Русия нархи патентро аз соли нав боло мебарад (Инфографика)

Мақомоти бисёре аз вилоятҳои Русия мехоҳанд аз 1 январ нархи патентро барои муҳоҷирони хориҷӣ баланд бардоранд.

Мақомоти бисёре аз минтақаҳои Русия аз азми худ барои боло бурдани арзиши патент барои муҳоҷирони хориҷӣ дарак медиҳанд.

Маҷлиси қонунгузории вилояти Новосибирск ахиран қарор кард, ки арзиши патентро аз 1 январ дар ҳудуди ин вилоят якбора 3 маротиба боло барад. Феълан патенти якмоҳаи кор барои муҳоҷирони хориҷӣ дар ин вилоят 1538 рублу 40 тинро ташкил медиҳад, вале он аз соли нав то 4500 рубл хоҳад афзуд. Ҳукумати Новосибирск мехоҳад аз ин роҳ дар соли оянда ба буҷааш 814 миллион рубл даромади бештар ворид кунад.

Волии Астрахан Александр Жилкин низ 1538 рубл нархи феълии патент барои муҳоҷиронро "ночиз" хонда, аз мақомоти маҳаллии ФМС хостааст, то 1 декбар пешниҳодҳояшон ҷиҳати ба таври қобили мулоҳиза боло бурдани арзиши патентро ироа кунанд.

Мақомоти шаҳри Маскав, пойтахти Русия низ эълон карданд, ки арзиши патентро барои муҳоҷирони хориҷӣ дар соли оянда боло мебаранд. Максим Решетников, раҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав дар ин ҳафта дар ҷаласаи раёсати ҳукумати пойтахти Русия гуфтааст, “арзиши патент бояд мутобиқ ба вақъи бозори кор бошад ва сатҳи миёнаи маош дар минтақаро дар назар бигирад. Дар 9 моҳи аввали соли 2015 маоши миёна дар Маскав беш аз 5 дарсад афзуд. Ба ҳамин далел мо пешниҳод дорем, ки дар соли 2016 нархи патент 4200 рубл шавад, яъне 5 фоиз боло биравад.”

Русия аз 1 январи соли 2015 бо тағйири сиёсати муҳоҷираташ барои муҳоҷирони хориҷӣ гирифтани патентро ҳатмӣ кард. Ҳар муҳоҷир, ки ба ҷустуҷӯи кор ба Русия меояд., бояд дар зарфи 30 рӯз аз рӯзи убури марзи ин кишвар соҳиби патент шавад. Нархи патент вобаста ба минтақа ва сатҳи миёнаи маошу даромади аҳолӣ дар ин минтақаҳо фарқ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир арзиши патент дар Маскав 4000 рублро ташкил медиҳад. Бино ба омори расмӣ, имсол ба буҷаи пойтахти Русия аз ҳисоби фурӯши патенти ба муҳоҷирони хориҷӣ 3,5 миллиард рубл пул ворид шудааст. 1 миллиарди он, бино ба гузориши хабаргузории “Россия сегодня”, аз ҳисоби патенти муҳоҷирони тоҷик ба даст омадааст.

Зимнан рӯзи 20 ноябр мақомоти Маскав аз фурӯхта шудани патенти 400 000-ум дар соли ҷорӣ гузориш доданд ва гуфтанд, ин патенти “ҷашнӣ” насиби як муҳоҷир аз Тоҷикистон шудааст.

Дар Кодекси андози Русия танҳо арзиши аванс ё пешпардохти ҳаддиақали патенти корӣ муқаррар шудааст, ки 1200 рубли русиро ташкил медиҳад ва ҳар сол вобаста ба коэффисиенти дефлятори вазорати рушди иқтисодии Русия тағйир меёбад. Вале мақомоти ҳар минтақаи ин кишвар ҳақ доранд вобаста ба шароити бозори кори худ коэффисиенти минтақавиашонро низ бар ин нархи муқарраршуда биафзоянд.

Дар ҳоли ҳозир, нархи аз ҳама баланди патент - 8000 рубл – дар ҳавзаи мухтори Чукотка дар минтақаи Шарқи Дури Русия мушоҳида мешавад. Дар ҷоии дувум бо 7 056 рубл нархи патенташ Ҷумҳурии Ёқутистон ва дар ҷои сеюм бо 6629 рубл нархи патент ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс истодаанд. Нархи патент ҳамин тавр дар вилояти Амур 4270, дар шаҳру вилояти Маскав 4000, дар Тюмен ва Ҷумҳурии Ингушистон 3999 рубл ва дар Санкт-Петербург 3000 рубл будааст.

Арзонтарин нархи патентро ба муҳоҷирон 5 вилоят – Иркутск, Киров, Кострома, Ростов ва Пенза – пешниҳод мекунанд. Нархи патент дар ин вилоятҳо дар соли 2015 ҳамагӣ 1568 рублу 40 тинро ташкил медод.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон то 4 миллиард доллар пул мефиристанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст. Пули муҳоҷирон дар баробари фурӯши пахтаву алюминий – ду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон – аз манбаъҳои асосии таъмини суботи иқтисоди ин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад.

Аммо дар соли 2015, бино ба ҳисобҳо, ҳаҷми пулҳои фиристодаи муҳоҷирон ба ҳисоби доллар беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтааст ва ин раванди коҳиши пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик, бар асоси пешгӯии нозирони умур ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ба мисли Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2016 низ идома хоҳад ёфт. Як сабаби аслии коҳиши даромади муҳоҷирон мушкилоти иқтисодии Русия ном бурда мешавад. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, як сабаби дигараш ташдиди қонунҳои муҳоҷирати кишвари мизбон аст, ки сар аз 1 январи соли 2015 хароҷоти муҳоҷирон барои қонунӣ кардани кору зиндагиашон дар Русияро хеле зиёд кардааст.

Ҷадвали нархи патенти кор дар вилоятҳои Русия дар соли 2015 (бо рубли русӣ)

Ҳавзаи Чукотка

8 000

Вилояти Архангелск

2 666,28

Ҷумҳурии Саха - Ёқутистон

7 056,20

Вилояти Калининград

2 666,28

Ҳавзаи Ямалу Ненетс

6 629

Вилояти Волгоград

2 600

Вилояти Амур

4 270

Вилояти Оренбург

2 580

Шаҳри Маскав

4 000

Вилояти Брянск

2 500

Вилояти Маскав

4 000

Вилояти Омск

2 500

Вилояти Тюмен

3 999,42

Вилояти Самара

2 500

Ҷумҳурии Ингушистон

3 999,42

Вилояти Тамбов

2 500

Вилояти Магадан

3 921

Вилояти Свердловск

2400,12

Вилояти Калуга

3 842

Вилояти Нижний Новгород

2 274,16

Вилояти Вологда

3 640

Вилояти Орёл

2038,92

Вилояти Челябинск

3 500

Вилояти Иркутск

1538,40

Вилояти Курск

3 293,64

Вилояти Киров

1538,40

Вилояти Воронеж

3 293,64

Вилояти Кострома

1538,40

Вилояти Новгород

3 293,64

Ҳавзаи мухтори Ненетс

1538,40

Вилояти Белгород

3 192

Вилояти Ростов

1538,40

Ҷумҳурии Чувашистон

3 136,80

Вилояти Пенза

1538,40

Ҷумҳурии Хакасия

3 136,80

Вилояти Уляновск

1538,40

Вилояти Липетск

3 136,80

Вилояти Новосибирск

1538,40

Кишвари Приморе

3 136,80

Вилояти Астрахан

1538,40

Ҷумҳурии Мордова

3045,70

Ҷумҳурии Қалмиқистон

1538,40

Вилояти Кемерово

3 000,35

Вилояти Владимир

3 000

Вилояти Ленинград

3 000

Шаҳри Санкт-Петербург

3 000

Вилояти Томск

3 000

Вилояти Тула

3 000

Вилояти Твер

3 000

Ҷумҳурии Тотористон

2 838

Вилояти Саратов

2 823,12

Вилояти Ярославл

2 823

Вилояти Рязан

2 807

Кишвари Краснодар

2 800

Вилояти Смоленск

2 750

Вилояти мухтори яҳудиён

2 745

Кишвари Хабаровск

2 744,70