Даҳҳо тан аз муҳоҷирони кории тоҷик дар мавзеи Строгинои Маскав зимни як рейди мақомоти қудратии Русия боздошт карда шудаанд.
Шарифбек Садриддинов, як масъули ширкати сохтмонии «Сентр стройинвест»-и Маскав рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, даҳҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистонро мақомоти пулис аз мавзеи Строгино, ки хобгоҳи бузурги муҳоҷирон будааст, соатҳои 5-и субҳи 9-уми июл дастгир намуда ва ба боздоштгоҳи муваққат бурдаанд.
Ба таъкиди Садриддинов, ҳамаи ҳуҷҷатҳои кормандони ширкати «Сентр стройинвест» дуруст буданд, вале бо ин вуҷуд кормандони пулис онҳоро дар 20 автобус савор карда бурдаанд.
Садриддинов мегӯяд, дар хобгоҳҳои Строгино муҳоҷирони зиёд ба сар мебаранд, ки дар ширкатҳои гуногун кор мекунанд, вале пулис ҳамаи муҳоҷиронро новобаста ба дуруст будан ва ё набудани ҳуҷҷатҳояшон боздошт кардааст: «Масалан, дар бригадаи мо 20 нафар кор мекардем, ҳамон рӯз як ман ба кор баромадам. Дигарҳоро пулис соатҳои 5-и шом раҳо кард, бо вуҷуди он, ки кулли ҳуҷатҳояшон дуруст буд.»
Садриддинов афзуд, ки маълум нест чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи гузаронидани ин рейд боздошт ва ихроҷ шуданд, вале онҳое ҳам, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст буд, як рӯзи кориро дар боздоштгоҳ сипарӣ карданд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, агар муҳоҷир чанд рӯзи дигарашро боз дар чунин рейдҳо сипарӣ кунад, кордеҳ метавонад ӯро аз кор ронад.
Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба "Озодӣ" гуфтанд, ки низоми тафтиши ҳуҷҷатҳои будубоши муҳоҷирон дар Маскав то моҳи сентябри соли равон пурзӯр карда шудааст.
Саид Боев, як масъули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба Озодӣ гуфт, мақомоти қудратии пойтахти Русия амалиёти "Нелегал-2013"-ро пиёда мекунанд ва ин боздоштҳо дар чаҳорчӯби ҳамин рейд сурат гирифтааст: «Ду-се ҳафтаи охир ин гуна ҳодисаҳо зиёд шудаанд. Масалан, охиран шаҳрвандони моро дар мавзеъи Медведково ва истгоҳи метрои "Печатники" боздошт карданд. Новобаста аз онки муҳоҷирон ҳуҷҷат доранд, онҳоро аз тафтишоти сахт мегузаронанд.»
Ба гуфтаи Саид Боев, ҳамарӯза даҳҳо ҳолатҳои боздошти муҳоҷирон сурат мегирад. Вай бо нигаронӣ афзуд, ки муҳоҷирони тоҷик гоҳо аз ҳуҷҷатҳои сохта истифода мекунанд ва дар чунин ҳолатҳо, Хадамот аз онҳо дифоъ карда наметавонад. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, муҳоҷироне, ки дар "Печатники" боздошт шуданд, иҷозатномаи кории қалбакӣ доштаанд.
Боздошти саросарии муҳоҷирон дар ду моҳи охир хусусан дар шаҳри Маскав авҷ гирифтааст. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, масъалаи пешгирӣ аз муҳоҷирати густарда дар Маскав, ки сокинонашро нигарон кардааст ба яке аз шиорҳои маъракаи пешазинтихоботии мири Маскав табдил шудааст.
Муҳаммад Эгамзод, масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд: «Мавзӯъи муҳоҷирон яке аз мавзӯъҳои калидии фазои сиёсиву иттилоотии Русия ва ба хусус шаҳри Маскав қарор гирифтааст. Шадидтар шудани низоми муҳоҷират аз ҷораҳои пешазинтихоботии ҳукумати шаҳри Маскав аст. Боварӣ дорам, баъди интихоби мири шаҳри Маскав масъалаи муҳоҷират ба маҷрои маъмулии хеш бар хоҳад гашт.»
Ҷаноби Эгамзод афзуд, ҳоло дар назди сафорат як ситоди вижа амал мекунад, ки ҳадафаш расидагӣ ба чунин ҳолатҳост. Бояд гуфт, танҳо дар моҳи гузашта дар Маскав тахминан 1400 муҳоҷир, ки асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд, боздошт шуданд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳудуди як миллион сокини кишвар дар Русия кору зиндагӣ доранд, аммо манобеъи ғайрирасмӣ ин рақамро то 2 миллион нафар баровард мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад