба сари модараш омадааст, ба хушӣ поён хоҳад ёфт: “Ӯ ҳақиқати ҳолро намедонад. Ба ӯ хабарҳои нодурустро бурда расондаанд.”

Ислом ва Имон фарзандони Гулнора Каримова аз издивоҷи ин духтари калонии президенти Узбакистон бо соҳибкори узбаки зодаи Афғонистон Мансур Мақсудӣ аст. Мансур Мақсудӣ баъди издивоҷаш бо Гулнора ба мақоми раҳбари намояндагии ширкати Coca-Cola дар Узбакистон таъин шуд. Ислом – нахустфарзанди онҳо – соли 1992 ва Имон соли 1999 ба дунё омадаанд. Дар соли 2001 ин оила фурӯ пошид ва Гулнора Каримова манзили Мақсудиро даор аёлати Ню-Ҷерсии Амрико тарк гуфта, ба Тошканд баргашт. Мақсудӣ то ҳол тавассути додгоҳ талаб дорад, ки фарзандонашро ба ӯ бидиҳанд. Дар Узбакистон дар посух алайҳи ӯ чандин парванда кушода, домоди собиқи раисиҷумҳурро ба тақаллуб, сарпечӣ аз супурдани андоз, ришвахорӣ, шустушӯи пул ва даҳҳо ҷинояти дигар айбдор кардаву таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд.

Каримов бо аҳли хонаводааш

​Гулнора Каримова танҳо дар соли 2008 дар Додгоҳи олии аёлати Ню-Ҷерсӣ ҳаққи васояти фарзандонашро ба даст овард. Аммо ба фарқ аз Амрико, дар Узбакистон додгоҳе чунин мустақил нест, ки Гулнора Каримова худро дар назди падараш сафед карда тавонад. Ислом Каримови хурдӣ умедвор аст, ки шояд бобои ӯ ин мусоҳибаро тамошо кунад ва яхаш об шавад. Ислом Каримови хурдӣ мегӯяд, баъди ҷудо шудани падару модараш ҳатто исми падарии ӯро иваз карданд ва ҳоло ӯ Ислом Исломович Каримов аст, на Мансурович.

Ислом Каримов, ки ҳоло 76 сол дорад, аз соли 1989, инак 25 сол боз бо муштҳои оҳанин бар Узбакистон ҳукумат меронад. То як соли пеш гумон мерафт, ки ӯ шояд ба ҷои худ духтари калониаш Гулнораро омода мекунад. Гулнора як замон парвози босуръате дар мансабҳои давлатӣ ҳам дошт ва ҳамин тавр, ба гуфтаи мунтақидон, аксари тиҷоратҳои муҳим дар кишварро зери назорат гирифта буд. Ҳоло додситонии Шветсия парвандаеро таҳқиқ мекунад, ки дар он ин духтари президенти Узбакистон ба гирифтани ришва ба маблағи тақрибан 350 миллион долллар дар ивази роҳ додани ширкати мухобиротии Telia Sonera ба бозори ояндадори ин кишвари Осиёи Марказӣ айбдор мешавад. Зимнан ширкати Tcell, ки дар Тоҷикистон кор мекунад, низ ба Telia Sonera тааллуқ дорад.