Денис Хисамов, собиқ афсари вазорати дифои Русия ва донандаи асрори давлатӣ на танҳо аз рӯи ангезаҳои идеологӣ, балки пуливу иқтисодӣ метавонист ба сафи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” бипайвандад.
Дар ин бора нашрияи русии “Коммерсант” матлабе нашр карда гуфтааст, Денис Хисамов баъди қарздор шудан дар Русия ва фишори қарздиҳандаҳо рӯ ба Сурия овардааст. Рӯзи 23 октябр вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари аз Туркия ба Душанбе истирдод шудани
Тасмими сафараш ба Сурия баъди он гирифта шуд, ки соли 2014 аз як бонки Маскав барои харидани мошини навъи BMW Х5 дар ҳаҷми 1,3 миллион рубл қарз гирифту натавонист қарзи бонкро баргардонад. Фишору таъқибҳои бонк ва нозирон ё коллекторҳо ӯро дилмонда карда буд. "Коммерсант"
собиқ капитани вазорати дифои Русия хабар дод, ки зоҳиран баъди талоши фирор аз Сурия дар хоки Туркия боздошт шуд. Ӯро як ҷангии ДИИШ меноманд, ки соли 2015 ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ пайвастааст.
ВКД гуфт, ки ин шахс бо як шиносномаи сохтаи шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуд ва ба ҳамин хотир ҳам ба ин кишвар истирдод шуд.
Баъдан мушаххас шудааст, ки ин нафар шаҳрванди 34-солаи Русия буда, ба хотири пайвастан ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба Сурия рафтааст.
Карераи муваффақ дар Русия
Нашрияи русӣ рӯзи 24 октябр навишт, ки маълум кардааст, Хисамов дар Русия омӯзишгоҳи олии низомии Краснодар ба номи Штеменкоро бо баҳои аъло хатм карда дар арсаи илмӣ ҳам корҳое анҷом додааст. Аз ҷумла, дар бахши “ҳимоят аз маълумоти хусусӣ ва технологияҳои информатсионӣ дар системаи телекоммуниктсонии соҳаи мулкиву низомӣ” корҳои таҳқиқотии илмӣ анҷом додааст.
Баъди пешрафт дар карерааш ин афсари ҷавон хадамоти ҳимояи сирри давлатиро дар Маркази илмиву техникии мушкилоти ҳифзи биологии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии микробиологияи Вазорати дифоъ дар Маскав раҳбарӣ кардааст. Ин афсар масъули назорат аз иттило ва мухобироти махфӣ будааст. Муддате дар ситоди кулл ҳам аз рӯи ҳамин ихтисос кор кардааст. Соли 2009 дар пажӯҳишгоҳи ҳифзи иттилооти Кубан кор кардааст. Зимнан ин пажӯҳишгоҳро падари ӯ – низомии донишманд Франгиз Хисамов таъсис додааст.
Дар паи се кори кори мулкӣ ӯ дубора ба Маскав бо ҳадафи кор бар рисолаи докторӣ баргаштааст ва хешовандони ӯ мегӯянд, ки ин шахси “дур аз ақидаҳои ифротӣ” бо пайвастанаш ба ДИИШ “ҳамаро шок кард”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ифротишавии Хисамов дар Маскав ва қарзи бонкӣ
Яке аз наздикони афсар ба нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, ки маҳз дар Маскав ӯ метавонист ба дин ва ақидаҳои ифротӣ дода шавад.
Аммо зоҳиран тасмими сафараш ба Сурия баъди он гирифта шуд, ки соли 2014 аз як бонки Маскав барои харидани мошини навъи BMW Х5 дар ҳаҷми 1,3 миллион рубл қарз гирифту натавонист қарзи бонкро баргардонад. Фишору таъқибҳои бонк ва истифода аз нозирони бонк ӯро дилмонда кардааст, гуфтаанд наздикон. Муайян шудааст, ки баъди ҳамон соли 2014 фурӯхтани мошин ӯ як шиносномаи қалбакии тоҷикӣ хариду ба Истамбул парвоз кард. Падараш Франгиз Хисамов ба нашрия гуфт, «бо вуҷуди карераи муваффақаш дар солҳои ҷавонӣ, ӯ натавонист бо фишори шадиди равонии нозирони бонк муқобила кунад”. Аризаи нозирон ба додгоҳ аз болои ин қарздиҳанда дар соли 2016 бо он анҷомид, ки мошини BMW Х5 ба шахси дигар фурӯхташуда аз харидори наваш мусодира шудааст.
Феълан маълум нест, ки нақши ин афсари роздон дар сафи ДИИШ аз чӣ иборат буд. Ин мавзӯъ метавонад мавриди тафтиши баъдӣ дар Русия қарор гирад. Тоҷикистон гуфтааст, ки Хисамов ба Русия истирдод мешавад.
То ҳол на вазорати дифоъ ва на дигар мақомоти Русия ба қазияи боздошту истирдоди Хисамов нашр нашудааст.
Таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст
Хабари истирдоди як афсари собиқи вазорати дифои Русия субҳи 23 октябр аз ҷониби масъулини вазорати умури дохилии Тоҷикистон пахш шуд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин шахс рӯзи шанбеи гузашта аз Туркия ба Душанбе истирдод шудааст, аммо ба далели халал нарасонидан ба таҳқиқи ҳодиса аз эъломи исми дақиқи соҳиби аслии шиносномаи тоҷикӣ худдорӣ кард.
Ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, дар шиноснома акси шаҳрванди Русия часпонида шуда буд. Вай афзуд, ки исми воқеии ин шаҳрванди 34-солаи Русия Денис Хисамов аст ва ӯро ҳанӯз моҳи апрели имсол замони фирораш аз Сурия дар хоки Туркия боздошт карданд. Ба далели дар даст доштани шиносномаи Тоҷикистон ба Душанбе истирдод шуд. Зеро, ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, мақомоти Туркия мушаххас кардаанд, ки ин мард дар ҷангҳои Сурия ба пуштибонӣ аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷангида, хостааст ба ватан баргардад. Сухангӯи ВКД Тоҷикистон дар ин робита гуфт:
«Капитан Денис Хисамов, ки ҳамзамон номзади илмҳои техникӣ мебошад. Соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон омода карда, тариқи он ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастааст. Денис Хисамов моҳи апрели соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Ироқу Сурия аз сӯи кормандони мақомоти интизомии Туркия боздошт шуда, бинобар доштани шиносномаи қалбакии Тоҷикистон, ба мақомоти тоҷик таслим карда шуд".
Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки мақомоти тафтишотии Тоҷикистон пеш аз ҳама мушаххас мекунанд, ки шиносномаи шаҳрванди ин кишвар бо чӣ роҳе ба дасти Хисамов афтодааст. "Вале дар рӯйхати мо исме, ки дар шиноснома зикр шудааст, вуҷуд надорад. Бо эҳтимоли зиёд ин шиносномаро кадоме аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия гум кардааст ва ё ба таври зӯрӣ аз соҳибаш гирифтаанд», гуфт ӯ.
Мавқеи худи Хисамов маълум нест
Маълум нест, ки мавқеъ ё назари худи марди истирдодшуда ба ин қазия чист ва то куҷо ӯ худро дар узвияти ДИИШ ва тақаллуби шиноснома гунаҳгор эътироф мекунад. Денис Хисамов аз замони истирдод дар боздошт ба сар мебарад.
Ҳукумати Русия мисли Тоҷикистон ва кишварҳои дигар гурӯҳи "Давлати Исломӣ"-ро ифротгаро ва ғайриқонунӣ эълон карда, шаҳрвандонашро барои пайвастан ба ин гурӯҳ шадидан муҷозот мекунад. Ба иттилои мақомоти русӣ, дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ҳудудан 10 ҳазор шаҳрванди кишварҳои собиқ Шӯравӣ иштирок кардаанд ва ҳудудан 4 ҳазор нафари онҳо шаҳрванди Русия мебошанд.
Русия бо ҳадафи мубориза бо ДИИШ ва пуштибонӣ аз ҳукумати Сурия дар амалиёти зидди ин гурӯҳ ҷангидааст.
Ошкоршавии бастаи шиносномаҳо дар макони ҷангӣ
Зимнан, бори аввал нест, ки дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон зимни амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ ҷинояткорон аз шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мекунанд. Дар тирамоҳи соли гузашта зимни ҳамла ба сафорати Чин дар Қирғизистон низ аз ҷасади як маргталабе, ки аз вай ба унвони ҷонибдори “Давлати исломӣ” ном бурда шуда буд, шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон пайдо карданд.
Гузашта аз ин, нирӯҳои низомии Ироқ дар ҷараёни озодсозии шаҳри Талъафар аз ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар тобистони соли ҷорӣ садҳо санад, аз ҷумла шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро пайдо кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти интизомии Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ сохторҳои интизомии Украина як ҷавони тоҷикро ба гумони узвият дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” боздошт кардаанд, ки исмаш Далер Наҷмиддинов мебошад. Аммо ӯ дар Украина бо шиносномаи узви дигари ДИИШ Бахтиёр Сатторов дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Бахтиёр Сатторов, сокини 35-солаи Фархор, соли 2014 ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ва тобистони соли гузашта дар як ҳамлаи маргталабона дар Сурия кушта шудааст. Аммо баъди бозпурсии аввалия ин фард гуфтааст, Далер Наҷмиддинов аст ва ҳангоми бозгашт аз Сурия шиносномаи Бахтиёр Сатторовро дар ивази 300 евро аз гумоштаҳои ДИИШ дар Туркия харидааст.
Зимнан, мақомоти тоҷик теъдоди умумии шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурияро беш аз як ҳазор нафар унвон мекунанд.