Саидшоҳ Ятимови 45-сола, ки соҳиби чор фарзанд аст, 5 сол инҷониб дар бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо аробакашӣ зиндагияшро пеш мебарад. Ба ин васила панҷ сол мешавад, ки ин ароба Саидшоҳу хонаводаашро аз фақр раҳо мекунад.
Cаидшоҳ мегӯяд, ки "як соли пеш кор нағз буд, мизоҷ пеши мо меомад, айни ҳол мо пеши онҳо рафта мепурсем ароба даркор ҳаст ё на. Чунки пеш савдо буд, кор ҳам буд, имрӯз на савдо ҳаст, на кор. Савдо, ки набошад, мо кор карда наметавонем. Дар ин шабу рӯз аз 10 то 15 сомонӣ ба мушкил ба даст меорем."
Ба нақли вай, бӯҳрони молӣ нисбат ба соли қабл ӯ ва дигар ҳамкоронашро ба ташвиш андохтааст. Даҳҳо аробакаши дигар мисли Саидшоҳ Ятимов дар бозори "Шоҳманcур"-и Душанбе ба мушкили аробаҳои холӣ ва мизоҷони кам мувоҷеҳ шудаанд ва ба сахтӣ пул пайдо мекунанд.
Ӯ мегӯяд, "ба ин шеваи даромад ҳатто барои худ як пойафзол харида наметавонам. Ду сол мешавад дар бозори "Шоҳмансур" кор мекунам, чунки ҳаққи рафтан ба Русияро надорам. Маблағе, ки аз ароба меёбам, ба хароҷоти хонаам намерасад. Дар Русия роҳрӯб будам ва 30 ҳазор рубли русӣ кор мекардам. Оилаамро таъмин мекардам. Ҳоло иҷоранишинам ва ба зӯр барои иҷораам кор мекунаму бас."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаш моҳ пештар аксари мардум барои бурдани бори худ то ба мошин ва ё хона аз хизмати аробакаш истифода мекарданд, ҳоло кӯшиш мекунанд, борашонро худашон баранд ва пулро камтар сарф кунанд.
Акмал Абдуллоев, як сокини пойтахт, ки барои ба бозор барои харид омада буд, мегӯяд, "айни ҳол ки қурби доллар боло рафта истодааст, зӯри мо ба 3 ё 4 кило картошкаю пиёз харидан мерасад. Агар гирем, бо даст ба хона мебарем. Чунки бори мо кам аст, эҳтиёҷ ба аробакашҳо надорем."
Даромади аробакашҳои бозор тарозуе аст, ки сатҳи иқтисодии ҷомеаро нишон медиҳад. Аробаҳои холӣ дар бозор ҳоло баёнгари як воқеиятанд, ки бӯҳрони молӣ ҳамён ва ҷайби мардумро тиҳитар мекунад. Тоҷирони бозор, ки дар ин шабу рӯз табъи хуш надоранд, ба сӯи Русия ишора мекунанд ва мегӯянд, бӯҳрон дар он кишвар ба Тоҷикистон зарба задааст ва сар аз буҷаи давлат то ба ҳамёни аробакашҳо.