Пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб хукпарвариро дар дохили пойгоҳ қатъ намуда, бо Идораи коммуналии ин шаҳр барои кашондани партобҳояш шартнома бастааст.
Дар гузашта фаъолияти ин хукхона ва партофтани партобҳо дар рӯдхонаву роҳҳоро сокинон танқид карда буданд. Аз дохили ин партобҳо борҳо маводи тарканда пайдо шуда ва боиси куштаву захмӣ шудани сокинон гардида буд.
Нуралӣ Муродалиев, директори Идораи коммуналии шаҳр мегӯяд, шартнома бо пойгоҳ тозагӣ ва бехатариро таъмин мекунад, зеро кормандони ин идора партобҳоро безарар намуда, дар партобгоҳи вижа ҳавола медиҳанд. Ҷаноби Нуралиев гуфт, "худашон омада бо мо шартнома бастанд ва ҳоло ба кор сар кардаем. Ба сари ҳар куби партоб онҳо ба мо пул пардохт мекунанд. Пештар дар роҳҳо мепартофтанд ва назди биноҳояшон дар дохили пойгоҳ пури партоб буд. Ҳоло дохили ин пойгоҳ хеле тоза шудааст."
Ин дар ҳолест, ки сокинони ҷамоати Кӯлоб борҳо аз рехта шудани партобҳои ин пойгоҳ дар рӯдхонаи Ёхсӯ ва роҳи ин ҷамоат шикоят карда буданд. Ҷамила Комилова, як сокини ин ҷамоат, мегӯяд, борҳо ба ин амали низомиёни рус шоҳид будааст: "Бо ҳамон мошинҳои калон оварда дар сари роҳ мерехтанд ва ё дар об. Дар дохили партобашон ҳамаи чизи бадбӯй буд. Ҳарчанд мегуфтем, онҳо гӯш намекарданд."
Аммо Қурбоналӣ Назаров, сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, кормандони ин пойгоҳ худсарона ин корро мекарданд ва раҳбарияташон аз амали онҳо огоҳӣ надошт: "Мо як мошинашонро боздошт кардем, ки партобҳоро дар лаби дарёи Ёхсӯ мерехт. То ҳамон вақт ба гардан намегирифтанд ва мегуфтанд, ки мо ин корро намекунем. Мо ба раиси шаҳр ва намояндагони пойгоҳ маълумот додем ва протокол тартиб додем. Баъд аз ин ислоҳ шуданд ва дигар партобҳояшонро дар ҳар ҷо намепартоянд."
Акнун, тибқи ин шартнома, партоби онҳоро танҳо Идораи коммуналии шаҳр берун мекунад. Ин шартнома ҳам дар ҳолест, ки мӯҳлати будубоши низомиёни рус дар хоки Тоҷикистон то 30 соли дигар дароз карда шудааст.