Дар остонаи нишасти вазирони дифоъ мақомоти рус ҳамоно мавзӯи пойгоҳи 201-ро матраҳ мекунанд.
Мушкилоти марбут ба тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон ба ҳузури нирӯҳои азими амрикоӣ дар минтақа вобаста аст, гуфт муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин. Рӯзи чоршанбе дар як нишасти матбуотӣ ин намояндаи собиқи Русия дар НАТО гуфт, ки ҳузури воҳидҳои низомии НАТО дар ҳамсоягии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон “як омили таъсиргузор” шудааст. “Дар ҳоли ҳозир омили мазкур фазои номусоид ва ғайри қобили пешбинӣ эҷод кардааст”, мегӯяд вай. Бо чунин изҳорот Рогозин вуҷуди мушкилот дар музокироти атрофи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистонро шарҳ дод.
Ду ҳафтаи ахир мақомоти баландпояи Русия бо пахши изҳороти мухталиф дар робита бо "ояндаи норӯшани" пойгоҳи низомии ин кишвар дар хоки Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Русия Владимир Чиркин нахустин генерале буд, ки ҳафтаи гузашта гуфт, ҷараёни музокироти марбут ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия “бо сахтӣ пеш меравад”. Баъдан Николай Макаров, сардори Сарситоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия шартҳои Тоҷикистонро барои тамдиди даҳсолаи пойгоҳ дар хоки ин кишвар “ғайри қобили қабул” номид ва мақомоти Тоҷикистонро дар он муттаҳам кард, ки баҳси атрофи пойгоҳро ба як “тиҷорати шарқӣ” табдил додаанд. Дирӯз дар изҳороти Николай Макаров гуфт, дар чунин шароит Русия аз сармоягузории пойгоҳи 201-ум худдорӣ мекунад.
Дар посух ба ин интиқодҳо, Вазорати дифои Тоҷикистон изҳороти ахири мақомоти Вазорати дифои Русияро “беназокатии сиёсӣ” номида, таъкид кардааст, ки ҷараёни музокирот “хеле хуб” идома дорад. Интизор меравад, ки баҳси сари пойгоҳ дар дар ҳошияи нишасти вазирони дифои Ҷомеаи кишварҳои Ҳамсуд дар Калининград миёни вазирони Русия ва Тоҷикистон - Анатолий Сердюков ва Шералӣ Хайруллоев баррасӣ шавад.
Ин манбаи дар вазорати дифои Русия ба Итар-Тасс гуфтааст: "Эҳтимолан дар ин нишаст сарнавишти пойгоҳ ҳал мешавад"
Рӯзи 5 июл дар шаҳри Калинингради Русия нишасти 62-юми раҳбарони вазоратҳои дифои кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ барпо мешавад, ки дар кори он, аз ҷумла, Шералӣ Хайруллоев иштирок мекунад. Имрӯз вазири дифои Тоҷикистон ба Калининград парвоз кард.
Душанбе бо пешниҳоди Маскав оид ба тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия ба мӯҳлати 49 сол розӣ нест ва мехоҳад ин мӯҳлат дар ҳудуди 10 сол ва бо шарқи ҳатмии пардохти ҳақи иҷора муқаррар шавад.
Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004 дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо ҳамакнун сарнавишти ин пойгоҳ баъди соли 2014 ба далели онки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, норӯшан боқӣ мондааст.
Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи фирқаи 201-и ин кишвар ташкил шудааст, бо ҳафт ҳазор сарбозаш бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб меравад.