Чархи рӯзгор муҳоҷирони тоҷик аз рустое дар ҷануби Тоҷикистонро ба ҷангалистоне дар Русия партофтааст ва филми "Гости" ё "Меҳмонон"-и коргардони рус Алексей Суховей достони зиндагии талху ширини онҳоро то Аврупо овард.
"Меҳмонон" яке аз 250 филми мустанаде буд, ки дар поёни моҳи октябр дар ҷашнвораи инак 19-уми филмҳои мустанад дар шаҳри Йиҳлаваи Ҷумҳурии Чех намоиш дода шуд.
Рене Кубасек, намояндаи расмии ҷашнвораи филмҳои мустанади Йиҳлава дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, "ин бори аввал аст, ки дар ин ҷашнвора филме дар бораи тоҷикон намоиш дода мешавад. Ва бояд бигӯям, ки филми “Меҳмонон”-и Алексей Суховей ба бахши “Байни баҳрҳо” – яке аз мӯътабартарин бахшҳои ҷашнвораи Йиҳлава роҳ ёфтааст. Дар ин бахш беҳтарин филмҳои мустанад аз Аврупои шарқӣ ва Шӯравии собиқ намоиш дода мешаванд ва ҷашнвораи Йиҳлава даричаест барои роҳ ёфтани ин филмҳо ба бозори телевизионҳои Ғарб. Ва мо хеле хушнудем, ки филми “Меҳмонон” дар Йиҳлава намоиш дода шуд."
"Меҳмонон" нахустин филми пурраметражи Алексей Суховей, коргардони 36-сола бо дипломи ҳам Академияи низомии ҳандасаи кайҳонии Петербург ва ҳам мактаби филмҳои мустанади Марина Разбежкина аст, ки бо кумаки молии ширкатҳои продюсерии Фаронсаву Олмон (The Kingdom and Platforma Production) тайи се сол – аз 2011 то 2014 – рӯи навор овардааст.
Ҷашнвораи Йиҳлава ба намоиши ҷаҳонии “Меҳмонон” оғоз гузошт, вале ин филм қаблан дар ҷашнвораи “Артдокфест” ва бахусус дар ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ, ки моҳи сентябр дар Қазон гузашт, сарусадои зиёде ба по карда буд.
Алексей Суховей дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Йиҳлава гуфт, ҳадафаш аз ин филм бидуни ягон каму кост тасвир кардани рӯзгори қишри муҳоҷир дар Русия буд. "Ман ҳамроҳи онҳо будам, зиндагиашонро наззора мекардам, ҳамроҳашон ғизо мехӯрдам, дар хонаашон хоб мерафтам," -- гуфт ӯ.
Қаҳрамонҳои филм сокинони як русто дар ҷануби Тоҷикистонанд, ки чархи рӯзгор онҳоро ба ҷангалистоне дар 160-километрии пойтахти Русия партофтааст ва онҳо инҷо бо дарахтбурӣ асбоби зиндагии хонаводаҳои худро ба даст меоранд. Ин мардум баъди чанд соли кору зиндагӣ дар ин гӯшаи Русия бисёре аз одатҳои мардуми маҳаллиро аз худ кардаанд ва барои мисол, дар нӯшидани шаробу дашном додан аз сокинони инҷо дигар кам намеоянд.
Бисёрии онҳо дар баробари зану фарзанде, ки дар Тоҷикистон доранд, дар инҷо ҳам соҳиби зану фарзанд шудаанд, бо мардуми маҳаллӣ равуо ва додугирифт доранд, вале тавре коргардон мегӯяд, боз ҳам барои ин мардум худӣ нашуданд, бегона ё "меҳмон" боқӣ монданд.
Алексей Суховей мегӯяд, "ман намунаҳои мухталиферо дидам. Мавриде буд, ки ба “Ёрии таъҷилӣ” занг заданд ва онҳо аз лаҳни гуфтугӯяш хориҷӣ будани муроҷиаткунандаро фаҳмида, аз фиристодани табибон даст кашиданд. Вале мавриде ҳам буд, ки яке аз қаҳрамонони филм бо айби худ, на бо айби корфармо, ҷароҳати сахт бардошт ва дар дами марг қарор дошт ва корфармои рус аз ҳисоби худаш пули табобати ин коргарро пардохт ва амалан ӯро аз марг наҷот дод."
Дар филм саҳнае ҳаст, ки корфармои руси муҳоҷирони тоҷик 50-солагиашро бо онҳо ҷашн мегирад, вале вақте дар телефон ба касе мегӯяд, ки “пеши “чуркаҳо” нишастаам”, яке аз муҳоҷирон дармегирад, ки мо чӣ бадие ба ту кардем, ки моро дар рӯямон “чурка” меномӣ?”
Ҳар сол беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба муҳоҷират ва асосан ба Русия мераванд. Ин мардум солона ба Ватан то 4 миллиард доллар пул мефиристанд ва ин пулҳо як омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин кишвар шумурда мешавад.
Филми “Меҳмонон” аз ин қисса мекунад, ки оё ин пул дар Русия дар баҳои чӣ азобҳое ба ҷайби ин муҳоҷирон меояд? Алексей Суховей, коргардони филм мегӯяд, рафтори қаҳрамонҳояш дар Тоҷикистон ва дар Русия хеле фарқ мекунад: “Вақте ман ба наворгирӣ сар кардам, онҳо ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ буданд ва ин тарзи рафтори онҳоро муайян мекард. Онҳо талош мекарданд, бо пулис рӯбарӯ нашаванд, худро ҳақиру беҳуқуқ мешуморанд ва маъмулан дар худ фурӯ мераванд. Худро амн ҳис намекарданд. Вале вақте ба Тоҷикистон бармегаштанд, онҳо зуд дигар мешуданд ва ба қавле, ба хӯҷаин табдил меёфтанд. Ҳар кадоми онҳо соҳиби хонаи хуб аст, бархеаш ҳатто чандмошинӣ дорад.”
Коргардон мегӯяд, қаҳрамонҳояш дар Русия аз нигоҳи маишӣ гӯё роҳаттаранд ва бар фарқ аз Тоҷикистон, барои мисол, бо обу газу барқ дар инҷо таъминанд, мерақсанд, механданд, ид мекунанд, вале ёди Ватан ва ғами ҷудоӣ аз пайвандон ҳамеша бо онҳост.
Алексей Суховей мегӯяд, филми нави ӯ, ки соли оянда бояд рӯи навор биояд, низ дар бораи Тоҷикистон аст. Ин филм достони кӯдаконе аз Норак аст, ки барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ барои роҳсозони чиноӣ аз кӯҳу пушта сангпушт ҷамъ мекунанд.
Суховей мегӯяд, тайи се соли сохтани филми “Меҳмонон” қаҳрамонони он ба дӯстони хеле наздикаш табдил ёфтанд ва вақте барои бардоштани филми нав ба Тоҷикистон меравад, ҳатман саре ба онҳо ҳам хоҳад зад: “Ҳатман. Мо дар наздикиҳо навор мегирем ва ман ҳатман ба аёдати онҳо хоҳам рафт.”
Аз наздикии коргоҳе, ки қаҳрамонҳои филм кор мекунанд, роҳи оҳан мегузарад ва пайваста садои убуру мурури қатор ба гӯш мерасад. Ҳамчун рамзи дар ин мулк меҳмон будани ин мардум ва ногузир расидани рӯзе, ки бояд бо яке аз ин қаторҳо ба Ватани худ баргарданд.
Дар поёни филми “Меҳмонон” лаҳзае ҳаст, ки яке аз қаҳрамонон билофосила баъди ба боғча гусел кардани кӯдаку ҳамсари русаш ба ҷамъ кардани ҷомадонаш шурӯъ мекунад, то пеши зану фарзандони дигараш ба Тоҷикистон баргардад.
Филм бо саҳнаи ба зодгоҳаш расидани яке аз қаҳрамонҳояш ба поён мерасад. Ҳамин лаҳза ҳусни анҷоми “Меҳмонон” аст, ки тамошобини аврупоиро дар ҷашнвораи Йиҳлава ба риққат овард ва шояд фикри як қисми мардумро дар бораи муҳоҷирон тағйир дод.
ВИДЕОГУЗОРИШ БО САҲНАҲОИ ФИЛМИ "МЕҲМОНОН"
(Наворбардор Ҳабибуллоҳ Нуриддинов)
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад