Расонаҳои Русия Равшану Ҷамшудро "зинда" карданд

«Ҷамшуд имтиҳон месупорад», «Равшан рафт, Ҷамшуд монд», “Дар Русия миллати “ҷамшудҳо” иваз мешавад”... Нашрияҳои Русия қаҳрамонҳои тақрибан фаромӯшшудаи “Наша Russia”-ро эҳё карданд.

“Российская газета”, нашрияи расмии ҳукумати Русия, рӯзи 6 феврал якбора ду матлаб - “«Вместо Джамшута». («Ба ҷои Ҷамшуд») ва “Прощание с Джамшутом. Отъезд мигрантов изменил ситуацию на рынках» («Видоъ бо Ҷамшуд. Хуруҷи муҳоҷирон вазъи бозорро тағийр дод»)-ро нашр кардааст.

Рӯзномаи «Комсомольская правда» аз як маркази супурдани имтиҳони забони русӣ гузорише чоп карда, ба он «Ҷамшуд талоши супурдани имтиҳонро мекунад» сарлавҳа гузоштааст. Рӯзнома аз ин пеш дар робита ба имтиҳони забони русиву ташхиси тиббии муҳоҷирони корӣ навиштааст, ки «акнун Ҷамшуду Равшанҳо сиппа-сиҳату доно мешаванд – ба давлат коргарони аблаҳ чӣ лозиманд?»

Сомонаи Верстов.инфо навиштааст, дар сирки Магнитогорск нахустин бор ҳунарнамоии ду уштур баргузор гардид, ки ба исми муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ Равшан ва Ҷамшуд номгузорӣ шудаанд.

Сардабири сомонаи «Форум.мск.» Анатолий Баранов ҳатто дар як матлаб дар бораи пардохт нашудани маоши сармуррабии собиқи дастаи футболи Русия Фабио Капелло ҳам сӯи тоҷикҳо санг андохтааст: “Дар мо, зимнан, ҷомеаи ватанпарастон ҳамеша ҳисоб мекунад, ки гастарбайтерҳо чӣ миқдори “доллари руси”-ро ба қишлоқҳояшон мебаранд. Аниқтараш, мебурданд – ҳозир хуруҷи оммавии Равшанҳову Ҷамшудҳо шурӯъ шудааст ва, аз ҷумла, шаҳри Петербургро сеяки бародарони собиқ тарк кардаанд”.

Ҳатто сомонаи islamnews.ru дар матлабе оид ба манъи вуруди шаҳрвандони Русия бо шиносномаҳои дохилӣ ба Украина зери акс таъкид кардааст, “замоне расидааст, ки Равшану Ҷамшуд миллаташонро тағийр диҳанд".

Равшан ва Ҷамшуд - қаҳрамонони барномаи танзомези “Наша Russia”-анд, ки ба гуфтаи муаллифонашон, симои умумии муҳоҷирони кории хориҷист, вале дар Тоҷикистон бисёриҳо ин ду симоро таҳқире ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия унвон мекунанд. Нашри филмҳо дар бораи Равшану Ҷамшуд дар “Наша Russia” дар пайи эътирозҳои матбуот, блогнависон ва мақомоти Тоҷикистон қатъ шуд. Раёсати диаспораи арманиҳои Русия низ аз рӯҳияи нажодпарастона ва бегонабадбинии намоишҳои "Наша Раша" эътирози шадид баён карда, аз бозигарон ва коргардонҳои он, ки асосан арманитаборанд, талаб намуд, арманиҳоро бо тоҷиконро ҷанг наандозанд. Илова бар ин рӯйдодҳои Украина дар оғози соли 2014 расонаҳои русиро водор намуд, нисбати намояндагони ақвоми дигар каме бо эҳтиёт бошанд. Ба ин сабаб номи Равшан ва Ҷамшуд муддате ба гӯш намерасид.

Светлана Ганнушкина

Аз нигоҳи таҳлилгарон, дубора сари забони расонаҳои Русия омадани номҳои Равшану Ҷамшуд бо тағйири қавонини будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия бастагӣ дорад. Баъзеҳо ҳадс мезананд, ки шояд ҳадаф аз сарлавҳаҳо ва истифодаи ному Равшану Ҷамшуд дар матн – фақат ҷалби таваҷҷӯҳи хонандагон бошад. Вале Светлана Ганнушкина, ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар, бо ин “тавзеҳ” розӣ нест ва мегӯяд, ки нашри матлабҳои таҳқиромез дар бораи муҳоҷирон – “нафратовар ва баёнгари малакаву фаросати хабарнигорон аст”. “Инро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон демократия хонд, зеро дар кишварҳои демократӣ ба таҳқири инсон аз рӯи мансубияти қавмӣ иҷоза намедиҳанд”, меафзояд мусоҳиби мо.

Хонум Ганнушкина мутмаин аст, ки мақомоти Тоҷикистон набояд ин гуна таҳқири шаҳрвандонашнро бепосух гузоранд. Ӯ дипломатҳои ветнамиро намуна меоварад, ки соли гузашта баъд аз ҷой кардани шаҳрвандони кишварашон дар қароргоҳи муваққати Голяново унвони Вазорати умури хориҷии Русия номаи эътирозӣ фиристоданд. “Дипломатҳои ветнамӣ гуфтанд, ки мо ҳампаймони сиёсием, чаро шумо бо шаҳрвандони мо ин гуна муносибат мекунед? Пас чаро Тоҷикистон, ки ба фикри ман, ба Русия назар ба Ветнам наздиктар ва шарики стратегӣ аст, ба ҳамон лаҳн эътироз накунад?” Ба гуфтаи мусоҳиби мо, нашри матлабҳо бо лаҳни таҳқиромез дар бораи муҳоҷирон ба осиёби миллатгароҳо об мерезад, ки "боиси афзоиши ифротгароӣ ва таҷовузкорӣ дар ҷомеа мешавад”.

Алексей Малашенко

Алексей Малашенко, масъули яке аз барномаҳои Маркази Карнегии Маскав, мегӯяд, ки ба эҳёи лаҳни таҳқиромези расонаҳо дар баробари муҳоҷирони корӣ таваҷҷӯҳ накардааст, вале ин гуна лаҳн ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Аз нигоҳи ӯ, дубора дар маркази диққати расонаҳо қарор гирифтани мавзӯи муҳоҷират бо тағйири қавонини будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия бастагӣ дорад ва ҳоло нашрияҳо пеш аз ҳама рӯи он тамаркуз мекунанд, ки муҳоҷирон ба ватанашон бармегарданд ва маълум нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо дубора азми Русия хоҳанд кард. Дуввумин мавзӯи муҳим, аз нигоҳи ӯ, ноомодагиҳои сохторҳои давлатии Русия ба омӯзонидани забони русӣ ба муҳоҷирон аст.

Вале оё лаҳни таҳқиромези расонаҳо боиси таниши бештар дар ҷомеаи Русия ва хушунат алайҳи шаҳрвандони Қафқону Осиёи Марказӣ нахоҳад шуд? Алексей Малашенко дар посух ба ин суол мегӯяд, гумон аст, ки вазъ аз ҳозира дида бадтар шавад. Ҳамзамон ӯ меафзояд, “минтақаҳое, ки миёни мардуми маҳаллӣ ва муҳоҷирони корӣ низоъҳо сурат мегиранд – Маскав, Петербург, вилояти Ханти-Мансӣ ва Ямалу Ненетс боқӣ мемонанд, аммо мардум на аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, балки бештар аз қафқозиҳо нороҳатанд”.

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Вера Алперович, яке аз масъулони маркази “Сова” дар шаҳри Маскав бар ин аст, ки Кремл то ҳол як сиёсати мушаххас дар бораи муҳоҷират ва дар бораи равобити байни миллатҳоро таҳия накардааст, аз ин рӯ расонаҳо ва садову симо ҳарчиро, ки зарур мехонанд, нашру пахш мекунанд. Хонум Алперович меафзояд, ки “лаҳни таҳқиромези расонаҳо ба оташи таҳаммулнопазирӣ равған намерезад ва аммо бо пайваста ҳезум андохтан намегузорад, ки ин оташ хомӯш шавад”.

Ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, бар пояи омори расмӣ, сатҳи хушунати қавмӣ дар Русия андаке пойин рафтааст, аммо далелҳои зиёди ҳамлаҳо бар пояи адовати миллӣ ошкор намешаванд, то тасаввуре ҳосил шавад, ки “дар мо фашизм нест, фашистҳо фақат дар Украинаанд”. “Вале ман ба тағйир ёфтани афкори ҷомеа дар мавриди муҳоҷирон ва каму беш таҳаммулпазир шудани мардум сахт шубҳа дорам,” меафзояд мусоҳиби мо.

Ризо Саҷҷодӣ, сафири пешини Эрон дар Русия, шояд баъд аз лаҳни таҳқиромези расонаҳо нисбати муҳоҷирони корӣ, маҷбур шуд, ки ба мардум кӣ будани Ҷамшуд, яъне Ҷамшедро тавзеҳ кунад. Ӯ дар матлабе дар блогаш дар “Live journal” таъкид кард, ки Шоҳ Ҷамшед маъруфтарин қаҳрамони достонҳои эронист ва эрониҳо ҳатто Персеполисро баъд аз садсолаҳои тахриб шуданаш “Тахти Ҷамшед” номгузорӣ карданд. “Ҳамчунин “Ҷоми Ҷамшед” низ маъруф аст, ки дар он, бар пояи ривоятҳо, тамоми оламро дидан имкон дошт (ва он лабрез аз оби ҳаёти абадӣ буд)”, навиштааст дипломати эронӣ. Ризо Саҷҷодӣ навиштааст, ки образи Шоҳ Ҷамшед Фирдавсии Тусиро барои эҷоди “Шоҳнома”-и бузург илҳом бахшидааст ва шоири бузург Ҷамшедро чаҳорумин шоҳи олам хонда буд... Манзур -- "аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ", яъне номи фардеро чун шоҳ Ҷамшед набояд ба масхара кашид. Вале гумон аст, ки рӯзномаҳои Русия ин паёми дипломати эрониро пайхас карда бошанд...