Пулиси Русия дар яке аз боғҳои шаҳри Химкӣ даҳҳо қавмгарои русро ҳангоми тафтиши асноди муҳоҷирони хориҷӣ дастгир кардааст.
Пулиси Русия як гурӯҳи қавмгароёнро ҳангоми “ҷустуҷӯ”-и муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар шаҳраки Химкии вилояти Маскав дастгир кардааст. Ин афрод талош доштаанд, тавассути ба истилоҳ “рейди гражданӣ” дар яке аз боғҳои Химкӣ асноди мардуми ғайриславяниро тафтиш кунанд. Дмитрий Демушкин, раҳбари иттиҳодияи “Русские” ба Интерфакс гуфтааст, пулис 4 нафарро дастгир карда, кеи дигарро ба Кумитаи тафтишот овардаанд.
Расонаҳои русӣ менависанд, бо ҳудуди 40 нафари дигар аз пайравони ин ташаббус маъмурони пулис ва ОМОН дар ҳамон боғ “сӯҳбат” карда, ҳадафи онҳо аз баргузории “рейд”-ашонро пурсидаанд. Суоли дигар ин буда, ки оё аъзои ин “рейд” дар сурати ошкор кардани ягон муҳоҷири ғайриқонунӣ бо ӯ чӣ хоҳанд кард? Демушкин гуфтааст, ки онҳо чунин “рейд”-ҳоро ба сурати мунтазам доир карда, аз натоиҷаш ба пулис хабар медиҳанд.
“Рейди гражданӣ” дар Химкӣ дар ҳолест, ки бархӯрд бо муҳоҷирон дар Русия дар ин авохир, бахусус баъди ошӯбҳои зидди муҳоҷирон дар минтақаи Бирюлёвои Маскав шиддат гирифта, гузоришҳои расида ҳокии дар роҳи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳарчӣ бештар аз як гиребон сар баровардани мақомоти расмӣ бо гурӯҳҳои қавмгаро дар Русия аст.
Яке аз чунин чораҳо амалиётҳои ҳар рӯзи ҷумъа алайҳи муҳоҷирон аст, ки якеаш дар рӯзи ҷумъаи гузашта дар ҳамон Химкӣ доир шуд. Ин амалиёт зоҳиран дар Русия ба ҳукми анъана медарояд.
Пулиси вилояти Маскав гуфтааст, ки рӯзи ҷумъа дар ҷараёни амалиёти “Антикриминал” дар се ноҳияи Химкӣ, Солнечногорск ва Истраи ин вилоят 675 муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбакистонро боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти пулиси вилояти Маскав гуфтааст, “дар пайи ин боздоштҳо 11 парвандаи ҷиноӣ кушодаанд, ки 5 парвандааш марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва боқимондааш барои тақаллуби аснод, тиҷорати ғайриқонунӣ ва истифодаи ғайриқонунии тамғаҳои тиҷоратист.” Бино бар ин манбаъ, қазияи 105 нафар аз муҳоҷирони боздоштшударо ба додгоҳҳо мефиристанд, то ки масъалаи рондан(выдворение)-и онҳо аз қаламрави Русияро баррасӣ кунанд.
Мақомоти Русия дар ин авохир дар амри мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ бештар аз усули рондан (выдворение) кор мегиранд, чунки ба фарқ аз ихроҷ(депортация) ҳукми ронданро ҳатто барои ҷароими хеле ночизе, ба мисли напардохтани пули телефон ё рондани мошин бо суръати баланд, ва бо проседураҳои хеле содатар метавон содир кард. Дар айни замон, паёмадҳои “выдворение” низ тақрибан баробари оқибатҳои депортация аст, яъне муҳоҷири хориҷӣ метавонад то 5 сол ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст медиҳад ва агар бо ному насаби дигар талоши баргаштан кунад, ӯро метавонанд бо иттиҳоми “убури ғайриқонунии марз” ба ҷавбгарии ҷиноӣ бикашонанд.
Лаҳни мақомоти Русия дар қиболи муҳоҷирон, бахусус дар Маскаву вилояти Маскав, дар пайи ошӯбҳои ахир дар минтақаи Бирюлёвои пойтахти Русия ба маротиб шадидтар шудааст. Сокинони ин минтақа рӯзи 13 октябр ба дунболи кушта шудани Егор Шербаков ном сокини маҳаллӣ бо шиорҳои зидди муҳоҷирон даст ба тазоҳурот заданд, ки ба хушунат печид.
Ин ошӯбҳо танҳо баъди бастани базаи меваву сабзавот – макони асосии кори муҳоҷирони хориҷӣ дар Бирюлёво - ва боздошти шаҳрванди Озарбойҷон Орҳан Зайналов – гумонбари асосӣ дар қатли Шербаков – яке каме фурӯкаш кард, вале зоҳиран ташдиди боз ҳам бештари сиёсати мақомоти Русия дар қиболи муҳоҷиронро дар пай хоҳад овард.
Рӯзҳои ҷумъа аз хона набароед!
Муҳоҷирони тоҷике ки дар ин минтақаи Маскав ба сар мебаранд, дар номаҳои катбӣ ба Озодӣ менависанд, ки аз тарси ҷон то ҳол наметавонанд аз хонаҳои иҷораи худ берун бароянд. Кушта шудани як озарӣ ва як муҳоҷири узбак дар манотиқи атрофи Бирюлёво ва амри раҳбари пулиси Маскав ба тафтиши так-таки хонаҳо дар пойтахти Русия ба нигаронии муҳоҷирон боз ҳам афзудааст.
Сардори пулиси шаҳри Маскав Анатолий Якунин ба зердастонаш амр додааст, ки ҳар рӯзи ҷумъа ба манзури ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ амалиётҳои иловагӣ барпо кунанд. Ӯ ба нозирони минтақавӣ дастур додааст, ки дар чорчӯби ин амалиёти рӯзҳои ҷумъа, ки ба он “Сигнал” ном додаанд, бояд тамоми манзилҳои истиқоматӣ дар пойтахти Русияро як-як бигарданд. “Дар шаҳри Маскав ягон маконе, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ пинҳон шуда тавонанд, набояд боқӣ бимонад,” – гуфтааст сардори пулиси Маскав.
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, ки дар интихоботи моҳи сентябр аз ҷумла бо кумаки шиорҳои зидди муҳоҷирон пирӯз шуд, ахиран лаҷом задани маҷрои муҳоҷират ва дар чорчӯби қонун овардани муҳоҷирони кории хориҷӣ, ки Собянин шумори онҳо танҳо дар Маскавро то 800 000 нафар баровард мекунад, бастани базаҳои меваву сабзавот ва ҷорӣ кардани “боҷи вуруд” барои муҳоҷирон дар марзҳои Русияро пешниҳод кардааст: “Бояд тарзе кард, ки муҳоҶирон ҳангоми убури марз як миқдор пул пардохт кунанд. Бояд пойдевори иқтисодиро аз зери пои корфармоён ва худи муҳоҷирон зад. Коре бояд кард, ки муҳоҷирон барои корфармоёни рус аз нигоҳи иқтисодӣ сӯди камтар биоранд.” Сергей Собянин ҳамзамон овозаҳои бархоста дар бораи эҳтимоли боло рафтани нарху наво дар сурати бастани базаҳо ва дӯконҳои фурӯши меваву сабзавотро, ки дар онҳо асосан муҳоҷирон аз Қафқозу Осиёи Марказӣ кор мекунанд, рад кард.
Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия таҷаммӯъ(сход)-и мардум барои баррасии масоили муҳим, аз ҷумла мавзӯъи муҳоҷират дар нуқоти мухталифи ин кишварро тарафдорӣ кардааст. Ин дар ҳолест ки ошӯбҳои Бирюлёво маҳз аз чунин як “сход” шурӯъ шуда буд.
Ҳамин тавр, бино ба хабарҳо, рӯзи ҷумла дар шаҳраки Любертсии вилояти Маскав 78 нафар, ағлаб ноболиғон, дар ҳоле дастгир шуданд, ки чӯбу калтакҳо дар даст ба “шикор”-и муҳоҷирон мерафтанд. Расонаҳои русӣ мегӯянд, 60 нафар аз ин издиҳом ноболиғон буданд ва онҳо мехостаанд интиқоми як зани руси маҳаллиро, ки гуфта мешавад, се муҳоҷири қирғиз ба номусаш таҷовуз кардаанд, бигиранд. Ин се гумонбарро дастгир кардаанд.
Тазоҳурот ба ҳимоят аз як хонаводаи лӯлиён
Ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Русияро ба сӯъиистифода аз афкори ҷомиа барои таблиғи ташдиди бештари сиёсати муҳоҷират айбдор мекунанд. Нашри оморҳое, ба мисли инки “ҳар куштори панҷум ва ҳар мавриди сеюми таҷовуз ба номус дар Маскав аз сӯи муҳоҷирон содир мешавад,” аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчун бахше аз ин маъракаи зоҳиран ҳадафмандонае дониста мешавад, ки бештар шӯрондани мардум ва талқини бештари назари манфӣ нисбат ба муҳоҷирон дар зеҳни ҷомиаро ба ҳадаф дорад.
Қабл аз ошӯбҳои Бирюлёво як назарсанҷии ду моҳ пеши ВЦИОМ маълум кард, ки 69 дар сад ёаз се ду ҳиссаи мардум дар Русия нисбат ба муҳоҷирон назари манфӣ доштанд. Баъди ин ошӯбҳо шумори чунин мардум ҳатман бештар шудааст, мегӯянд ҷомиашиносон. Бино ба назархоҳии дар ҳамин рӯзҳои охир доиркардаи сомонаи newsru.com, танҳо 5,4 дарсади пурсидашудаҳо нисбат ба муҳоҷирон назари мусбат ва 12,8 дарсад назари бетарафона баён кардааст. 81,8 дарсад гуфтааст, ки нигоҳи онҳо ба мардуми омад манфист.
Ҳомиёни ҳуқуқ дар пасманзари ошӯбҳои Бирюлёво ва мавҷи нави шиорҳои зидди муҳоҷирон дар Русия ин ҳама ҳаяҷони бархостаро бо як қазияи дигар – ихроҷи як хонаводаи лӯлиёни косовоитабор аз Фаронса - муқоиса мекунанд. Ихроҷи аъзои ин хонавода, бахусус аз дохили дарс ва аз байни ҳамсинфонаш канда бурдани духтари ноболиғи онҳо мавҷи эътирозҳои густарда дар Фаронсаро дар пай дошт.
Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, чунин шеваи бархӯрд ва ҳамдардӣ бо мардуми муҳоҷир, ки аксаран бо талаби як рӯзи беҳтаре пой ба қаламрави Русия мегузоранд, барои чӣ мақомот ва чӣ ҷомиаи ин кишвар, бо вуҷуди ҳамеша дам аз тааллуқ доштани худ ба тамаддуни аврупоӣ заданаш, маррае ҳанӯз дастнорас боқӣ мемонад.