Намоиши яке аз пурбаҳстарин филмҳои ҳунарии нави русӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуд. Ин филм дар Русия мақомот ва калисои православиро муқобили аҳли эҷод гузошт. Дар Тоҷикистон ҳам дар остонаи шурӯи намоиши расмии “Матилда”-и коргардон Алексей Учител, ки аз як марҳилаи ишқварзии императори охирини Русия бо раққосаи балет қисса мекунад, рӯҳониёни калисои русӣ онро маҳкум карданд.
Николайи Дуро муаррихон аз шоҳони беиродаву хеле романтик ном мебаранд, ки соли 1918 ҳамроҳ бо тамоми фарзандонаш аз ҷониби ҳукумати шӯро террор шуд.
Рӯҳониён гуфтаанд, ки Николайи II аз ҷониби калисои провославӣ ба мартабаи шахси муқаддас бардошта шудааст ва аз ҳамин хотир, лучу урён гуфтани ҷузъиёти зиндагии хусусии ӯ, норавост. Вале бо ин вуҷуд, ин филм дар худи Русия ва рӯзи 26 октябр дар Душанбе ба намоиш даромад ва мисли бархе дигар кишварҳои пасошӯравӣ, қарор аст то 7 ноябр идома кунад.
Филми ҳунарии “Матилда”-и коргардони рус Алексей Учител махсус дар остонаи 100-умин солгарди Инқилоби болшевикӣ бардошта шудааст. Намоиши ин филм дар пайи эътирозҳои бархе аз сиёсатмадорони Русия дар манотиқи ҷудогонаи Русия, аз ҷумла, дар Чеченистон, манъ шудааст.
Дар Душанбе «Матилда»-ро дар синамохонаи “Кайҳон”-и воқеъ дар дохили маркази тиҷоратии “Ашан”-и шаҳри Душанбе дидан мумкин аст. Вале субҳи 27 октябр ба дидани он танҳо як тамошобин омада буд. Баъд аз анҷоми намоиши филм аз Дилноза Аҳмадоваи 30-сола, сокини пойтахти Тоҷикистон таассуроташ аз филмро пурсидам.
Вай гуфт: "Ростӣ аз танҳо будан дар толори синамохона ҳатто ҳарос доштам. Дар бораи таассуротам аз ин филм метавонам бигӯям, ки аслан намоиши ин филм бояд манъ карда мешуд. Зеро, дар ҷараёни ин филм ҷузъиёти маҳрамонаи зиндагии императори охирини Русия инъикос шудааст, аммо ин кор хуб нест. Ҳаёти хусусии инсон набояд дастраси умум бошад. Дар мавриди ҷиҳати ҳунарии ин филм бояд иқрор шуд, ки хеле ҷолиб наворбардорӣ шуда, тамошобин аз либоси асри гузашта ва тарзи ҳаёти он давра иттилои комил пайдо мекунад."
Дилноза гуфт, ки дар бораи ин филм аз телевизион ва интернет хабар ёфта, бисёр мехост аз аввалинҳо шуда онро бубинад. Дар маҷмӯъ, дар давоми ду рӯзи намоиши филм дар Душанбе онро на бештар аз 10 тамошобин дидааст. Сабаби инро бархе дар набуди таваҷҷӯҳи тамошобини тоҷик ба филмҳои нави сохти Русия, набуди иттилои кофӣ ва ҳам эҳтимолан начандон ҷолиб будани мавзӯъ арзёбӣ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале рӯҳониёни руси муқими Тоҷикистон қабл аз шурӯи намоиши он дар Душанбе аз мавқеи калисои провославӣ дар Русия ҷонибдорӣ карданд. Усқуф Питирим, роҳиби калисои православии Русия дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз намоиши ин филм дар Тоҷикистон шадидан интиқод кард. Вай мӯътақид аст, ки аз лиҳози ҳунарӣ ин филм арзише надорад ва ба хонаводаи императори охирини Русия, ки аз ҷониби калисо ба мартабаишахси муқаддас бардошта шудааст, тавҳвин меорад.
Вайгуфт: "Ман худ эҷодкорам ва шеър менависам. Дар гузашта ба офаридаҳои Алексей Учител қадр мегузоштам, аммо ин филм чизе ба ҷуз аз таҳқир ба хонаводаи шоҳи Русия беш нест. Ман ин филмро тамошо накардаам, вале видеои таблиғотии филмро тамошо карда ва ба хулосае омадам, ки ин филм ҳеҷ арзиши бадеӣ надорад. Мутаассифам, ки дар остонаи садумин солгарди Инқилоби октябр, ҳунармандон танҳо чунин як филми таҳқиркунанда офаридаанду халос. Бояд акнун интизор шуд, ки соли оянда дар садумин солгарди қатли хонаводаи императори охири Русия ин ҳунармандон боз чӣ асаре меофарида бошанд."
Зимнан, намоиши ҳар филм дар шаҳри Душанбе таблиғоти густурдаеро ба дунбол дорад, аммо филми “Матилда” зиёд тарғиб нашуд ва ба фарқ аз филмҳои дигар, таблиғоте дар кӯчаву хиёбон ваё шабакаҳои родиёӣ ва телевизионӣ мушоҳида намешавад. Масъулони синамохонаи “Кайҳон” низ аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карда, ҳатто вуруди хабарнигорон бо таҷҳизоти наворбардориро манъ карданд.
Филми «Матилда» қиссаи ишқи кӯтоҳмуддати Николаи II ва раққосаи балет Матилда Кшесинкаяро қисса мекунад, ки аз назари як таҳлилгари масоили фарҳангии Радиои Озодӣ Константин Лвов, зоҳиран як шахси муносибтар ба мақоми ҳамсари шоҳи охирини Русия арзёбӣ шудааст. Николайи Дуро муаррихон аз шоҳони беиродаву хеле романтик ном мебаранд, ки соли 1918 ҳамроҳ бо тамоми фарзандонаш аз ҷониби ҳукумати шӯро террор шуд.
Зиндагии Матилда дар Париж идома ёфт ва ӯ тавонист бо яке аз дигар хешовандони шоҳ оиладор шуда, 99 сол умр бинад. Таҳлилгар Константин Лвов мегӯяд, ранҷидани тарафдорони императори охирини рус ва ҷонибдорони арзишҳои ахлоқӣ аз филм ҷоиз нест, чунки ин намоишнома як асари ҳунарие беш нест ва агар дар филм исми воқеии аъзои хонаводаи шоҳ истифода намешуд, кам касе аз тамошобинон дарк мекарданд, ки ин қисса аз зиндагии шоҳи охирини Русия қисса мекунад.