Шаллоқ дар хонаводаҳои Русия қонунӣ мешавад

Думаи давлатии Русия тарҳи қонуни баҳбарангезро, ки дар ҷомеаи Русия ҳамчун қонуни "шаллоқ" ёд мешавад, дар хониши дуюм тасвиб кард. Бар поияи ин тарҳ шахсе, ки бори аввал ба сари аъзои оилааш даст мебардорад, на аз рӯи қонуни ҷиноӣ, балки аз рӯи қонуни маъмурӣ баррасӣ мешавад. Тарҳи қонун баъди хониши сеюм ва имзои раиси ҷумҳур ҳукми иҷро мегирад.

Вакилони мудофеъ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба ин қонун мухолифат мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ин тасмим қурбониёни муноқишаҳои оилавиро беҳимоят мегузорад. Тибқи омор тақрибан нисфи ҷиноятҳои марбут ба хушунати хонаводагӣ дар Русия аз оила сар мезананд. Ҷонибдорони тарҳи қонун мегӯнд, ки он барои ҳифзи арзишҳои суннатии оиладорӣ зарур аст.

Бо қабули ин қонун ҳукумат аз “таҷовузкор”, на қурбонӣ ҳимоят мекунад. Созмони "Стоп насилие"

Тарҳи қонуни нав, ки 11 январ бо иттифоқи оро дар аввалин ҷаласа ба тасвиб расид (Ҳизби коммунистии Русия аз овоздиҳӣ худдорӣ ва Игор Лебедев, намояндаи Ҳизби либерал-демократ ба ин қонун мухолифат кард), зери латукӯб гирифтани “афроди наздик”-ро аз ҷурми ҷиноӣ ба қатори ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мегузаронад. Ба ин тартиб, агар ин тарҳи қонун қабул шавад, ба ҷои ду соли зиндон муҷримон аз 5 то 30 ҳазор руб ҷарима мешаванд, ба кори ҳатмии то 120 соат ҷалб ва ё ба мӯҳлати аз 10 то 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта мешаванд.

Ин бори аввал нест, ки қонунгузорон талош мекунанд, ки зарбу латро аз категорияи ҷиноятҳои ҷиноӣ берун кунанд. Тобистони соли 2015 Додгоҳи олии Русия қонунеро ба тасвиб расонд, ки мувофиқи он пешниҳод шуд, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои латукӯб ҷавобгарӣ таъйин шавад.

Дар ҳамин ҳол созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон шадидан мухолифи қабули ин тарҳи қонун садо баланд карданд. Созмони Авфи байналмилал аз намояндагони Думаи давлатӣ даъват кардааст, ки қонунро рад кунанд. Фаъолон мегӯянд, ки дар сурати аз кодекси ҷиноятӣ хориҷ кардани латукӯб дар оила қурбониёни хушунати хонаводагӣ бидуни ҳимоят мемонанд ва омилони он аз ҷавобгарӣ мегурезанд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, ки қабул шудани ин тарҳи қонун Русияро ба ақиб мекашад ва шумори “қурбониёни хушунат афзоиш меёбад”. Юлия Горбунова, пажӯҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, “изҳорот дар бораи он ки латукӯби наздикон нишонаи “арзишҳои оилавӣ” мебошад, нангин аст”.

Тибқи омори ин созмони байналмилалӣ, наздик ба 40 дарсади ҷиноятҳои хушунатомези Русия дар хонавода рух медиҳанд. Афзун бар ин, бар асоси омори Дидбони ҳуқуқи башар, 80 дарсади ҷиноятҳо нисбати занон аз сӯи шавҳаронашон сар мезананд.

Ҳизби “Яблоко” низ аз вакилон даъват кардааст, ки ин тарҳи қонунро қабул накунанд, ҳарчанд дар иттилоияи ин ҳизб омадааст, ки “шаке нест, ки ин қонуни хатарнок қабул мешавад”. Ба назари аъзои ҳизби “Яблоко”, ба ҷои қонун дар бораи аз ҷиноят хориҷ кардани латукӯб дар оила бояд қонун дар бораи ҷавобгарӣ барои хушунати хонаводагӣ қабул мешуд.

Алена Попова, бунёдгузори ҳаракати “Стоп насилие”, ки дар рӯзи аввали баррасии қонун гуфтааст, бо қабули ин қонун ҳукумат аз “таҷовузкор”, на қурбонӣ ҳимоят мекунад. Ба гуфтаи хонум Попова ба ин тартиб Русия хушунатро як чизи маъмулӣ маҳсуб мекунад.

Аксари қурбониҳои хушунат занон ва кӯдаконанд

Инчунин дар пойгоҳи интернетии “Change.org” алайҳи ин тарҳи қонун даъвате садо додааст, ки беш аз 225 ҳазор нафар аз он ҷонибдорӣ кардааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Русия қасд доранд 28 январ дар майдони “Болотная” тазоҳурот кунанд, аммо дархости онҳо аз сӯи шаҳрдории Маскав рад шудааст. Ин гуруҳи эътирозӣ бори дуввум барои барпо кардани гирдиҳамоӣ дубора дархост додааст ва дар сурати ризоияти шаҳрдорӣ, 4 феврал дар боғи “Соколники” ҷамъ мешаванд.

Тибқи назарпурсии моҳи январи Маркази омӯзиши афкори умуми Русия, 79 дарсади шаҳрвандони ин кишвар ҳаргуна ҳаракати хушунатомезро дар оила ғайри қобил қабул донистаанд. Аммо, 59 иштирокдорони ин назарпурсӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ, на ҷиноӣ ҳимоят кардаанд.

Радио Свобода