Сергей Лисовский: Тоҷикистон ҳанӯз ҳам худро як бахши Русия мешуморад

Сергей Лисовский, ноиби аввали раиси Кумитаи кишоварзии Шӯрои Федератсияи Русия

Сергей Лисовский, ноиби аввали раиси Кумитаи кишоварзии Шӯрои Федератсияи Русия ва шореҳи телевизионӣ, гуфтааст, Тоҷикистон ҳанӯз ҳам худро қисмате аз Русия мешуморад.

Сергей Лисовский, ноиби аввали Кумитаи кишоварзии Шӯрои Федератсияи Русия, тоҷиконро аз лиҳози ассимилятсия ё омезиш бо аҳолии Русия беҳтар аз чиноиҳо мешуморад ва мегӯяд, беҳуда нест, ки “Тоҷикистон ҳанӯз ҳам худро қисмате аз кишвари мо мешуморад. На ба маънои қаламрав, балки манфиатҳои умумӣ ва аз лиҳози фарҳангӣ.”

Дар шарҳи яке аз матлабҳои худ, Лисовский, ки худ шореҳи шабакаи телевизионии РБК аст, ба бунгоҳи “Хабарҳои Федератсия” гуфтааст, чиноиҳо ассимилятсия намешаванд ва беҳуда нест, ки қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон шаҳракҳои чинӣ ё “чайна-таун”-ҳо мавҷуданд. Ба ақидаи ин вакили порлумони Русия, таъсис ёфтани ҷамоаҳои маҳаллӣ дар ниҳояти амр ба низои дохилӣ ё дигар мушкилот сабаб шуда метавонад.

Сипас, ин мансабдори Шӯрои Федератсияи Русия тоҷиконро бо чиноиҳо муқоиса карда мегӯяд: “Тоҷикон хеле хуб ассимилятсия мешаванд. Дар минтақаҳои мо чунин намунаҳо хеле зиёданд. Ҷавони тоҷике меояд, бо духтаре шинос мешавад, онҳо оила бунёд мекунанд, соҳиби кӯдакон мешаванд ва ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаҳои маҳаллӣ ба сар мебаранд. Вале чиноиҳо ҳамеша ҷудогона зиндагӣ мекунанд ва агар шумораи онҳо хеле зиёд шавад, мушкил пеш хоҳад омад.”

Ба ақидаи ноиби аввали раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия дар умури кишоварзӣ, озуқа ва муҷтамаи моҳипарварӣ, ҷанбаи ассимилятсия ё дар ҳамдигар ҳал шудани миллатҳо раванди муҳимест, ки таърихан шакл мегирад ва бояд дар мавриди муҳоҷират ҷиддан дар назар гирифта шавад. “Ҳамчунин бояд ба он нигарист, ки кадоме аз қавмиятҳо деҳқон аст ва кадоме кӯчманчӣ. Агар одамон аз қадимулайём одати кишоварзӣ доштаанд – ин як чиз аст ва агар аз насл ба насл кӯчманчӣ будаву асосан бо чорводорӣ машғул шудаанд, муносибати ин ду ба замин ва кишоварзӣ гуногун аст.”

Сергей Лисовский дар идомаи суханаш, инро ҳам зикр мекунад, ки қирғизҳо низ хеле хуб бо русҳо омезиш меёбанд, аммо ӯ ҳамчун узви Кумисюни ҳамкории Шӯрои Федератсияи Русия бо Тоҷикистон, дар бораи тоҷикон маълумоти бештар доштааст. Вай шунидааст, ки тоҷикон мегӯянд, дар варзиш ҳамеша аз Русия ҳаводорӣ мекунанд. “Яъне онҳо мехоҳанд, бо мо наздик бошанд, пас биноан бояд ба онҳо такия кард, аз ҷумла дар рушди деҳот.”

Намояндаи Шӯрои Федератсияи Русия аз кори ин кумиссюн, сафарри ахири ҳайати 100-нафараи давлатии Тоҷикистон ба Русия ва барномаҳои фарҳангии ин кишвар ситоиш кардааст.

Изҳороти Лисовский дар ҳоле садо медиҳад, ки хабару видеоҳои бадрафтории мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷик ғавғоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардаанд. Дар шабакаи Ютюб навори видеоии боздошти як шаҳрванди Тоҷикистoн аз сӯи пулис дар метрои Маскав нашр шудааст. Дар он дида мешавад, ки маъмури пулис як шаҳрванди зоҳиран зодаи Тоҷикистонро ба замин афтонда, ба дастонаш завлона мезанад.

Ношири ин видео Rizvan Shoiskandarov дар шарҳи ин видео навиштааст, ки “тибқи қонун барои бебилет даромадан ба метро танҳо бояд ҷарима банданд, вале ин “рафиқ пулис” аввал шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карда, сипас ӯро ба гунаи шадиде ҳамчун як ҷинояткори хафвнок дастгир кард.”

Дар ҷараёни навор дида мешавад, ки наворбардорон, ки аз лаҳни сӯҳбаташон зоҳиран зодагони Бадахшони Тоҷикистонанд, бо маъмури пулис вориди баҳси лафзӣ мешаванд, ки чаро ин нафарро танҳо барои бебилет буданаш завлона задааст? Ва чаро худро муаррифӣ намекунад?

Ин видеоро метавонед инҷо тамошо кунед: