Додгоҳи минтақаи Пресняи шаҳри Маскав рӯзи 2 март шаҳрванди Узбакистон Гулчеҳра Бобоқуловаро то 29 апрел ба ҳабс гирифт. Мақомоти тафтишотӣ ба ин далел, ки Бобоқулова дар сурати дар озодӣ буданаш метавонад фирор кунад ваё баёноташро бо шарикони эҳтимолиаш ҳамоҳанг кунад, аз додгоҳ ҳамчун чораи пешгирӣ ҳукми ҳабси ин занро тақозо кардааст.
Дар навори видеоие, ки Ассошиэйтед Пресс аз додгоҳи Гулчеҳра Бобоқулова нашр кард, ин зан дар посух бо суоли як хабарнигор мегӯяд, ки куштани ин кӯдакро " Аллоҳ фармон додааст." Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон эътироф кардааст, ки кӯдакеро, ки парасторӣ мекард, худаш куштааст.
Намояндаи тафтишот дар додгоҳ гуфтааст, шарикони эҳтимолии Гулчеҳра Бобоқулова ва онҳое, ки ӯро ба ин ҷинояти мудҳиш таҳрик додаанд, ҳанӯз муқаррар карда нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷустуҷӯи ин афрод идома дорад.
Алайҳи Гулчеҳра Бобоқулова бар асоси қисми дуюми моддаи 205-уми Кодекси ҷиноии Русия (қатли кӯдаки ноболиғ) парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Қонунҳои Русия барои чунин куштор ҳамчун ҷазо аз 8 то 20 соли зиндон, ё ҳабси абад ваё ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд. Аммо Русия ба ҳукми қатл мораторий эълон кардааст ва зоҳиран ба ин зан ҳадди аксар ҳабси абад таҳдид мекунад.
Тафтишот мегӯяд, Гулчеҳра Бобоқуловаи 38-сола, ки тайи якуним соли охир дар як хонавода ба ҳайси дояи духтари чорсолаи онҳо хидмат мекард, рӯзи 29 феврал баъди аз хона берун рафтани волидон ва бародари калонии ин кӯдак, “бо сабабҳои ҳанӯз номаълум ӯро кушта, хонаро оташ зад ва фирор кард.”
Худи ҳамон рӯз маъмурони пулис Бобоқуловаро дар назди истгоҳи метрои “Октябрское поле” замоне дастгир карда шуд, ки як муддат каллаи буридаи ин кӯдак дар даст алвонҷ дода, таҳдид мекард, ки ҳамаро метарконад. Аммо сапёрҳо баъди боздошти ин зан дар атроф ва дохили истгоҳи метро ягон маводи тарканда пайдо накарданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомот мегӯянд, ин зан мушкили равонӣ дорад ва мавриди ташхиси равоншиносӣ қарор хоҳад гирифт. Матбуоти Русия менависад, ки Гулчеҳра Бобоқулова баъди боздошташ аз сӯи табиби равоншинос муоина шуд ва табиб ба хулоса расидааст, ки ӯ “дар ҳолати парешонии шадиди равонӣ” қарор дорад. Гуфта мешавад, ки тафтишот вуҷуди маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ дар бадани ин зан ва ҳамин тавр, фарзияи ифротгароӣ дар ин ҷиноятро низ таҳқиқ мекунад.
Расонаҳои Русия менависанд, ки ҳанӯз дар соли 1999 табибон ба Гулчеҳра Бобоқулова диагнози шизофрения - як навъи бемории равонӣ - гузоштаанд ва ӯ чанд дафъа дар Узбакистон дар бемористони амрози равонӣ табобат гирифтааст. Хабаргузории РБК мегӯяд, ки Бобоқулова баъди чунин як табобат ба Маскав баргашта буд, вале зоҳиран бемориашро пинҳон доштааст.
Дафтари матбуоти идораи ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Маскав хабар дод, ки Гулчеҳра Бобоқулова дар поёни моҳи январ ба Русия омада, дар ҷанубушарқи Маскав худро ҳамчун муҳоҷир сабти ном кард, вале патент барои кор нагирифтааст.”
Ба гуфтаи шоҳидон, Гулчеҳра Бобоқулова рӯзи 29 феврал дар назди истгоҳи метрои “Октябрское поле” каллаи кӯдаки кушташуда дар дасташ “Аллоҳ Акбар!” гӯён нидо мекард. Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, шунида мешавад, ки ин зан бо забони русӣ, вале бо лаҳни хоси зодагони Осиёи Марказӣ таҳдид мекард, ки ӯ бомбгузори маргталаб аст: “Ман террористам. Ман мемирам, вале ҳамаи шумо ҷазо хоҳед дид.”
Ҷасади бесареро, ки бовар мебарад, ҷасади ҳамин кӯдак бошад, субҳи 29 феврал сӯхторнишонҳо дар ҷараёни фурӯ нишондани сӯхтор дар манзили волидони ин кӯдак дар Маскав пайдо карданд. Кӯдаки кушташуда, бино ба хабарҳо, мушкили рушд дошт ва роҳ гашта наметавонист. Бино ба гузоришҳо хонаводаи ин кӯдак, иборат аз худи ӯ, волидон ва бародари 15-солааш аз вилояти Орёл дар ғарби Русия буда, дар Маскав иҷора менишастанд.
Гуфта мешавад, модари ин кӯдак, ки дар як мағозаи либосҳои арӯсӣ кор мекард, баъди шунидани қатли ваҳшиёнаи фарзандаш ба бемористон интиқол дода шудааст. Падари кӯдак корманди фаннии як ширкати телефонҳои мобил будааст. Волидони кӯдак ба пулис гуфтаанд, ки ин занро 18 моҳ қабл барои нигоҳубини ӯ истихдом карда буданд.
Рӯзи сеюм аст, ки мардум дар назди манзили духтараки кушташуда ва ҳам дар назди даромадгоҳи истгоҳи метрои “Октябрское поле” ба ёди ин кӯдаки ғӯррамарг гул, шамъ ва ҳатто пуфаку бозичаву шоколад мегузоранд.