Калисои Русия: Муҳоҷирон, занони русро наранҷонед, ки...

Муҳаррири китоб намояндаи Калисои ортодокс ё православи Русия Всеволод Чаплин

Ҳамзамон бо ҷорӣ шудани имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва рукнҳои қонунгузории Русия барои муҳоҷирон Калисои ортодокси ин кишвар ба тарбияи онҳо шурӯъ кардааст.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо овози баланд гап назанед, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба дастҷунбонӣ роҳ надиҳед ва талотум накунед.

Инҳо бархе аз машваратҳои муфидест, ки Калисои ортодокс ё православи Русия ба муҳоҷирон додааст.

ҲАЛЛИ НИЗОЪ БО АҲОЛИИ МАҲАЛЛӢ

Ин тавсияҳо ба муҳоҷирон дар китоби дарсие ҷой дода шудаанд, ки қарор аст, ба меҳмонони Русия аз ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар супурдани имтиҳони забони русӣ, таърих ва рукнҳои қонунгузории Русия ёрӣ диҳанд. Ин имтиҳонро қонуне пешбинӣ кардааст, ки аз 1-уми январи соли 2015 бақо пайдо мекунад.

Китоби дарсии «Забони русӣ, таърих ва рукнҳои қонунгузории Русия” маводе низ дорад, “муҳоҷирон бояд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чӣ гуна рафтор ва низоъҳо бо аҳолии маҳаллӣ”-ро ҳал кунад,” менависад рӯзномаи кремлпарасти «Известия».

Бино бар он, дар нақлиёти ҷамъиятӣ “қоидаҳои асосӣ ин аст, ки баланд гап зада нашавад, ба дастҷунбонӣ ва талотум роҳ дода нашавад”.

Дар ҳолати низоъ ба муҳоҷирон тавсия дода мешавад, ки «таҳдид накунанд ва аз зӯр истифода набаранд», ва аммо «низоъро бо ёрии муколама ҳал кунанд, вагарна одамон ба шумо ҳамчуне ба душмане хоҳанд нигарист, ки бояд ҳамроҳаш на сӯҳбат кард, балки ҷангид».

Садои мусиқӣ баланд монда нашавад! «Дар рӯзҳои муқаррарӣ мусиқии баланд ва маҳфилҳои пурғавғо баданд, зеро ба кор ва истироҳати одамони дигар халал мерасонанд,» -- нақли қавл кардааст китобро «Известия».

Дар китоби таълимӣ ҳамчунин ба муҳоҷирон ҳушдор дода мешавад, ки бо занон бояд олиҳимматона рафтор кард: «Дар Русия оилаҳои бадбахт ва занони танҳо зиёданд, зеро бисёре аз мардҳо зуд мемиранд, дар ҷанг ва низоъҳо кушта мешаванд. Аммо занони рус ба худ арзиши баланд қойиланд ва арҷу эҳтиром талаб мекунанд. Агар касе онҳоро ранҷонад, хешовандони марди онҳо ва давлат онҳоро ҳимоят мекунад».

Муҳаррири китоб намояндаи Калисои ортодокс ё православи Русия Всеволод Чаплин аст, ки ин ҳафта бо як изҳороти худ таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеаро ба худ кашид. Вай гуфт, асари ҳунарии «Чашми Саурон», ки барои таблиғи филми нави «Ҳоббит» дар ҷойи намоён гузоштанӣ буданд, «рамзи шайтон»-ист.

БАРОИ ФАҲМИДАНИ РУССИЯГИҲО

Всеволод Чаплин ба рӯзномаи «Известия» гуфтааст, ки китоби дарсӣ «ба хориҷиён барои фаҳмидани руссиягиҳо зарур аст».

Бар замми машваратҳои тарзи рафтор дар китоб ҳамчунин як бахши «хӯрокворӣ» шомил шудааст. Дар он ба муҳоҷирон тавсия дода мешавад, ки навъҳои блинчикҳоро бо «гӯшт, панир, мураббо, тухми моҳӣ ва моҳии шӯр» чашанд. Афзудаҳои хӯроки шӯрбомонанди «шӣ» ва «окрошка» тафсир шуда, квас, шулла ва борш ғизоҳои «мардумӣ» унвон гаштаанд.

1700 нусхаи аввалини китоб аллакай ба созмонҳои ҷамъиятие дода шуданд, ки бо муҳоҷирон сари кор доранд. Аз он ба марказҳои омодагии муҳоҷирон ба имтиҳонҳои забони русӣ, таърих ва рукнҳои қонунгузории Русия низ расидааст.

Ба муҳоҷироне, ки аз ин имтиҳон мегузаранд гувоҳиномае дода мешавад, ки барои гирифтани иҷозаи кор зарур аст.

МУҲОҶИР -- АНДОВАЧӮБ

Талошҳои Калисои ортодокс ё православи Русия китобчаеро ба хотир меорад, ки шаҳдории Маскав барои таълими муҳоҷирон дар соли 2010 нашр карда буд. Дар он низ гуфта мешуд, ки муҳоҷирон бояд дар Русия чӣ гуна рафтор кунанд.

Ҳамчунин дар соли 2012 дар дастуре барои муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон - "Справочник трудового мигранта" («Раҳнамои муҳоҷирони корӣ») нашр шуд, ки аз маҷмӯи машваратҳои муфид барои муҳоҷирон аз ҷумла, роҳҳои бақайдгирии расмиву гирифтани иҷозати кор, роҳҳои пешгирӣ аз олудашавӣ ба ВИЧ СПИД ва муассисаҳои ёрии таъҷилӣ, ҳамчунин тасвирҳое ҷо дода шудаанд. Аммо дар он муҳоҷирон дар шакли ҷорӯб, мӯқалам, андовачӯб (шпатель) ва ғелак (валик) тасвир ёфтаанд. Ин дастур вокуниши манфии расонаҳои ахбори ом, аз ҷумла Радиои Озодиро ба миён овард ва муаллифон аз бознашри китоб худдорӣ карданд.

Бино бар омори тахминии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар соли 2013 наздик ба 12,4 миллион муҳоҷири корӣ вориди ин кишвар шудааст.